ҲУШЁРӢ ВА ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ!
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 02 апрел, Бахш: Сиёсат, Боздид 1 191
Ҷавонони закӣ ва қавииродаи тоҷикро зарур аст, ки доиман аз зиракии сиёсии худ истифода карда, тамоми суханони бардурӯғи душманони миллати тоҷикро ба риштаи таҳлил кашида, баъдан хулосабарорӣ намоянд. Махсусан дар робита ба вазъи Изат Амон, ки бо сабаби риоя накардани қоидаҳои будубош ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба шаҳрвандии Россия бо қарори додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Москва аз Федератсияи Россия ронда шуда, барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, дар шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.
Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар саҳифаву расонаҳои интернетӣ гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро бо истифода аз номи Изат Амон ва вазъияти ӯ нисбати Ҳукумати Тоҷикистон буҳтонҳои бардурӯғ зада, муҳоҷирони тоҷикро, ки аз вазъияти аслӣ ва мақсади ифротгароён огоҳ нестанд, ба гумроҳӣ бурдан мехоҳанд.
Ёдовар бояд гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳаргиз ҳуқуқи амр кардани Ҳукумати Руссияро дар робита ба депорт кардани як шаҳрванд надорад ва ин корро низ ҳаргиз намекунад. Федератсияи Руссия, хусусан қарори додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Москва шаҳрванд Изат Амонро аз ҳудуди Руссия ронд. Ин ҳама дар такя ба риоя накардани қоидаҳои будубош ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба шаҳрвандии Россия аз тарафи Изат Амон ба амал омад.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳаргиз бе далел ва беҷурм касеро ба додгоҳ нахоҳад кашид. Нисбати шаҳрванд Холов Изатулло Амонович парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, тафтишот идома дора два набояд, ки пеш аз пода чанг андохта, натиҷаи тафтишотро пешакӣ муайян намуд. Додгоҳ дар асоси факту далелҳои дақиқ бо ба инобат гирифтани муроҷиати шаҳрвандон нисбати амали шаҳрванд Изат Амон хулосаи даркориро хоҳад баровард. Ин ҳоло маълум нест, ки ба шаҳрванд Изат Амон чигуна ҷазо ва дар кадом шакл муайян карда мешавад.
Муҳоҷирони тоҷик, ки ба хотири дарёфти қути лоямуд ва пешбурди зиндагӣ ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, набояд, ки ба суханони иғвоангезона ва дурӯғҳои аъзоёни гурӯҳҳои ифротгароӣ дода шаванд.
Муродалӣ Сафаров, сокини шаҳри Левакант
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04