Сайри таърихии Наврӯз
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 март, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 085
Роҷеъ ба айёми ҷашнгирии Наврӯз дар байни фарҳангшиносон ду ақида мавҷуд аст. Дар даврони куҳан ориёиён тибқи гуфтаи доктор Муҳаммад Муин «Ҷашни наврӯзӣ»-ро дар ҳар ду фасл: тобистони ҳафтмоҳа ва зимистони панҷмоҳаи сол баргузор мекарданд, ки ба ҳангоми оғози фасли гармо буд ва замоне, ки чорпоёнро аз оғилҳо ба чарогоҳҳои сабзу хуррам мебурданд ва ҷашн дар оғози фасли сармо ба ҳангоме буд, ки галаҳоро ба оғилҳо меоварданд ва тӯшаи рӯзгори сарморо фароҳам месохтанд.
Дар «Авесто» дар бораи ҷашни Наврӯз ва оинҳои наврӯзӣ бевосита ишорае нашудааст. Ин ҷиҳати масъаларо ба эътибор гирифта, Маликушшуаро Баҳор дар «Авесто» инъикос наёфтани Наврӯзро аз ин сабаб медонад, ки ин ҷашни зардуштӣ намебошад ва расм набудани чунин оинеро дар Шарқи сарзамини Эрон эҳтимол донистааст. Aммо дар маъхазҳои паҳлавӣ ва монавӣ аз Наврӯз - Ҷашни аввали соли нав, сухан бисёр рафтааст.
Муҳаққики англис Артур Кристенсен дар китоби «Нахустин инсон ва нахустин шаҳрёр дар таърихи устураи Эрон» дар асоси «Динкард» ва маъхазҳои дигари паҳлавӣ дар бораи Наврӯз ва Меҳргон ва дигар ҷашнҳои куҳан, ки он аз оғози офариниш аст, маълумот додааст. Муаллифи ин асар Наврӯзро дар саросари ҷаҳон густардашуда шумурдааст. Аз он, яъне Наврӯз, ба мардум роҳат ва осоиш мерасад ва инсонҳо ба умеди осоиш дар тайи он ҷашнҳо дар кору ранҷашон ба хушнудӣ мерасанд.
Ба ақидаи А. Кристенсен, Наврӯз дар паси панҷ рӯзи изофӣ (панҷак ё панҷаи дуздида)-и хири сол меомадааст. Ин панҷ рӯзи изофиро дар шашумин гоҳ- анбор дар охири моҳи сирӯза меафзуданд ва онро ҷашн мегирифтанд. Дар ин бора А. Кристенсен чунин изҳори ақида кардааст: «Ҳар гоҳанбор панҷ рӯз аст, ки охирин рӯзи он ба унвони «рӯзи иди аслӣ» ҷашн гирифта мешуд. Охирин гоҳанбор аз ин гоҳанборҳо, ки зимнан ваҷҳи иштиқоқи номи ӯ маълум нест, яъне шомили панҷ рӯзи изофӣ (хамсаи мустарака) аст, ки ҷойи он дар поини охирин моҳ аз моҳҳои сирӯза аст. Аз замоне, ки оғози сол дар эътидоли баҳорӣ таъйин гардид, Наврӯз бад-ин тартиб шашумин рӯзи ҷашн гашт».
Инчунин, мувофиқи сангнавиштаҳои Тахти Ҷамшед, ки чун он як маркази оинӣ буд, Наврӯз дар аҳди Ҳахоманишиён бо шукӯҳу бо тантана баргузор мегардидааст.
Ба қавли Ризо Шаъбонӣ, Дорюш-шоҳи ҳахоманишӣ (521-486 пеш аз милод) дар Наврӯзи ҳар сол ба маъбади Баълмардукраббуннавъи бузурги Бобул мерафт ва дасти онро мегирифт. Ин подшоҳ ва шоҳони дигари ҳахоманишӣ барои таҳкими бунёни қудрати худ маъмулан дар назари ҳар як миллат худро тарафдори мазҳаби эшон муаррифӣ мекарданд ва мутобиқи одоби мазҳабии онон рафтор менамуданд. Дар ин аҳд подшоҳон дар Наврӯз ба «бори ом» менишастанд. Бори омро иморати махсус буд. Шоҳ дар айвони ин иморат менишасту пахрадорон (посбонону муҳофизон)-и хосса дар атрофи вай саф мекашиданд ва маросими Наврӯз хеле пуршукӯҳ мегузашт.
Дар ин рӯз маъмулан аз вилоятҳову иёлоти мухталифи мамлакат намояндагони махсус ба шоҳ ҳадяҳо меоварданд. Соҳиби бор намояндагони миллатҳои тобеъро ба навбат ба назди шоҳ мебурд. Ҳадяҳое, ки барои шоҳ оварда мешуданд, маъмулан хосси ҳар сарзамину ҳар қавм буданд, монанди аспу гӯсфанд, шутуру гов, шеру бузи кӯҳиву зарофа (туҳфаи мардуми Ҳабашистон).
Димишқӣ дар «Накбат-уд-даҳр» тасвири маросими Наврӯзро дар замони Сосониён овардааст. Ӯ зикр намудааст, ки Наврӯз аз айёме, ки чархи гардун ба гардиш омадааст, яъне, аз он даврае, ки ҷамъияти инсонӣ пайдо шудааст, ид карда мешавад. Дар замони Сосониён чунин маросиме будааст, ки пеш аз бегоҳ марди зебое ба ҳарами шоҳ ворид шуда, субҳро интизор мешудааст. Бомдодон то ӯро дидани шоҳ хомӯш меистодааст. Шоҳ, ки ӯро дид, мепурсидааст:
-Ту кистӣ, аз куҷо омадаӣ, номат чист ва чӣ мехоҳӣ? Ба чӣ кор андарун омадаӣ ва бо ту чист?
Ӯ ҷавоб медодааст:
-Ман пирӯзам, номам Муборак аст ва аз сӯйи бахт омадам. Барои ту подшоҳӣ, некбахтӣ ва тандурустӣ хоҳонам. Ва Соли навро бо худ овардам.
Пас аз саволу ҷавоб он мард нишаста ва шахси дигар меомадааст, ки дар даст дастархони нуқрагине дорад. Хонро, ки дар он гандум, ҷав, нахӯд, кунҷид ҳафтхӯшагӣ буд, рӯ ба рӯйи подшоҳ мениҳодаст. Пасон, хоне бо шакар, динору дирҳаме низ меовардаанд. Пешкашҳои аз вилоятҳо омадаро низ мегузоштанд. Пешкаши аввалинро вазир ба назди шоҳ мебурд. Аз ақиби вазир шахсони дигар вориди қабулгоҳи шоҳ мешуданд. Сипас, нони гирдаи бузургеро, ки аз донҳо мепухтанд, ба назди подшоҳ мегузоштанд. Подшоҳ каме аз
он шикаста хӯрда ва чизҳои дигарро чашида мегуфтааст:
- Ин рӯзи нав аз моҳи нав, аз Соли нав аст ва мо ниёзмандем, ки он чиро рӯзгор куҳан кардааст, нав бикунем ва мардумро неку бидорем.
Шоҳ дар охир ҳозиринро бо фарорасии Соли нав муборакбод менамудааст.
Маъхази дигаре. ки дар бораи чӣ тавр ҷашн гирифтани Наврӯз дар замони Сосониён маълумот додааст, «Китоб-ул-махосин-ва- л-аздод» мебошад, ки дар он омадааст: «... сапедадами рӯзи шашуми иди Наврӯз марде хушандом назди шоҳ медаромад, ки забони шево дошт. Ӯ рӯ ба рӯйи шоҳ истода, иҷозати ба дарун даромадан мекард. Шоҳ аз ӯ мепурсид:
-Бо ту чист ва аз куҷо омадаӣ?
Ӯ ҷавоб медод:
-Ман аз сӯйи ду ҳумоюн омадам ва назди ду некбахт хоҳам рафт. Ва ҳар кӣ пирӯзманд буд, бо ман омад ва номи ман Хуҷаста аст. Бо худ Соли нав овардам ва подшоҳро муждаву дуруд овардам.
Шоҳ ба ӯ мегуфт:
-Андар ой!
Он мард ба назди шоҳ даромада, хоне густурда, дар он нони гандум, ҷав, арзан, нахӯд, шолӣ, кунҷид, боқило ва лӯбиёи пухташударо мегузоштааст. Аз донҳои дар боло ишорашуда низ ҳафтдонагӣ дар гирдогирди хон мениҳодаанд. Дар мобайни хон аз дарахтони бон, зайтун, амруд, анор ва ғайра ҳафттогӣ шохча бурида мемондаанд. Ҳар яке аз ин шохчаҳо рамзи як музофот буд. Дар ҳар ҷои хон бо пораи коғаз менавиштанд: «афзуд, афзояд, афзун, борвар, фарохӣ ва фаррухӣ». Бо хӯшаҳои донҳо, нони гирда, шохи сабзи дарахтон ва суханони рамзӣ-фаровонӣ, хушнудӣ, сулҳу амонӣ ва бахтро орзу мекарданд. Бо донҳо ва номҳои онҳо фол гирифта, бобаракатии кишти деҳқонӣ ва аз ҳар гуна наҳсу касофат эмин мондани онҳоро таъмин менамуданд.
Хулоса, дар тамоми гӯшаю канори Осиёи Миёна аз қадим Наврӯзро ҳамчун иди сари сол, Соли нав ҷашн мегирифтанд.
Дар охири асри 19 ва аввали асри 20 ҳар як минтақа ва ноҳия барои баргузории ҷашни Наврӯз сайргоҳҳои махсуси худро дошт. Дар Наврӯз тамоми қишрҳои ҷомеа, хурду бузург, ҳунармандону сарояндагону раққосону шуъбадабозон, масхарабозон ба сайргоҳ ҳозир мешуданд ва Наврӯзро бо шодиву нишоти хосса таҷлил мегирифтанд. Дар рӯзҳои Наврӯзӣ ҳар гуна мусобиқаҳои варзишӣ намоиш дода мешуданд, ки мардум аз тамошои онҳо лаззат мебурданд. Дар рӯзҳои ҷашн аз манотиқи гуногуни дуру наздик меҳмонон меомаданд. Устод С. Айнӣ дар «Ёддоштҳо» овардааст: «Дар замонҳои пеш деҳқонони тоҷик пеш аз Соли нав - пеш аз моҳи ҳамал дар деҳа мардум дар майдонҳо ҷамъ шуда, гӯштингирӣ ва дигар ҳаракатҳои баданро карда, гӯё бо ин аз сармои зимистон афсурдаашон қуввати нав медоданд ва дар аввали ҳамал се рӯз сайругашти умумӣ карда, ба киштукор медаромаданд».
Дар даврони Шӯравӣ Наврӯз аз тарафи ҳукумат расман таҷлил намегардид, вале мардуми ҳар минтақаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба таври худ онро ҷашн мегирифтанд. Дар бисёр манотиқ онро «Иди баҳор» ном мебурданд. Ҷашни Наврӯз ҷойгоҳи аслии худро маҳз дар замони Истиқлоли давлатӣ дарёфт намуд.
3-юми ноябри соли 1995 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» имзо гардид, ки тибқи он 21-22-юми моҳи март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Наврӯз эътироф карда шуд. 29-уми апрели соли 2006 ба Қонуни мазкур тағйирот ворид карда шуд, ки дар асоси он рӯзҳои 23 ва 24-уми март низ ҳамчун рӯзҳои ҷашни Наврӯз муқаррар гардиданд.
Баъди мақоми оламӣ гирифтани Наврӯз 21-уми июли соли 2010 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуда, ба ҷойи ибораи Ҷашни Наврӯз Иди байналмилалии Наврӯз навишта шуд ва бо ҳамин Қонуни мазкур ба қарори Маҷмааи Умумии СММ мутобиқ гардид.
Ҳамзамон, бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар «Нишони Наврӯз» таъсис гардида, ҳамчун рамз тасдиқ карда шуд.
Ҳоло дар Тоҷикистон Иди байналмилалии Наврӯз дар баробари дигар идҳои ҷаҳонӣ яке аз бузургтарин идҳои миллӣ эътироф гардидааст ва мардуми тоҷик онро бо риояи расму оинҳои анъанавӣ бо тантана ҷашн мегиранд.
Таҳияи И. ҲАСАНОВ