Даҳгонаи беҳтаринҳо ба он аз Хатлон киҳо роҳ ёфтанд?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 апрел, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 907
Агар ба таъриху гузаштаи мардуми тоҷик назар андозем, пас фарзандони барӯманде чун Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Саъдӣ, Беруниву Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳо нафари дигарро номбар намудан мумкин аст, ки аз овони кӯдакӣ бо донишу маҳорат, зеҳни гиро ва идеяҳои тасхиркунандаи худ миёни ҳамсолонашон пешгом буданд. Ҳар як давру замон бо худ чунин нафарони навовару эҷодкор ва идеали худро дорад, ки дар рушду пешрафти ҷомеа пешгоҳанг мешаванд. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷамъбасти натоиҷи имтиҳоноти соли 2020-2021 даҳгонаи беҳтарин довталабонро эълон намуд.
- Даҳгонаи беҳтаринҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфт ва дастгирӣ намудани истеъдодҳои нотакрор, наврасону ҷавонони лаёқатманд ва шароит фароҳам овардан барои рушди пешсафон мебошад, - гуфт сардори бахши минтақавии Раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Раҳмон Хурсанд. Мавсуф илова намуд, ки дар Маркази миллии тестӣ холи максималӣ 500-ро ташкил медиҳад, аммо онҳое, ки дар даҳгонаи беҳтаринҳо роҳ меёбанд, бояд аз ин бештар балҳоро соҳиб гарданд. Боиси ифтихор аст, ки соли 2021 дар ин даҳгона се нафар хонандагон аз вилоятамон - ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Данғара ва Фархор бо балҳои баландтарини худ роҳ ёфта, шарафи волидон ва зодгоҳашонро баланд бардоштанд. Ин хонандагон аз ҳама ҷиҳат аз дигар ҳамсолони худ фарқкунанда ва ояндадор ҳастанд.
Беҳрӯзи Турахон аз ҷумлаи онҳост, ки аз кӯдакӣ дар самти рушди шахсии худ қадамҳои устувор дошт.
Ӯ хатмкардаи муассисаи таълимии №3-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин буда, бо нишон додани бали баландтарин тавонист ба даҳгонаи беҳтаринҳои Маркази миллии тестӣ роҳ ёбад. Инчунин, ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз рӯи ихтисоси кори табобатӣ, дар бахши рӯзона, ба таври ройгон имкони идомаи таҳсилро пайдо кунад.
Ба гуфтаи Беҳрӯзи Тӯрахон дар рушди шахсии ӯ нақши волидон ва устодон бузург аст.
- Беҳрӯз аз кӯдакӣ ҳушёр, беқарор ва кунҷкоб буд. Ҳар чизеро, ки медид, мепурсид, ки ин чист ва барои чӣ лозим аст. Ин кисту чӣ кор мекунад ва амсоли ин суолҳои пайдарпайи ӯ умеди моро ба ояндаи фарзандамон бештар мекард, - гуфт падари Беҳрӯз Тӯрахон Кабиров. – Пас аз он, ки ба мактаб рафт, дар дарсҳои мактабиаш иштирок намуда, завқу рағбати ӯро таҳлил карда, ба кадом фанҳо бештар майл доштанашро муайян кардем.
Беҳрӯз ба фанҳои дақиқ рағбати бештар дошт, аз ин лиҳоз, бо омӯзгорони фанҳои дақиқ ва риёзӣ ҳамкориро боз ҳам бештар карда, бевосита бо онҳо дар тамос ва ҳамкории зич будем. Дар омодашавии ӯ омӯзгори таҷрибадору пурмаҳорат Идиев Паҳлавон нақши созгор дорад. Зеро, қариб ҳамарӯза бо Беҳрӯз ба дарсҳои иловагӣ машғул мешуданд.
Директори муассисаи таълимии №3-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Наҷмиддинзода Садриддин изҳор дошт, ки оилаи Кабировҳо яке аз оилаҳои намунавӣ ва номбардорони деҳаву муассисаи таълимии мо мебошанд. На танҳо Беҳрӯз, балки ҳамаи фарзандони ин оила аз ҷумлаи фаъолони муассисаи таълимии мо буда, дар дарс, озмуну олимпиадаҳо намунаи дигаронанд.
Падару модари Беҳрӯз бо муассисаи таълимӣ ҳамкории наздик доранд ва зудзуд аз вазъи таълими фарзандонашон бохабар шуда, дар алоҳидагӣ бо ҳар як омӯзгори фаннӣ суҳбату маслиҳатҳо мекунанд. Маҳз чунин таваҷҷуҳу ҳамкориҳо Беҳрӯзро ба даҳгонаи беҳтаринҳои ҷумҳурӣ ворид намуд, ки ифтихори ҳамаи мост. Беҳрӯзи Тӯрахон дар давоми таҳсили худ дар мактаб беш аз 15 медалу диплому ифтихорномаҳоро дар озмуну оимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиб гаштааст. Ӯ тавонист, ки аз олимпиадаи сатҳи ҷумҳурӣ медал биёрад.
- Ин хонандаро ман мешиносам, зеро ӯ яке аз номбардорони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мебошад, - мегӯяд мудири шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур Алишер Асоев. - Беҳрӯзи Турахон ахлоқу дониши намунавӣ дорад. Чунин хонандагон арзандаи Шаҳодатномаи аъло мебошанд.
Ғайр аз ғолибияташ дар олимпиадаҳо ҳангоми дар синфи 10 буданаш ӯ дар озмуни “Хонандаи сол” дар сатҳи вилоят ғолиб шуда, унвони хонандаи соли вилояти Хатлонро миёни муассисаҳои таълимии 25 шаҳру навоҳӣ соҳиб шуда буд. Пас, албатта, чунин хонандагон беҳтаринанд ва ба даҳгонаи беҳтаринҳо шомил мешаванд.
- Беҳрӯзи Тӯрахон донишҷӯи фаъоли Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино мебошад, - изҳор дошт роҳбари гурӯҳи қаҳрамони мо Рухсора Садриддинова. – Ӯ миёни дигар шогирдон фарқкунанда буда, ҷӯянда ва дар самти омӯзиши навгонӣ беқарор мебошад. Умедворем, ки дар оянда аз ӯ яке аз олимони беҳтарини соҳаи тандурустии кишвар омода мешавад ва дар рушди соҳаи тибби Тоҷикистон саҳмгузорӣ мекунад.
Ба даҳгонаи беҳтаринҳои Маркази миллии тестӣ ҳамчунин хатмкардаи муассисаи таълимии №18-и ноҳияи Фархор Абубакр Одинаев шомил шудааст. Ӯ бо интихоби кластери панҷум аз субтестҳои биология ва химия ба шумораи имконпазирии ҳадди аксари холҳо (ШИҲАХ) соҳиб шудааст. Бо соҳиб шудан ба балҳои баландтарин ба ихтисоси стоматологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, таҳсил дорад. Абубакр низ ба монанди Беҳрӯз дар мактаб ва ноҳия хонандаи намунавӣ буд. Ин боис шуд, ки ба даҳгонаи беҳтаринҳо роҳ ёбад.
Исломуддинзода Муҳаммадшариф, хатмкардаи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара, низ балҳои баландро зимни имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ соҳиб гардид. Мавсуф аз рӯи кластери якум аз субтести математика ба ШИҲАХ ва аз субтести химия ба холҳои баланд (нисбат ба довталабони дигар) соҳиб шудааст. Ӯ ҳоло донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар ихтисоси меъморӣ рӯзона ба таври ройгон таҳсил намуда истодааст.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара Шарифзода Бахтиёр иттилоъ дод, ки пас аз ба даҳгонаи беҳтаринҳо шомил шудани Исломуддинзода Муҳаммадшариф тасмим гирифтем, ки дарсҳои иловагӣ ва маҳфилҳои фаннии беруназсинфиро ҷоннок кунем. Соли 2021 барои муайян кардани чунин хонандагони пешсаф ва дар алоҳидагӣ машғул шудан бо онҳо тасмим гирифтем. Тибқи таҳлилҳо барои соли 2022 мо чунин хонандагон бештар дорем.
Воқеан, муайян намудани даҳгонаи беҳтаринҳо дигар довталабонро низ ҳавасманд гардонида, шумораи фаъолону пешсафонро бештар хоҳад кард. Ба ҳолати имрӯз, ки дар шаҳру навоҳии кишвар бақайдгирии довталабон барои имтиҳоноти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад, ин се нафар қаҳрамонони мо Беҳрӯзи Тӯрахон, Абубакр Одинаев ва Исломуддинзода Муҳаммадшариф намунаи пайравӣ ва ибрати хатмкунандагон буда метавонанд.
Умедворем, ки дар соли 2022 шумораи шомилшавандагон ба даҳгонаи беҳтаринҳо боз ҳам бештар мегардад.
С. АЗИЗЗОДА ,
“Хатлон
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...