НАЙРАНГҲОИ НАВБАТИИ ИФРОТҒАРОЁН
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 01 апрел, Бахш: Сиёсат, Боздид 1 199
Боиси таасуф аст, ки хоинон ва душманони давлату миллати тоҷик аз тамоми имконот ва вазъияти баамаломада истифода намуда, нисбати давлату Ҳукумати Тоҷикистон буҳтонҳои иғвоангезона мезананд. Хусусан бо истифода аз вазъи Изат Амон (Холов Изатулло Амонович), ки бо сабаби риоя накардани қоидаҳои будубош ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба шаҳрвандии Россия бо қарори додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Москва аз Федератсияи Россия ронда шуда, барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, дар шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст, гурӯҳҳои ифротӣ ва хоинони давлату миллати тоҷик нисбати Тоҷикистон ва роҳбарияти давлат буҳтонҳои бардурӯғ зада, муҳоҷирони тоҷикро роҳгум кардан мехоҳанд. Аз ин лиҳоз, муҳоҷирони тоҷик, ки берун аз кишвар қарор доранд бояд ба суханони бардурӯғи ифротгароён дода нашуда, роҳгумиро интихоб накунанд ва ба вазъияти баамаломада бо такя ба факту далелҳои аниқ баҳогузорӣ кунанд. Зеро гурӯҳҳои ифротӣ, ба монанди гурӯҳи 24, аъзоёни ташкилоти террористии ҲНИТ ва амсоли инҳо дигар хоинону душманони миллат доиман бо маблағгузории хоҷагони хориҷиашон дар фикри бадном кардани давлату миллати тоҷик мебошанд. Ҳодисаҳои гузашта ва нақши гурӯҳҳои ифротӣ дар содиркардани ҷиноятҳо ва роҳгумии халқи тоҷик гувоҳи гуфтаҳои болост.
Инро ба инобат гирифта ба ҷавонон ва муҳоҷирони тоҷик муроҷиат намуданием, ки ба сухани онҳое, ки фирори аз ватан буда, бо ивази маблағгузории хоҷагони хориҷаашон дар ҳаққи тоҷику Тоҷикистонӣ ва роҳбарияти Тоҷикистон суханони бардурӯғ мегӯянд, дода нашаванд. Ҳушёрии зиракиро аз даст надиҳанд.
Дастоварду муваффақиятҳои пай дар пайи Тоҷикистон ва чорабиниҳои сатҳи байналмилалии баргузоршуда дар шаҳри Душанбе нишонаи сиёсати хирадмандона,ободгарона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин ҳама пешрафту навгонӣ ва ободонию гулгулшукуфии Тоҷикистонро нодида гирифтан гувоҳи ғаразҳои нопоки душманони давлату миллати тоҷик мебошад.
Сафаралӣ Лақаев, ноҳияи Кӯшониён
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04