Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » «Шикамчаронӣ»


«Шикамчаронӣ»




Кӣ ифтор дорад?

Аҳтамро ҳаққу ҳамсояҳо масхараомез “одами хешу табордор” мегӯянд. Ин сабаб дорад, албатта. Ӯ ба ҳамаи маъракаҳои шунидааш, хоҳ даъватӣ бошад, хоҳ не, рафта, шикам мечаронад. Шаҳр калону сераҳолӣ аст ва дар он рӯзҳои истироҳатӣ маъракаҳо доир мегарданд. Аҳтам иштиҳои қозгир ва дар ҳама оши наҳор ҳозиру нозир аст.

Дар моҳи мубораки рамазон гузаронидани бисёр маъракаҳо, аз қабили тӯйи арӯсӣ қатъ гардиду Аҳтам умед ба ифторҳо баст. Ҳар шом интизор мешавад, кӣ ифтор мекарда бошад. Зуд-зуд аз завҷаю фарзандонаш пурсон мешавад: “Ягон ҳамсоя ифтор кардааст? Ӯро хабар кардаанд ё на?”, ба завҷааш “ҳисобот” медиҳад, ки дар рӯйи дастархон чӣ буду чӣ не, чӣ идона пухтаанд.

Ифтори се ҳамсоя ба ӯ нафоридааст.

“Камбудӣ”-ҳои дастархони онҳоро ба даҳони завҷааш расонд. Якеро бо камгӯштии таом, дигареро барои оши палав напухтан ва сеюмиро барои рӯйи дастархонаш ангуру анор нагузоштану нишолои арзон мондан эрод гирифт. Як ҳафта боз касе ифтор накард. Даҳони ба хӯрдан одаткарда мисли гурги гурусна луқмае меҷуст. Аҳтам ба макароншӯрбои хонааш монда, ба ифторҳои ҳамсояҳо зор шуд.

-Аҳмади ҳамсоя дар ин ҳафта ифтор дорам гуфта буд, ҳеҷ не ки ифтор кунад, - шикоят кард ӯ ба завҷааш.

-Бечора, дар хона касалӣ дорад, шояд барои ҳамин бошад,-фаҳмонд зан.

-Ваъда намедоду калонгапӣ намекард-да!

Зӯраш намерасидаасту одамонро ба умед мекунад...

Солҳои охир, бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронидани чунин маъракаҳо коҳиш ёфт. Акнун мардум таоми барои ифтор омодакардаро ба оилаҳои камбизоат ва хонаи ятимону пиронсолон медиҳанд.

Соли ҷорӣ низ ифтор ба ҳамин шакл мегузарад. Ин иштиҳои Аҳтамро баст. Боре ӯ ба завҷааш ҳатто шикоят ҳам кард.

-Ба ҳамсояҳо чӣ шудааст, ки ифтор намекунанд? Ҳар як шом рӯйи ҳавлӣ баромада, аз зан пурсон мешавад: “Касе ифтор надорад? Дар хона аз макаронхӯрӣ безор шудам”.

-Мардак, акнун танзим аст, шикамчарониро фаромӯш кунед. То ба кай ба умеди оши ҳамсоя мешавед? Дигаронро таъна мезанеду худатон кай ба мардум нон додаед? Ё мо мурдаю зинда на- дорем, ба мо савоб лозим нест?- гуфтани зан Аҳтамро ба андеша бурд. Сухане наёфт дар ҷавоб ба суханони завҷааш ва сархам монд...

Мурдаро монда тутх ӯрӣ...

Бобои Сайфулло аз дунё даргузашт. Дар ҷанозааш замин кафидаю одам баромада. Ӯ инсони обрӯманд буд. Дар шодию ғами мардум шарик буду ва якҷоя истода хизмат мекард. Имрӯз бошад, одамон, онҳое, ки ӯро мешинохтанд, ҷанозааш омадаанд. Ашхоси аз роҳи дуромадаро дар хонаи ҳамсояҳо ва масҷиди деҳа ҷой карда, барои ташнашиканӣ як пиёла чой доданд.

Марди дар намуд 55-60-сола аз мӯйсафеди дар паҳлӯяш нишаста пурсид: “Аз роҳи дурам дар хона наҳорӣ накарда омадам, дар ин ҷо хӯрок намедиҳанд?” мӯйсафед ба рӯйи ӯ нигариста, дар ҷавоби суоли меҳмон ҳайрон монд. Баъди гӯру чӯби майит, дар бозгашт, ҳамроҳи ҳамон мард дар як мусофирбар ба шаҳр омадам.

-Ақаллан як коса отала медоданд, ба шикоят гузашт мард.

Суҳбати мард бо ман равған нагирифт.

Ӯ ба мӯйсафеди ҳампаҳлӯяш гап партофт.

Мӯйсафед низ тоқати шунидани шикояти ӯро накарда якбора ба ғазаб омад.

-Мурдаро монда тутхӯрӣ мекунӣ! Аз Худо тарс. Ҷаноза ҷойи шикамсеркунӣ нест-ку!? Хонавода мусибат дорад, ту бошӣ, дар ғами шикам-мӯйсафед дилашро ба рӯйи шикоятчӣ холӣ кард.

...Ба маъракаи соли бобои Сайфулло мерафтем. Дар истгоҳи ҷониби деҳа боз он мард ҳамроҳам шуд. Нақлиёти сабукраве дар наздаш қарор дода, ишораи нишастан кард. Ронанда Ҳусейн, писари Сайфулло-бобо буд. Аз бом тароша афтодагӣ барин мард ба ман рӯ оварда пурсид:

-Ин дафъа таом медода бошанд?

Китф ба ҳам кашида, бо ишора фаҳмондам, ки инашро намедонам.

-Оши палав мешавад,-ба ҷойи ман посух дод Ҳусейн.

-Ин гапи дигар! Ҳар рӯз дар хона аз шӯрбохӯрӣ қурбоққа гаштем,-гуфт мард андешае накарда ва ба ҷароҳати қалби пурғами Ҳусейн намакоб рехт.

Ҳусейн меҳмони нохондаро болои кат гузаронд. Рӯйи дастархон нони гарму меваҷот гузошт.

Табақи пур аз оши палави сергӯштро пеши ӯ монд. Аз ин ҳама дар лабони меҳмон табассум пайдо шуд. Ба меҳмони эродгир чойи талхи сабз гузоштанд. Ӯ сӯям чашмакӣ зада “Ана ин ҷавон мефаҳмад, ёд гиред”, гуфт.

-Ҷавони мегуфтагиатон соҳибхона, писари раҳматии бобои Сайфулло мешавад,-Ҳусейнро ба мард шиносонидам. Меҳмон инро интизор набуд, ки “ҳм” гуфта монд ва хомӯшона сар аз ошхӯрӣ намебардошт...

P.S. Хислати бад дардест бедаво, он обрӯи касро мерезонад. Ин зотҳо барои ҷомеа ангушти шашум шуда мондаанд. 

Мушоҳидаи хешро аз шикамчаронии се нафар рӯйи коғаз овардем, ки он ҳақиқати ҳол аст. Ин тоифаҳоро нафси бад аз як маърака ба маъракаи дигар мебарад. Онҳо боз миннат ҳам мекунанд, ки ба хӯрдан не, ба кори савоб рафтаанд. Аҷаб одамҳое!

Хонандагони гиромӣ! Шумо дар ин бора чӣ андеша доред, ба рафтори чунин одамон  чӣ мегӯед? Мо интизори номаҳои шумоем.

С.АТТОР, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода