Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Ҷавонони соҳибватани хатлонӣ омодаи хизмати низомианд


Ҷавонони соҳибватани хатлонӣ омодаи хизмати низомианд



Дар ҳафтаи якуми моҳи апрел нақшаи даъвати баҳории навҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар вилояти Хатлон беш аз 30% иҷро шудааст. Дар ин бора аз шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилоят ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи пешбурди корҳои оммафаҳмонӣ ноҳияҳои Фархор, Шамсиддини Шоҳин ва Носири Хусрав аллакай дар рӯзи аввали даъват нақшаро бо сари баланд иҷро карда буданд. Ба қавли манбаъ, ҳамакнун ноҳияҳои Балҷувон ва Данғара низ дар арафаи иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҳарбӣ қарор доранд.

Ёдовар мегардем, ки даъвати баҳории навҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи Артиши миллӣ 1 апрел оғоз гардида, то 31 май идома мекунад. Имрӯзҳо маъракаи сафарбарӣ дар вилоят муташаккилона идома дошта, аксари ҷавонон довталабона барои адои хизмати низомӣ изҳори омодагӣ намудаанд.

Боиси ифтихор аст, ки ҳар як сокини сарбаланди вилояти Хатлон дар пайравӣ ба хизматҳои шоистаи Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан ҳам демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ҳифзи содиқонаи арзишҳои миллӣ, сулҳу субот ва Истиқлолият сабақи ватандӯстиву худшиносӣ омӯхта, омодаанд, ки барои ҳимояи хоки муқаддаси аҷдодӣ тамоми неру ва дониши худро сарф намоянд.

Хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад.

Ҷавонони тоҷик хуб дарк менамоянд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан-модар ва халқу давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату халқ зоҳир мегардад.

Ин рисолати бузурги ватандорию ифтихори миллиро ҷавонони қавииродаи хатлонӣ дар ниҳоди худ парварида, ҳамеша баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ва музаффариятҳои замони соҳибистиқлолӣ омода буда, доимо дар ҳифзи Ватананд.

Чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд «Танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад».

Ба ҳимояи Ватан ва марзу буми он омода будани на танҳо ҷавонони синни даъват, балки ҳар як ҷавонмарди бонангу номуси кишвар нишонаи рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар яки мост.

Ҳангомаи ИСМАТ,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода