Перомуни ҳодисаи нигаронкунанда дар марз
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 апрел, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 762
Ҳодисае, ки шоми рӯзи 12 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқӯъ пайваст, боиси нигаронии шадид аст.
Мисли ҳамеша мақомдорон ва расонаҳои кишвари ҳамсоя ҷониби моро гунаҳкор карданд. Аслан, таҳлили мавзуъ дар 10 соли охир нишон медиҳад, ки ҳамеша чунин будааст ва ҷониби худро «мусичаи бегуноҳ» нишон медиҳанд.
Чанд нуктае ҳаст, ки мо бояд таваҷҷуҳ кунем:
1). Мисли соли гузашта, мақомдорони кишвари ҳамсоя изҳороти нигаронкунанда пахш мекарданд. Мисолаш ангезаи хариди паҳподҳо ва истифодаи он дар марз бо Тоҷикистон аст;
2). Мисли соли гузашта машқи ҳарбӣ гузаронданд. Соли гузашта (1-3 апрели соли 2021) дар деҳаи Бужум буд, имсол бошад, 31 март бо истифода аз паҳподҳо дар шаҳри Баликчи (вилояти Иссиқкӯл) баргузор шуд;
3). Мисли соли гузашта, гунаҳкоркунии якҷонибаи Тоҷикистон дар фазои иттилоотӣ васеъ ба роҳ монда шуд.
Рӯзи 10 апрел рӯзноманигор ва коршиноси масъалаи марз Неъматуллоҳ Мирсаидов се ёддошт дар бораи ҷанги иттилоотӣ, вазъи кунунии марз ва иқдомҳои якҷонибаю низоъбарангези ҳамсояҳо нашр кард. Худи ин навиштаҳо собит мекунад, ки кӣ низоъро мехоҳад ва барои чӣ чунин шуда истодааст.
Низомикунии хатти марз бо Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон чанд моҳ боз идома дошту дорад. Оё расонаҳо ва коршиносони он ҷониб инро дида метавонанд? Ҳамаи амалкарди ҳамсояҳо ба интиқомҷӯӣ ва реваншизм рост меояд. Ба назарам, ин дафъа мо ба таври ҷиддӣ ва хунсардона ин ҳодиса ва тирпарронии моҳи мартро дар Чоркӯҳ баррасӣ кунему ҳарбиёни Қирғизистонро ба Додгоҳи байналмилалӣ супорем. Аз набудани ҷазо барои кирдорашон аз худ рафтанд.
Айни ҳол, вазъ тибқи иттилои расмӣ, таҳти контроли масъулини ҷонибҳо аст. Бинобар ин, умед мекунем, ки пеши роҳи хунрезӣ гирифта мешавад, чун ҷангу низоъ дар моҳи шарифи рамазон аслан ҷоиз нест.
Шералӣ Ризоён ,
номзади илмҳои сиёсатшиносӣ