Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Таъминот бо китобҳои дарсӣ дар чӣ ҳол аст?


Таъминот бо китобҳои дарсӣ дар чӣ ҳол аст?



Яке аз мушкилиҳое, ки падару модарони хонандагон ва дигар масъулинро ба ташвиш овардааст, ин эҳтиёҷоти зиёд доштани хонандагон ба китобҳои дарсӣ мебошад. Дар ин росто, коршиносону мутахассисон бар он назаранд, ки норасоӣ ва ё худ эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ сабабҳои худро дорад. Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала бо коршиносон, мутахассисон, китобдорону омӯзгорон ва волидону хонандагон суҳбат ороста, назари онҳоро ҷиҳати сабабҳои мавҷудияти мушкилоти мазкур пурсон гардидем. Инак, фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

Масъулини Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз сабабҳои мавҷудияти эҳтиёҷот ба китобҳои дарсиро дар афзоиши ҳамасолаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ, сари вақт пардохт нашудани маблағи китобҳои иҷоравӣ, мушкилӣ дар шакли тақсимоти китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва амсоли инро унвон карданд.

- Барои синфи 5-ум аз фанҳои таърихи халқи тоҷик, таърих, технологияи меҳнат 261 нусха, синфи 6-ум аз фанҳои география ва забони русӣ 160 нусха, барои синфҳои 7 ва 8-ум аз фанҳои геометрия, таърихи халқи тоҷик, технологияи меҳнат 366 нусха китоб, барои синфҳои 10 ва 11 бошад, аз фанҳои ҳуқуқ, таърихи умумӣ, таърихи халқи тоҷик 237 нусха китобҳои дарсӣ намерасанд, - гуфт Муборак Абдуллоева, китобдори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Қубодиён.

Мавсуф илова намуд, ки агарчи дар баъзе аз фанҳо норасоии китоб мушоҳида мегардад, вале барои фанҳои биология, таърихи халқи тоҷик дар синфи 8 ва алгебраи синфи 10 аз шумораи хонандагон бештар ворид гардидааст. Мо илоҷи дигар надорем ва бояд маблағи китобҳоеро, ки истифода намешаванд, пардохт кунем. Чунин ҳолатҳо низ яке аз сабабҳои афзоиши бақияи қарзи маблағи китобҳои дарсӣ гашта метавонад.

ОМИЛИ КУБАНДА

Сафар Қурбонов, сарнозири Бахши маорифи шаҳри Левакант, изҳор дошт, ки агар дар соли таҳсили 2020 – 2021 шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таълимӣ 12 ҳазору 729 нафарро ташкил медод, пас дар соли таҳсили 2021 –2022 ин шумора ба 13 ҳазору 429 нафар расид, ки аз соли гузашта 680 нафар зиёд мебошад. Ба ҳисоби миёна 4 китоб барои синфҳои ибтидоӣ аллакай ба 680 нафар хонанда эҳтиёҷот ба 2720 китоби дарсӣ пайдо мешавад. Зеро ғайр аз зиёдшавии китобҳо, боз проблемаи фарсудашавӣ, гумшавӣ, сари вақт нашр нашудан вуҷуд дорад, ки ин норасоиро бештар менамояд.

ТАЪМИНОТ ЗИНА БА ЗИНА

Давлат Ишмуродов, сармутахассиси Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, гуфт, ки ба ҳолати моҳи октябри соли 2021 шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят 959053 нусха китоби дарсӣ, маводи таълимӣ 66250 нусха, маводи таълимии ройгон 5531 нусха ба маблағи 36090 сомонӣ дастрас шудааст. Ғайр аз ин, боз як қисми китоб ва маводҳои таълимии дигар низ ворид гардида, тақсимоти онҳо ба шаҳру ноҳияҳо идома дорад.

НАШРИ КИТОБҲО ТАҒЙИРОТ МЕХОҲАНД

- Баъзе аз китобҳое, ки дар дарс бештар истифода мешаванд, ба монанди забон ва адабиёт ё математика, ки дар як ҳафта 2-3 рӯзи дарсӣ аст, бояд зиёдтар нашр карда шаванд. Зеро китобҳои зиёд истифодашаванда тез фарсуда мегарданд, - афзуд Қодиров Умар, мушовир оид ба китобҳои дарсии шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.

Мавсуф, ҳамчунин, илова кард, ки китобҳои фанҳое ҳастанд, ки дар як ҳафта ҳамагӣ як маротиба аз рӯи онҳо дарс гузаронида мешаванд.  Масалан, астрономия, экология, маърифати оиладорӣ, санъат ва меҳнат ва амсоли ин бояд нисбатан камтар нашр карда шаванд. Яъне, китобҳои серистифода зиёд ва камистифода кам нашр карда шаванд.

ЭҲТИЁҶОТ ВА ҚАРЗ

Эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ 27 ҳазору 304 нусха, шаҳри Левакант бошад, 15 ҳазору 548 нусха китоб мавҷуданд. Ҳоло ҳамаи шуъбаҳои маориф ба Вазорати маориф ва илми кишвар дархостҳои худро ирсол кардаанд. Бахусус, аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 116 ҳазор, Левакант 95 ҳазор ва Ёвон 105 ҳазор нусха дархост пешниҳод гардидааст. Қарздорӣ агар дар шаҳри Левакант 148 ҳазор сомонӣ бошад, пас дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 999 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба ҳамин монанд, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мушкилоти норасоӣ, қарздории китобҳои дарсӣ вуҷуд доранд.

ПЕШНИҲОДИ РОҲИ ҲАЛЛ И МУШКИЛӢ
(ба ҷойи хулоса)


Муҳаммад Рустамов, сокини шаҳри Бохтар, мегӯяд, ки бояд танҳо ба нашр ва дастрасшавии китобҳои коғазӣ дода нашавем. Зеро дар асри муосир ва технологияи иттилоотӣ қарор дорем.

Бояд дар муассисаҳои таълимӣ шакли электронии китобҳои дарсӣ ташкил карда шавад. Аллакай барои ин як қадами устувор дорем. Масалан, бо ташкил кардани синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ қисман чунин шароитҳо муҳайё мебошанд. Илова бар ин, ҳоло дар аксарияти хонаводаҳо телефонҳои мобилии ҳушманд вуҷуд дорад, ки шакли электронии китобро дар хона бо истифода аз онҳо мутолиа карда метавонанд. Зеро оид ба мушкилоти норасоии китобҳои коғазии дарсӣ ду даҳсолаи охир аст, ки ҳарф мезанем, аммо то ҳол ҳалли худро пайдо карда наметавонад. Оё масъулон роҳи дигари ҳалро медонанд?


Суҳроб АЗИЗЗОДА, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода