Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Дили модар


Дили модар



Ду соат боз духтарчаамро ҷустуҷӯ дорам. Ба назарам гӯё ду сол гузашт. Ба сарам фикрҳои зиёде меомад. Куҷо рафта аст ӯ? Ба кӯча баромада, касе фиребаш дода рабуда бошад чӣ?! Мегӯянд, ки кӯдакдуздон барои пул шуда чӣ корҳое намекунанд. Кӯдаконро ба одамони бефарзанд медиҳанд. Аз ҳама бадаш узвҳои кӯдаконро мефурӯшанд. Не, не! Наход духтараки дӯстрӯяки маро... Не, Худо нигоҳ дорад! Хонаам дар канори роҳи мошингард воқеъ аст. Гумон мекардам, ки ягон ронандаи фосиқ ӯро ба мошинаш савор карда бурдааст. Наход дар кӯчаи калони серодам нафаре духтарчаи танҳоро надидааст?!


Аз қафои кӯдакистон ҷӯйборе мегузарад ва борҳо ӯро ба хотири салқин будани соҳили он ба сайр бурда будам, акнун худаш танҳо он ҷо рафта бошад? Агар дар об ғарқ шуда бошад-чӣ? Худоё! Ин чӣ рӯзи сиёҳе буд. Чор тарафро аз назар гузаронидам, вале бенатиҷа. Инсон дар ҳолате, ки илоҷи корро намеёбад, оҷиз мемондааст. Танҳо ба раҳми Худованд умед мебастааст. Ашки чашмонам беихтиёр равон шуданд. Дилам беист метапид, ҳатто садояш ба гӯшам мерасид.

Дар байни замину осмон монда будам. Дар симои духтараки ширинам Нозия хандаҳояш, лафзи ширини кӯдаконааш, бо дастакони кушода ба оғӯшам “очаҷон” гуфта давиданҳояш, эркагиҳояш пеши чашмонам меомад. Гоҳе панҷаи ноумедӣ ҷисмамро сахтсахт мефушурд. Он аз чор дарди тавлиди фарзанд ҳам сангинтар менамуд. Аз даст додани фарзанд азобу сангин будааст. Не, ӯ зинда аст,-таскин медодам худро. Ақлу эҳсосам байни худ ҷанг доштанд. Намехостам бовар кунам, ки бо ҷигарбандам кори баде шудааст. Аммо набудани вай ҳақиқат буд.

Шояд пайдо шудани ожанги аввалини ҷабинам, сафед шудани тори мӯям аз ҳамин лаҳзаи имтиҳони тақдир буд. Ман дарди модароне, ки доғи фарзанд дидаанд, ҳамин дам баръало ҳис кардам. Чӣ сон пурсабр будан лозим аст, то доғи ҷудоӣ аз тифлатро таҳаммул кунӣ. Ҳамсояву шиносҳо маро ҳалқавор печонида, дилбардорӣ мекарданд. Нафаре ба рӯям об мепошид, тасалло медод, ки худро ба даст гирам. Он чизе, ки аз дили ман мегузашт, Худо медонисту худам. Танҳо аз Офаридагор зориву тавалло мекардам, ки Нозияамро солиму зинда баргардонад. Ба ҳар садои кӯча гӯш медодам.

Мабодо нафаре хабари ёфт шудани ӯро мегуфта бошад. Не, касе хабаре намерасонд. Беихтиёр охирин лаҳзаҳои бо ӯ буданамро пеши назар овардам. Аввал хӯроки нисфирӯзиро пухта, баъд кӯдакро хобониданӣ будам. Нозия бо лӯхтакаш рӯйи ҳавлӣ бозӣ дошт. Ман дар ошхона машғули хӯрокпазӣ шуда, танҳо 5-10 дақиқа Нозияро танҳо гузоштам. Одатан, ӯ пеш аз хоб шириние мехӯрду алла гуфтанро хоҳиш мекард. Ва худ зери лаб бо лафзи кӯдакона бо лӯхтакаш ҳарф мезад... Аз ошхона берун шудам. Ӯро дар рӯйи ҳавлӣ надидам. Зуд вориди хона шудам.

Дари хонаи дарунро кушодам, дар он ҷо нест. Шитобон ба кӯча баромадам. Охир ӯ танҳо ҳеҷ гоҳ ба кӯча намебаромад. Гуфта намешавад, шояд кӯдак аз рӯйи кунҷкобиаш танҳо баромада бошад. Фикрҳо азобам медоданд. Акнун ба падараш чӣ мегӯям? “Ту, зани бепарво, дар хона нишаста кӯдакро нигоҳ накардӣ? Ё бо занони ҳамсоя овораи ғайбат шуда, духтарчаи дусоларо танҳо мондӣ? Аз назарам дур шав, ба ман, ту барин зани бепарво даркор нест”, - гӯяд чӣ кор мекунам. Гӯё гургон ба дилам панҷа мезаданд ва меҳри модариамро месанҷиданд. Аз захми дарди хуншори ноумедӣ меларзидам, аммо таслим шудан намехос-там.

Мегӯянд, ки дили модарон пеш аз ҳодисае бо фарзандашон онро ҳис мекунад. Агар фарзанд бемор шавад, ё мушкилие пеш ояд, эҳсоси модариашон дар ин бора хабар медиҳад. Шояд меҳру самимияти модар ба фарзанд чунон бузург аст, ки фол ҳам дида тавонад... Баъди он ки корманди милиса аз ман акси духтарчаамро пурсон шуд, то ҷустуҷӯйро оғоз кунанд, ба хона даромадам. Дар хонаи дарун, дар ҷевони паси гаҳвора албоми аксҳои оилавиро доштем. Хостам гаҳвораро яктарафа карда, дари ҷевонро кушоям. Туфличаҳои сурхи Нозия аз бари болопӯши гаҳвора намудор шуданд.

Боэҳтиёт як гӯшаи болопӯшро боло кардам. Духтарчаам лӯхтакашро сахт ба оғӯш кашида, масти хоб буд. Гӯё як сатил оби сардро аз сарам рехта бошанд, ба худ омадам. Нафаси осуда кашидам. Шояд ӯ ин лаҳзаҳо хоби ширин медид, бо орзуҳои кӯдаконааш дар олами хушбахтӣ парвоз дошт. Шояд барои ман ин ду соати ҷудоӣ аз ҷигарбандам санҷиши садоқати модарӣ буд. Шояд! Беихтиёр ашки чашмонам ҷорӣ шуданд. Он ашки шодӣ, ашки шукргузорӣ буд...

Таснифи Д. МАҲКАМОВА, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода