Ояндаи матбуотро чӣ интизор аст?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 март, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 734
Замоне ки рӯзномаву маҷалла ва телевизиону радио мавҷуд набуд, воизону ҷорҷиён вазифаи журналистикаи хабариро иҷро мекарданд. Баъдан, нишонаҳои зуҳуроти журналистикаи касбӣ дар пайдоиши маълумоти чопӣ, ки дар брошюраҳову овезаҳо ба чашм мерасиданд, падидор гардид. Пеш аз ихтироъ шудани радиову телевизион матбуоти даврӣ вазифаи журналистикаи ҳирфавиро адо мекард...
Фаъолияти босамари нашрияҳо аз он дарак медиҳанд, ки то имрӯз талаботи аудитория ба матлаби рӯзномаву маҷалла боқӣ аст. Имрӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ ягона нашрияе, ки қариб ҳамарӯза чоп мешавад, рӯзномаи “Ҷумҳурият” мебошад. Вале дар баробари ин, садҳо нашрияҳо вобаста ба мавзӯи худ, аудиторияи хешро доро мебошанд.
Имрӯз дар вилояти Хатлон 5 нашрияи вилоятӣ – рӯзномаҳои “Хатлон”, “Новый Хатлон”, “Дӯстлик” ва маҷаллаҳои “Сафо” ва “Меҳровар” фаъолият мекунанд, ки ҳар кадоме бо теъдодҳои гуногун ба чоп мерасанд. Аз нашрияҳои музофотӣ, ягона нашрияе, ки имрӯз дар сатҳи вилоят ҳафтае ду маротиба бо теъдоди қариб 14 000 нусха ба нашр мерасад, рӯзномаи “Хатлон” мебошад.
Иброҳим Усмонов - муҳаққиқи соҳаи журналистика, ҳамчунин, публитсисти варзида фаъолияти нашрияҳои имрӯзаро наонқадар қаноатбахш меҳисобад. Ба андешаи устод И.Усмонов фаъолияти сусти матбуот ба рӯзноманигорон вобастагӣ дорад.
Ҳарчанд ки дар гузашта ва имрӯз мавқеи матбуоти даврӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ назаррас бошад ҳам, вале дар оянда то ба кадом сатҳ рушд кардани онро як муаммои сарбаста меҳисобанд. Баъзе муҳаққиқон ба он андеша ҳастанд, ки дер ё зуд ҷойи матбуоти давриро техникаву технологияи муосир иваз мекунад, вале дар ин миён, журналистика рушд мекунад. Аммо, Хуршеди Атовулло, рӯзноманигори варзидаи кишвар, бар хилофи ин андешаҳост: “Дар таърихи рӯзноманигорӣ бори аввал нест, ки фикр мекунанд нашрияҳо тамоман аз байн мераванд. Аммо дар Амрикову Аврупо роҳи пойдор мондани нашрияҳоро пайдо карданд. Дер ё зуд нашрияҳои мо ҳам роҳи ҳалли ин мушкилиро пайдо мекунанд. Ин метавонад бо роҳи обуна бошад, метавонад реклама бошад, метавонад таъсиси сайту агентӣ дар интернет бошад, аммо яқин аст, ки пайдо мешавад”.
Таърих гувоҳ аст, ки матбуоти даврӣ аз замони пайдоиши худ то ин давра чандин маротиба ба ҳолатҳое рӯ ба рӯ гардидааст, ки метавонист, яқинан онро ба нестӣ барад. Аммо бо кордонӣ ва таҷрибаи муҳаққиқони ботаҷрибаю кордон лаҳзаҳои душвори сиёсию ҷамъиятӣ паси сар шуда, баръакси ҳол, матбуоти даврӣ инкишоф ёфт.
Дар ин миён Мурод Муродӣ - рӯзноманигор, муҳаққиқи соҳаи журналистика, дар бораи аз байн рафтани матбуот чунин ибрози андеша мекунад: “Имрӯз дар баъзе нашрияҳо вомехӯрем, ки маводҳоро такрор ба такрор нашр мекунанд ва ин аз заифии матбуот дарак медиҳад. Бояд матбуотро устувор нигоҳ дорем. Дар ин асно агар амале накунем, ба ояндаи матбуот чизе гуфтан нашояд. Зеро дар ин замоне, ки мо зиндагӣ дорем, техникаву технология бо авҷ рушд карда истодаанд ва ин ба матбуоти чопӣ халал ворид менамояд”.
Ҳарчанд имрӯз аксарияти муҳаққиқон бар он назаранд, ки ояндаи матбуотро журналистикаи шаҳрвандӣ бо саҳми техникаву технология иваз мекунад, вале ақидаи инҷониб бар ин назар муқобил аст. Зеро мардум аз ҳар як чизе, ки тӯлонӣ давом мекунад, хаста мешаванд ва рӯ ба гузаштаи худ мениҳанд. Инчунин, идоракунандаи техникаву технология шаҳрвадони одӣ мебошанд ва дар ҳар ҳолат метавонанд, иттилои бардурӯғро нашр кунанд. Мардум бошанд, аз иттилои дурӯғ хаста мешаванд ва боз дар ин ҳолат низ, рӯ ба матбуоти даврӣ меоранд. Ҳамчунин, гуфтан ба маврид аст, ки то имрӯз садҳо нашрияҳо нест шуданд, вале ба ҷойи онҳо садҳои дигар пайдо гардидаанд.
Хонандаи азиз! Имрӯз матбуоти тоҷик 110 - сола мешавад ва санаи 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи матбуоти тоҷикро ба якояки журналистони кишвар, хосса матбуотчиён ва хонандагони ҳамешагии нашрия ва рӯзномаи “Хатлон” табрик мегӯем. Ҳамеша бо “Хатлон” бошед!
Ҷасури Қиёмиддин,
“Хатлон”