Омӯзгор ва фазилати инсонгарии ӯ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 1 329
Дар яке аз мактабҳо муаллимае хост, ки ҳавасмандии шогирдонашро нисбат ба инсонгарӣ ва фазилати инсонӣ зиёд кунад.
Назди худ қарор кард, ки барои онҳо имтиҳоне ташкил месозад ва ҳар касе, ки бехато ва зебо иҷро кунад, баҳои аъло мегирад. Имтиҳон чунин буд: шогирдон (кӯдакон) бояд, аз рӯйи инсонӣ як дона пойафзоли зебо ва рамзӣ, ки дар назди муаллима буд, барои ба даст оварданаш матни зебо бе хатогӣ бинависанд.
Кӯдакон аз ин имтиҳон ва ё бозӣ лаззат мебурданд. Ҳама ба навиштан шуруъ карданд. Пас аз ҷамъоварии коғазҳо, муаллима бидид, ки кулли кӯдакон матни зебо навиштаанд, муаллима маҷбур шуд, ба ҳама баҳои аъло гузорад.
Бозӣ ба анҷом расид, ҳама баҳои аъло гирифтанд, аммо бояд ин туҳфаро як нафар ба даст орад. Аз ин рӯ муаллима роҳи ҳаллро пайдо кард. Бояд кӯдакон дар варақи хурд номи худро бинависанд ва онро ба қуттӣ пинҳонӣ партоянд. Мувофиқи гуфтаи муаллима кӯдакони синфи ибтидоӣ ҳар яке номи худро дар варақи хурд менавишт ва онро қат карда, ба дохили қуттӣ мепартофт. Муаллима бояд аз дохили қуттӣ бе интихоб, як дона варақчаро бикашад, номи ҳар нафаре хонда шавад, ҳамон ғолиб аст. Пас аз анҷоми бозӣ. Дар ҳақиқат, муаллима, беинтихоб як варақро дар назди кӯдакон аз қуттӣ баровард ва номи навишташударо хонд:
- Сумая Абдул Карим, барандаи ҷоизаи имрӯзаи мо аст. Духтарчаи хурд Сумая дар зери кафкӯбии муаллима ва ҳамаи ҳамсинфонаш бо ашки шашқатор пеш омад.
Духтарча ба ҳама ташаккур гуфт, ва муаллимаашро барои ин туҳфаи олӣ, ки барои ӯ, ба ҷойгоҳ ва вақти лозима омад сипос гуфт, аммо дар дили худ Худоро ҳазор маротиба сипос мегуфт.
Сумая аз пӯшидани пойафзоли куҳна ва дарида безор шуда буд, аз камбағалии шадид волидонаш наметавонистанд пойафзоли нав бихаранд.
Муаллима он рӯз бо хушнудӣ ба хона баргашт. Аммо шаб ба назди шавҳараш бо ашку гиря омада нишаст.
Шавҳараш аз ҳодиса пурсид, зан аз ҳодисаи имрӯза дар мактаб ба шавҳараш гирякунон қисса кард. Шавҳар ин ҳикояро аз забони занаш шунида хурсанд шуд, аммо аз ашки занаш ҳайрон шуд ва пурсид:
- Пас, чаро гиря мекунӣ?
Зан гуфт:
- Вақте ки ман баргаштам, аз қуттие ки бо худ оварда будам боқимондаи коғазҳоро баровардам. Фаҳмидам, ки ҳама толибилмон номи он духтарак - Сумая Абдул Каримро навишта будаанд. Кӯдакон ба ин хурдии худ нигоҳ нокарда аз аҳволи ӯ хабар доштаанд. Имрӯз даст ба дасти ҳам доданд, то ӯро хуш созанд...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...