Наврӯзи диёр
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 март, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 048
Мардуми ориёнажод бисёр расму оин ва иду ҷашнҳоро ба ёдгор гузоштаанд, ки яке аз инҳо Наврӯз мебошад.
Наврӯз яке аз идҳои қадимаи мардуми тоҷик ба ҳисоб раф та, онро ба аҳди Ҷамшеди Каёнӣ нисбат медиҳад. Таърихи пайдоиши ин ҷашн дақиқ нест, аммо муҳаққиқон ба он хулосаанд, ки Наврӯз зиёда аз шаш ҳазор сол умр дорад. Ин ҷашни таърихӣ эҳёкунандаи расму оин ва исботкунандаи таърихи тӯлонии фарҳанги мардуми тоҷик аст. Ин иди қадима то ба имрӯз ҳифз шуда, бо одатҳои хоси худ то ба замони мо омада расидааст. Таҷлили ҷашни Наврӯз дар минтақаҳои Тоҷикистон бо баъзе хусусиятҳои ҷузъии худ фарқ мекунад.
Наврӯз дар водиҳои Вахшу Кӯлоб
Наврӯз дар водии Вахш ва минтақаи Бохтар бо шукӯҳу шаҳомат ва таровати хос таҷлил карда мешавад. Дар оғози ин ид мардум кори ободкориро оғоз карда, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани он тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Мардум бо як хушнудӣ дастархони идона ороста, дар майдону намоишгоҳҳо базм меороянд.
Наврӯз дар минтақаи Кӯлоб низ ба мисли дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Албатта, ҳастанд баъзе аз хусусиятҳои ҷузъие, ки дар дигар минтақаҳои кишвар нестанд. Тибқи баъзе аз маълумотҳо, дар минтақаи Кӯлоб дар вақти таҷлили Наврӯз як анъанаи аҷибе доранд, ки онро мардум “Даврешона” мегӯянд. Тибқи ин анъана мардум бо сатили об ба кӯҳ баромада, ба сарашон он обро мерезанд ва аз онҷо то ба манзил медаванд.
Кӯдакон субҳи соли нав либосҳои нав пӯшида, дар як ҷо ҷамъ мешаванд ва хона ба хона гашта, туҳфаҳои идона мегиранд. Баъди ба анҷом расидани туҳфагирӣ, онҳо ба хонаҳояшон рафта, ҷашнгирии Наврӯзро интизор мешаванд.
Баъд аз тановули хӯрок дар идгоҳ базми идона ва маросимҳои гӯштингирӣ, ресмонкашӣ, тухмҷанг, хурӯсҷанг, буҷулбозӣ, чашмбандӣ, давидан ва дигар суннатҳо баргузор мегардад. Дар идгоҳ аз дигар деҳаҳои гирду атроф паҳлавонон ҷамъ омада, байни худ қувваозмоӣ мекунанд.
Наврӯз дар водии Зарафшон
Таҷлили Наврӯз дар водии Зарафшон, хусусан минтақаҳои яғнобнишин бо як меҳру муҳаббат ва самимияти хос таҷлил мегардад. Наврӯз дар Яғноб яке аз писандатарин ва қадимтарин ид ба ҳисоб рафта, мардум онро ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомат ва базму тараб истиқбол мегиранд. Мардуми Яғноб Наврӯзро «нава сол» (соли нав) ё «сари сол» низ мегӯянд.
Дар ин рӯз занону духтарон хонаю манзили худро тозаю озода карда, лавозимоти шикастаю фарсударо ба дурӣ меандозанд, то дар соли нав ба чашмашон нанамояд. Мардҳо ба баъзе заминҳое, ки ҳоло низ барфпӯшанд, хок пошида, ба кишт омода месозанд, инчунин олотҳои кишту корро низ омода месозанд. Баъди тозакорӣ, занонону духтарон либосҳои зебои идона пӯшида, барои истиқболи соли нав ҳар гуна хӯрокҳо мепазанд.
Баъди анҷоми бозиҳои шавқовар ва базми идона, суннати дигари ин ҷашн -ҷуфтбаророн баргузор мешавад. Пири рӯзгордида дар доманаш гандум гирифта, ба замин мепошад. Мардони ҷуфтгар низ якдигарро табрик намуда, ба шохҳои гов равған мемоланд, то ҳосили имсола бофайзу боборакат шавад.
Наврӯз дар водии ҳисор Суннати дигаре, ки то ба имрӯз дар минтақаҳои қаторкӯҳи Ҳисор побарҷост, ин шаби соли нав ҷамъ омадани як хонавода мебошад.
Дар ин шаб як хонавода ҷамъ шуда, шодию хурсандӣ мекунанд, то ин ки давоми сол ҳамеша хурсанду сарҷамъ бимонанд.
Оини дигаре, ки то ба имрӯз ҳифз шудааст, ин аловпарак мебошад. Марди рӯзгордидае оташ меафрӯзад ва мардум аз болои он меҷаҳанд. Аввал мардон бо замзамаи «Зардии рӯям аз ту, сурхии рӯят аз ман» себорӣ аз болои оташ гузашта, баъдан занону кӯдакон бо чунин замзама меҷаҳанд.
Наврӯз дар ВМКБ
Аслан, Наврӯзро дар Бадахшон “Хидирайём” мегӯянд. “Хидирайём” аз ду вожа таркиб ёфта, яъне хидир-бузург ва айём-ҷашн аст. Тибқи тақвими мардумӣ ҳангоми ба поён расидани “чиллаи калон”-и зимистон, ки ба охири моҳи январ рост меояд, тафи замин берун меояд ва аз рӯи ҳисоби он офтоб дохили нохуни мард гардида, се рӯз дар он қарор мегирад.
Ҳамчунин, дар минтақаи Бадахшони кӯҳӣ мардум пеш аз оғози ид, хонатаконӣ мекунанд. Дар ин рӯз бонувон кӯрпаву кӯрпача ва қолинҳои хонаро бароварда тоза мекунанд ва чиҳози нолозимро ба дурӣ мепартоянд. Дар ин миён, занон хӯрокҳои миллии идона пухта, барои таҷлили Наврӯз тайёрӣ мебинанд.
Дигар хусусияти фарқкунандаи таҷлили Наврӯз дар Бадахшон ин ба равзанаи хона ворид шудани Наврӯз аст. Дар ин рӯз аз равзана рӯймолчаи худро мепартоянд ва соҳибхона барои он ҳар чизе, ки талаб кунад, медиҳад. Ин анъанаро дар Бадахшон “Килоғузғуз” меноманд.
Аз рӯзи сеюми ид то як ҳафта, ки ин низ як суннати мардуми Бадахшон ба ҳисоб меравад, хешовандон ба хонаи ҳамдигар омада, ба якдигар туҳфаҳои хотиравӣ медиҳанд, ки инро анъанаи “Салом-салом” мегӯянд.
Серистеъмолтарин вожа дар замони фарорасии Наврӯз дар Бадахшони Кӯҳӣ “Шогун” ё худ “Шогун баҳор муборак” мебошад.
Наврӯз дар вилояти Суғд
Дар вилояти Суғд низ Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Гулдухтарон либосҳои идона пӯшида, дар маркази шаҳру навоҳӣ барои таҷлили Наврӯз мебароянд. Ҳамчунин, дар ин минтақа барои хубу хуш гузаштани ин иди пуршукӯҳ мардум бозиҳои ҷолиби идона барпо мекунанд.
Фарорасии ҷашни Наврӯз айёми оғози бозии бачагон аст. Дар ин рӯзҳо кӯдакон бозии хосси худро доранд, ки онро аслан “Бодбарак” меноманд. Ҳамчунин, дар ин рӯз як ё якчанд нафар аз сокинони деҳа дар хонаи худ суманак гузошта, интизори мардум мешаванд. Мардум ба хонаи эшон омада, аз суманаки пухта мечашанд ва орзу мекунанд.
Дигар хусусияти хоси Наврӯзи Суғд ин аст, ки дар рӯзи ҷашн калонсолони деҳа ҷамъ шуда, тамоми мардумро ба базмгоҳи деҳа даъват мекунанд. Мардум чи хӯроке, ки ба хотири таҷлили Наврӯз пухтаанд, ба майдон оварда, аз хӯроки ҳамдигар мечашанд. Ҳамчунин, дар ин рӯз байни мардум маҷлиси калон баргузор гардида, мардум бо машварати якдигар мушилоти ҳамдигарро ҳал мекунанд ва “қонун”-ҳое, ки нолозиманд, бартараф месозанд.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
“Хатлон”