Сари вақт қатъ накардани патент ба чӣ оварда мерасонад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 905
Масъалаи саривақт ва дар асоси талаботҳои қонунгузорӣ қатъ накардани фаъолияти патент аз тарафи андозсупорандагон боиси нигаронии кормандони мақомоти андоз гардидааст. Зеро маҳз беаҳамиятии андозсупорандагон дар бастани фаъолияти патент яке аз сабабҳои афзоиши бақияи қарзи андозҳо мебошад.
Барои дақиқ намудани омилҳо ва оқибати сари вақт қатъ накардани патент бо масъулини мақомоти андоз, коршиносон ва андозсупорандагон суҳбат оростем, ки муҳтавои онро пешкаши хонандаи азиз мегардонем.
АЗ БЕАҲАМИЯТӢ ТО ЗА РАРИ ИҚТИСОДӢ
Фотима аз ҷумлаи нафаронест, ки беаҳамиятӣ барояш беш аз се ҳазор сомонӣ зарари иқтисодӣ расонд. Пас аз муфлисшавӣ ва бастани нуқтаи савдои хӯроквориаш нисбат ба қатъи фаъолияти патент дар мақомоти андоз беэътиноӣ намуд. Ӯ мегӯяд, ки ҳарчанд дар семинар-машварати мақомоти андоз иштирок карда буд, аммо умуман ба оне, ки чӣ тавр фаъолиятро расман бояд қатъ намояд, аҳамияте надодааст. Пас аз ду маротиба ба суроғаи истиқоматиаш расидани огоҳинома бо ҳушдории қарздорӣ ба мақомоти андоз рафта, тартиботи ҳуҷҷатгузориро риоя карда, маблағи қарзро пардохт ва фаъолияташро расман қатъ кардааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба монанди Фотима андозсупорандагони зиёде ба чунин зарари иқтисодӣ бархӯрд мекунанд.
Сармутахассиси гурӯҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони тибқи патент фаъолияткунандаи Нозироти андоз дар шаҳри Бохтар Аҳлиддин Зарипов бо тасдиқи гуфтаҳои болозикр изҳор дошт, ки ба ҳолати имрӯз беш аз 300 андозсупоранда бефаъолият мебошанд. Аслан, ин андозсупорандагон бо сабабҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, вафот ва 80 фоизашон аз бемасъулиятиву бетаваҷҷуҳӣ дар давраи бефаъолият будан низ патенташонро набастаанд.
ДАСТУРАМАЛ - ОГОҲИИ ҚАДАМИ АВВАЛ
- Аз замони дастраскунии патент барои амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳар як андозсупоранда дастурамали мухтасари Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гирифтани имзо супорида мешавад, - гуфт мудири бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Нозироти андози шаҳр Ҳусниддин Нуров. – Дар дастурамал дарҷ гардидааст, ки мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012 таҳти №451 пас аз гирифтани патент бояд андозсупоранда ҳар моҳ бетаъхир маблағи патентро пешпардохт намояд. Дар ҳолати ба анҷом расонидани фаъолияти соҳибкорӣ ва ё бо сабабҳои гуногун давом надодани фаъолият андозсупоранда вазифадор мебошад, ки то санаи 5-уми моҳи минбаъда барои қатъ гардонидани фаъолияти худ бо пешниҳоди маълумотнома оид ба надоштани бақияи қарзи андозҳо ба бахши бақайдгирии давлатие, ки ба андозсупоранда патент додааст, муроҷиат намояд. Танҳо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкории андозсупоранда иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ мебошад. Дар ҳолати риоя нагардидани талаботҳои зикргардида, онҳо андозсупорандаи фаъолияткунанда эътироф карда шуда, маблағи моҳонаи патент ҳамчун қарзи андози андозсупоранда ҳар моҳ афзоиш меёбад.
Сокини шаҳри Бохтар Шералӣ Холиқов дар робита ба ин қайд намуд, ки аслан ба ин дастурамал на ҳамаи андозсупорандагон диққат медиҳанд. Пас аз дастрас кардани патент фикри андозсупоранда танҳо ба тиҷорату фаъолияташ банд буда, ба ин варақа аҳамият намедиҳад. Ин ҳолат сабаби пайдоиши нофаҳмиву баҳс ва афзоиши қарзи андозҳо мегардад. Масалан, худи ман солҳои тӯлонист, ки ба соҳибкорӣ машғулам ва пас аз суолгузории Шумо ба ин варақа диққати ҷиддӣ додам. Минбаъд кӯшиш мекунам, ки барои ба ҳолати ногувори қарздорӣ гирифтор нашудан талаботи қонунро риоя намоям,- гуфт ӯ.
БЕМАСЪУЛИЯТӢ БА ҚАРЗҲОИ МИЁНШИКАН МЕРАСОНАД
- Яке аз ҳолатҳои дигари нигаронкунанда ин рафтани соҳибкорон ба муҳоҷирати меҳнатию қатъ накардани фаъолияти патенташон дар мақомоти андоз мебошад. Ин ҳолат талабот ва меъёрҳои худро дорад. Илова бар ин, ҳар моҳ семинар-машваратҳои омӯзишӣ барои андозсупорандагон доир карда мешавад, ки дар он тамоми талаботи қонунгузорӣ нисбат ба соҳаи андоз ва талабот, вазифаву уҳдадории андозсупорандагон фаҳмонида мешавад, - афзуд А. Зарипов.
Мавсуф илова намуд, ки на ҳамаи андозсупорандагон чунин бемасъулияту бетаваҷҷуҳанд. Бо иштирок дар корҳои фаҳмондадиҳӣ нисбат ба солҳои қаблӣ дар ин росто пешрафт дорем, вале он ҳамоно моро пурра қонеъ намекунад.
Дар ин миён андозсупорандагони бемасъулият бо вуҷуди таъкид ва огоҳиҳои зиёд аз пардохти маблағи патент саркашӣ ё баҳонаҳои гуногун пеш меоранд, ки дар ин ҳол моҳ ба моҳ қарзашон афзоиш меёбад.
Масалан, андозсупоранда Фирдавси Содиқ бо сабаби қатъ накардани фаъолияти патент ба ҳолати имрӯз беш аз 200 ҳазор сомонӣ қарзи андоз дорад. Инчунин, қарзи андозсупоранда Юсупов Фурқат ба беш аз 6500 сомонӣ расидааст.
Қарзи андози андозсупоранда Ғаниев Шарифҷон бошад, ба 33 ҳазор сомонӣ расида, ҳар моҳ рӯ ба афзоиш дорад. Баъзе аз андозсупорандагон бо баҳонаи надонистани тартиби бастани фаъолияти патент мехоҳанд, ки бе пардохти маблағи қарзи андоз худро аз ин масъулият озод намоянд. Аммо талаботи қонун тағйирнопазир аст.
ТАРТИБИ ҚАТЪ КАРДАНИ ПАТЕНТ
Андозсупорандаро зарур аст, ки ба шуъбаи баҳисобгирии даромадҳо барои ҳисоббаробаркунӣ ва дигар шуъбаҳои дахлдор оид ба тартиб додани санади муқоисавӣ, гирифтани маълумот дар хусуси қарздор набудан муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои лозимаро дастрас кунад, - мегӯяд Ҳ. Нуров.
– Сипас, ҳуҷҷатҳои болозикрро ба шуъбаи бақайдгирии давлатӣ бо иловаи нусхаи шиноснома, патенти аслӣ ва аризаи шакли 09 -и мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ пешниҳод намояд. Андозсупоранда мутобиқи стандарти ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон дар муҳлати се рӯзи корӣ пас аз супоридани ҳуҷҷатҳо, аз Феҳристи ягонаи давлатӣ оид ба қатъ шудани фаъолияти патент Иқтибос дастрас менамояд. Дар ҳолати риоя накардани ин талабот патенти андозсупоранда фаъолияткунанда боқӣ монда, ҳар моҳ маблағи патент зам мешавад.
ШАКЛҲОИ ГУНОГУНИ ҶАЗ ОИ ПУЛӢ
Ҳуқуқшинос Саидҷаъфар Сафаров изҳор дошт, ки тибқи моддаи 600-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷро накардани талаботи қонунии шахсони мансабдори мақомоти андоз ва барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда ҷаримаи маъмурӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон, мутобиқи моддаи 616-и ҳамин кодекс барои ба мақомоти андоз пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумоти дар моддаҳои 19, 27, 54, 56 ва 57 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, аз ҷумла тибқи дархости он мақомоти андоз, ки санҷиши андозро мегузаронад, ҳамчунин дигар гуна саркашӣ аз пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо ё дидаю дониста пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти нодуруст ҷарима таъин карда мешавад. Ғайр аз ин, дар асоси моддаи 620 –и кодекси мазкур бошад, барои дар муҳлати муқарраргардида пешниҳод накардани ҳисобот, саривақт напардохтани андози иҷтимоӣ ва барои кам нишон додан ва ё пинҳон кардани андози иҷтимоӣ ҷарима пешбинӣ карда шудааст.
Тибқи иттилои масъулини нозироти андоз дар шаҳри Бохтар бо сабаби беаҳамиятӣ Мавлон Маҳмудов ба гурӯҳи андозсупорандагони қарздор ворид шуда, барои риоя накардани талаботи моддаи 600 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 960 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд. Дар ин баробар, Қодиров Ҳусниддин ва Хуррамов Фарҳод барои риоя накардани талаботи моддаи 620-и ҳамин кодекс ҳар яке ба маблағи 2560 сомонигӣ мавриди ҷаримабандӣ қарор гирифтанд.
Гуфта шуд, ки нисбати чунин андозсупорандагон дар шаклҳои муқарраргардида чораҳои гуногун андешида мешаванд. Дар соли 2022-юм Нозироти андози шаҳри Бохтар бо андозсупорандагон вохӯриҳои иттилоотиро бештар ба нақша гирифта, бо андозсупорандагони бефаъолият, ки патенташон қатъ карда нашудааст, корҳои фаҳмондадиҳию назоратӣ ва амалиро беҳтар хоҳад кард.
С. АЗИЗЗОДА, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...