Боз дар бораи ахлоқ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 820
Мавзуи ахлоқ барои ҳар як инсон муҳим боқӣ мемонад. Шояд мавҷудияти баҳси насли ҷавону калонсол атрофи чигунагии ахлоқи фарди воқеан комил аз ҳамин бошад. Насли калонсол доимо гиламанд аст ва чунин мегӯянд: “Мо дар ҷавонӣ ин хел набудем”, “Дар мо ин одат набуд”, “Ҷавонони имрӯза ба мо монанд нестанд”. Ин раванди табиӣ ба тағйироти ҷомеа вобаста буда, дар қиёс ба давраҳои зиндагии наслҳо ногузир дигаргуниҳо мушоҳида мешаванд.
Гап сари рушди иқтисодиву иҷтимоӣ не, балки афкори мардум, пеш аз ҳама ахлоқ меравад. Ба гуфтаи шоир “Муҳит тақозо мекунад, ки инсон бо маҷрои зиндагии айём равад”. Аз ин сабаб, ба мо насли калонсол чунин менамояд, ки ворисони мо диди дигар доранд, муносибаташон ба атрофиён фарқ мекунад.
Дар ҳақиқат, бо пешравии сатҳи зиндагӣ, ҷаҳонбинии нави муосир ҷавонон барои худ нақшаҳои замонавии кору фаъолият ва пешбурди зиндагиро интихоб мекунанд. Аз таъсири ҷаҳонишавӣ, тамаддунҳои дигар онҳо низ ҳамқадами замон будан мехоҳанд. Тарзи либоспӯшӣ, интихоби машғулияти дӯстдошта, доираи муҳошират ҳам дигар шудааст. Аммо ахлоқ чӣ? Инсон ва арзишҳои ахлоқии ӯ аз оила сар карда, то кӯдакистон, мактаб, донишгоҳ, корхона ташаккул меёбад. Беҳтарин одоби инсонӣ эҳтироми якдигарӣ дӯстию рафоқат, саховатмандӣ, меҳнатдӯстӣ, раҳму шафқат дар замири ҳар яки мо чун ҷавҳари тағйирнопазир ба мерос мемонанд. Онро гум накардан, бо рафтору гуфтору пиндори неки худ барои мустаҳкаму пойдор мондани одоби ниёгон масъулият доштани ҷавонон моро ба ташвиш меорад.
Вақте ки аз коҳиш ёфтани ахлоқи иддае аз ҷавонон сухан меравад, ҳамин масъаларо дар назар дорем. Дар байни наврасону ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистон духтару писарони болаёқату боистеъдод, донишманду закӣ, ҳунарманду хушахлоқ зиёданд. Ғолибони озмунҳои илмиву эҷодӣ, техникиву зеҳнӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ифтихори миллату кишваранд. Равоншиносон бар он ақидаанд, ки рушди технологияи иттилоотӣ ба ғайр аз манфиат таъсири манфӣ ҳам дорад. Одамон, асосан кӯдакону ҷавонон, аз муоширати зиндаи аъзои оила, дӯстон соатҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мукотибаю суҳбатҳои маҷозӣ машғуланд. Ин робитаҳои наздики онҳоро бо атрофиён суст намуда, ба бетарафӣ, беэътиноӣ оварда мерасонад.
Дар ҳикмати халқие омадааст: “Барои омӯхтани чизи хубе се сол сарф шавад, барои кори баде соате басанда аст”. Боиси таассуф аст, ки дар интернет бо суръати тези амвоҷи иттилооти заруру манфиатдор, маълумоти зараровар низ роҳ меёбад. Дидани хушунату зӯроварӣ, фаҳшу беодобӣ ба ахлоқи ҷавонон бетаъсир намемонад. Азбаски дар наврасию ҷавонӣ ҳолати эҳсосӣаффект ғолиб меояд, онҳо кӯшиш менамоянд, ки ба ҳамсолонашон пайравӣ намоянд. Тағйири одоби онҳо, ки моро ба ҳайрат меорад, маҳз таъсири шабакаҳои иҷтимоист.
Наврасону ҷавонони имрӯза, ки дар шароити хуб зиндагӣ доранд, аз ғамхориҳои волидони худ сӯистифода мекунанд. Дар пайравӣ ба ҳамсолони худ харида додани телефонҳои гаронарзиш, либосҳои замонавӣ, ҳатто мошинро талаб мекунанд. Ҳолати равонию рӯҳии ин ҷавонон бо худкомагию исботи “Ман аз ҳеҷ кас кам нестам” ин исрорро ба вуҷуд меоварад. Барои ноил шудан ба мақсади хеш онҳо ҳатто ба дуздию ҷиноят, қаллобӣ даст мезананд.
Аз бетаҷрибагию ҷавонии худ онҳо дарк намекунанд, ки дар ҷомеа одамон дар сатҳҳои гуногун зиндагӣ мекунанд ва барои ин танҳо меҳнати ҳалол кардан лозим меояд. Қадр кардани заҳмати волидон, дастгирии онҳо дар корҳои хонаву саҳро бояд дар замири ҳар як фарзанд устувор ҷой дошта бошад.
Падидаҳои ногувори шартмонии фарзандон бе назардошти имконияти падару модар, ҳатто сӯиқасд ба ҷони худ, худсӯзию худкушӣ як навъ воситаи тарс додани наздикон шудааст. Волидон ҳангоми суҳбат мегӯянд, ки ба хоҳиши фарзандонашон гӯш надодан оқибатҳои нохуш оварда истодааст. Имрӯз ҷавонон камсабру бетоқат шудаанд, намефаҳманд, ки ҳар коре вақти худро дорад. Дар масъалаи маслиҳату машварат ҷойи гап ҳам намондааст. Ҳол он ки калонсолон, ки таҷрибаи зиндагӣ доранду метавонанд барои пешгирии иштибоҳҳои фарзандон кумаке расонанд, дар фикри пешравию муваффақ будани онҳо ҳастанд. Сарҷамъиву рафоқати ҳамдигарии оилавӣ ноаён аз байн меравад.
Дар ҳар як давра ҷомеа бо одатҳое рӯ ба рӯ мешавад, ки дар байни наврасону ҷавонон авҷ гирифта, боиси изтиробу норизогии калонсол мешавад. Сигоркашию носкашӣ, нашъамандӣ, майнӯшӣ, маишатпарастӣ имрӯз ҳам ҷой доранд. Аммо одатҳои нави “замонавӣ” чун истифодаи маводи кимиёвии нашъадор, тамошои филмҳои хушунату фисқу фуҷур, дар дискоклубҳо машғули бозиҳои бурднок шуда қарздор гардидан масхараву таҳқири якдигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар мушоҳида мешавад. Масъалаи шарму ҳаё, истиҳола дар назди атрофиён барои либосҳои нимурёну номуносиб, рангубори барзиёд дар духтарон, ҳақорату таҳқири беадабона дар писарон номақбул менамояд.
Дар суҳбате бо ронандаи шоиртабъе тафсири сиришти инсонро дар калимаи “одам” шунида будам: Алиф-адаб, дол-дониш ва мим-меҳнат. Дар инсон ахлоқу одоб мақоми аввал дорад, чунки заковату фаъолият дар доираи ахлоқи нек сурат гирад, шахсияти ӯро хуб баҳо медиҳанд.
Ахлоқ маҳсули тарбия дар оила, мактабу корхона, таъсири муҳити дӯстону кӯча аст.
Агар ба ташаккули ахлоқи наврасону ҷавонон ҳама масъулият эҳсос кунем, натиҷаи дилхоҳ хоҳад дод. Мо набояд фаромӯш кунем, ки тарғиби ахлоқи нек ба фарзандонамон берун аз оила омилҳои дигар низ дорад. Таъсири ҳамсолон гоҳо пурқувваттар аст.
Дар интихоби дӯстони фарзандонамон, муҳити таҳсилу кор бояд эҳтиёткор бошем. Одам табиатан олами мураккаби андешаву рафтор дорад. Ин оламро бо хислатҳои наҷиби инсонӣ нигоҳ доштан заҳмати зиёд металабад. Ба ғайр аз панду насиҳат ибрати шахсии мо муассиртар мешавад. Аз ахлоқи насли имрӯза ояндаи ҷомеа, муаррифии миллат вобастагӣ дорад.
Ахлоқи инсон доимо масъалаи нозуку ҳассос боқӣ мемонад. Одамон ба муносибату муошират ниёз доранд, ҳамеша ба шахсони боадабу ахлоқи ҳамидадошта моил мешаванд. Ин маънои зиндагии инсон, одамиятро мефаҳмонад.
Дилором МАҲКАМОВА , “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...