“Тахти Сангин” баёнгари миллати куҳанбунёд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 апрел, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 411
Шаҳраки “Тахти Сангин” ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид шуд, ки ин аз таърихи куҳан доштани он ва таваҷҷуҳ ба мавзеъҳои нодиртарини сайёҳӣ, омӯхтани рӯзгори гузаштагон мебошад ва барои миллати тоҷик боиси ифтихор ҳам ҳаст.
Таърих чаи шаҳри сангин
Шаҳри қадимаи “Тахти Сангин” дар мавзеи якҷошавии дарёҳои Вахш ва Панҷ, ки Амударёро ташкил медиҳанд, ҷойгир буда, ҳудудаш ба ноҳияи Қубодиён рост меояд. Шаҳри “Тахти Сангин” дар муқобили дарёи Ому бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсоягӣ дорад. Ба иддаои муҳаққиқон, номи куҳанаш “Тахти Сангин” нест.
Бо ин ном дар сарчашмаю нигораҳои таърихӣ зикр нашудааст. Ҳангоми ковишҳои археологӣ маълум гаштааст, ки шаҳрак, роҳраву сутунҳои бузурги он аз сангҳо бино шудаанд. Аз ин сабаб номи ин шаҳри қадимаро олимон “Тахти Сангин” гузоштаанд, ки шабеҳ бо “Тахти Ҷамшед” мебошад. Маъбад пур аз санг буда, на танҳо сохти меъморӣ, балки ҳама ҷузъиёти он то ба имрӯз пойдор мондааст. Ин ёдгорӣ дар якҷоягӣ бо “Тахти Қубод”, ки наздики 6 километр дуртар воқеъ аст, ба воситаи деворҳои пурқуввати сангин, бандари дорои гузаргоҳ ва шаҳраки соҳили чапи Амударё комплекси ягонаро ташкил медод.
Олимон чӣ назар доранд?
Хушвахт Абдуназаров, таърихшинос, мегӯяд, ки бостоншиносон ба кадом давра тааллуқ доштани олоту ашёҳои дарёфтшударо омӯхтаанд. Аз қабатҳои маданияти истифодаи замин ва маснуоти пайдошуда маълум шудааст, ки ин мавзеъ ба давраи неолитӣ- асри санги нав ва давраи мису санг рост меояд.
Тавре ӯ мегӯяд, шуғли сокинони ин мавзеъ, ки дар соҳили дарё зиндагӣ мекарданд, моҳидорӣ ва шикори ҳайвонот будааст. Олоти шикории онҳо то ин давра боқӣ мондаанд, ки бозгӯ аз қадима будани ин сарзамин мекунад.
Чаро таваҷҷуҳи таърихни горон ба ин макон бештар аст?
Тибқи маълумотҳои таърихӣ, яке аз сабабҳои таваҷҷуҳи таърихнигорон ба ин маҳал дарёфти “Хазинаи Амударё” буд. Дар нимаи дуюми асри XIX тоҷирони бухороӣ ёдгориҳои фаровони таърихию бостониро, ки аксараш бо тилло сохта шуда буд, ба Ҳиндустон барои фурӯш бурдаанд. Он замон, ки Ҳиндустон мустамликаи Англия буд, чанде аз афсарони англис маснуоти таърихиро харида, ба осорхонаи Бритонияи Кабир туҳфа карданд ва ҳоло қисме аз бозёфтҳо дар Лондон ба намоиш гузошта шудааст.
Зимнан, баъди паҳн шудани ин ривоятҳо, ба олимон зарур омад, ки макони ин ёдгории таърихиро омӯзанд. Барои ин дақиқ кардан лозим буд, ки бозёфтҳо чӣ гуна ба ин макон омадаанд, ё ватани аслӣ ва бунёдсозонаш аз мулки Қубодиён аст. Бостоншиносони шӯравӣ академик Б. А. Литвинский, солҳои 70-ум ва 80-ум, доктори илмҳои таърих И. Р. Пичикян дар кашфи розҳои ниҳони «Тахти Сангин» нақши муҳим бозиданд.
Тайи солҳои 1976 - 1989 экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубӣ таҳти сарварии Б. А. Литвинский ва сардори отряди археологии «Тахти Сангин» И. Р. Пичикян кофтукови ин ёдгории бузурги таърихиро асосан анҷом доданд. Дар натиҷа ибодатгоҳи муҳташаме кашф шуд, ки дар он зиёда аз 500 навъи ашё маҳфуз буда, тибқи гуфтаи муҳаққиқон, бозёфтҳои таърихӣ ба давраҳои гуногуни байни қарнҳои V – II то милод тааллуқ доранд.
2300 сол гузашт, вале...
Тавре бостоншиносон мегӯянд, асрҳо гузаштанд, вале маконҳои меъморию шаҳрсозӣ, ки бо истифода аз ҳунари сангтарошӣ истифода шудааст, то ҳол шаклу сифати хешро гум накардаанд. Нуриддин Сайфуллоев, таърихшинос, мегӯяд, ки ҳунари кандакорӣ 2300 сол пеш миёни бошандагон рушд ёфта буд. Бунёди қасру бошишгоҳҳо бо ороишоти сангу дигар олоти хоси он замон бозгӯ аз рушди ҳунармандӣ, хусусан кандакорӣ мекунад. Сутунпояҳои сохташуда то ин давра шаклу намуди хешро гум накардаанд.
- Ҳар як нигораи тарошида бозгӯ аз рушди илмҳои дақиқ, риёзӣ, геометрия мекунад. Шаклу намуди нигораҳо аз ҳамин илмҳо истифода шудаанд ва то ин давра бо таъсири ҳар гуна омилҳои беруна сифату намуди зоҳирии хешро гум накардаанд, - иброз медорад профессор Хушвахт Абдуназаров.
Оё ин маснуоти бозёфта дар осорхонаҳо маҳфузанд?
Дар муассисаи давлатии Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авасто” гӯшае ҳаст, «Тахти Сангин» ва тагсутунҳояш ба маърази тамошо гузошта шудааст, ки аз сохт ва фарҳанги қадима доштани ноҳияи Қубодиёни бостонӣ дарак медиҳад.
Наҳтулло Давлатов, ходими илмии осорхона, дар суҳбат ба мо гуфт, ки бузургтарин ёдгории ҷаҳонии давраи Юнону Бохтар ин «Тахти Сангин» мебошад, ки дар асрҳои IV то мелод ва III мелодӣ арзи ҳастӣ кардааст. То пайдошавии дини Ислом мардум ба бутпарастӣ машғул буда, бутҳоро ибодат мекарданд ва тамоми дороии худ, аз қабили тилло, нуқра ва дигар ҷавоҳироти қиматбаҳое, ки занон ба бар мекарданд, ба худоёни хеш туҳфа менамуданд.
Ба гуфти Наҳтулло Давлатов, 170 адад маснуоти тиллоӣ, аз қабили тангаю гӯшвора, дастмона ва ҳатто аробачаи тилоии шоҳ Кайқубод дар осорхонаи Бритониёи Кабир ба маъраз гузошта шудааст.
Тибқи маълумот дар натиҷаи гузаронидани корҳои археологӣ аз шаҳраки қадимаи «Тахти сангин» беш аз 3 ҳазор пайкони найзаи оҳанин, 50 адад биринҷӣ ва корду шамшерҳои гуногун пайдо шудааст.
“Тахти Сангин ” ба ни гоҳубин ниёз дорад
Ҳоло ин мавзеи таърихӣ ба як харобазор табдил ёфтааст. Ҳарчанд таваҷҷуҳ ба маснуоти пайдошуда ва таърихи куҳан доштани шаҳраки “Тахти Сангин” бошад ҳам, вале барои пойдории он ва ҳифзи ин ёдгории таърихӣ мақомоти дахлдор беҳавсалагиро ихтиёр кардаанд. Бо такя аз қабул ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 умед аст, ки масъулон дар самти эмин нигоҳ доштани ин шаҳраки бостонӣ чора меандешанд. Зеро аксар кишварҳои дунё аз маконҳои таърихии хеш даромади иқтисодӣ меёбанд ва бо барқарорсозии мавзеъҳои азбайнрафта, таваҷҷуҳи ҷаҳонгардонро ба чунин маконҳо бештар месозанд.
Мо низ метавонем аз ин дороиҳои таърихию фарҳангӣ босамар истифода барем ва осори гаронмояро ҳифз ва ба ояндагон боқӣ гузорем.
Манучеҳр ҲАСАНОВ,
рӯзноманигор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...