Дар як сатр
» » Об - сарчашмаи ҳаёт

Об - сарчашмаи ҳаёт

2-05-2018, 11:21

Даҳсолаи байналмилалии амал

«Об барои рушди устувор, 2018-2028»

«Ҳамагон бояд бидонанд, ки арзиши об аз нафт, газ, ангишт ва  сарватҳои дигари табиӣ барои ояндаи устувори мамлакат ва минтақа камтар нест».

                                                                                    

Эмомалӣ РАҲМОН
 

Об дар тараққиёти инсоният нақши муҳим дорад. Одамон аз қадимулайём дар наздикии сарчашмаҳои об, ки омили муҳими зиндагӣ ва некуаҳволӣ мебошад, маскан мегирифтанд. Воқеан ҳам, об сарчашмаи ҳаёт аст ва инсоният ҳамеша онро ҳамчун сарчашмаи муқаддас мадҳу ситоиш кардааст.

Дар шароити муосир бошиддат зиёд шудани шумораи аҳолӣ, рушди иқтисодиёт ва таъсири дигар хатарҳо, ки боиси сарбориҳои иловагӣ болои захираҳои табиӣ шудаанд, арзиш ва қимати об чандин маротиба боло меравад.

Аз гузоришҳои расонаҳои интернетӣ ва воситаҳои ахбори омма бармеояд, ки дар сайёраи мо миллионҳо нафар одамон аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд ва аз ин неъмати бебаҳо маҳруманд.

Воқеан, солҳои охир дар як қатор давлатҳои ҷаҳон норасоии об ба мушкилии дардовари башарӣ мубаддал гардидааст. Хушбахтона, Тоҷикистони мо кишвари сероб буда, яке аз сарчашмаҳои оби нӯшидании минтақа маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, ба қадри ин неъмати бебаҳои ватан расидан вазифаи инсонию шаҳрвандии мост. Хусусан, ҷавононро бояд ба ҳифзи покизагии об ва истифодаи сарфакоронаи он пайваста талқин созем, то қимати онро хуб донанд.

Гузаштагони мо аз қадим обро чун сарчашмаи покӣ дониста, аксар расму анъанаҳои миллиамонро бо обпошию обнӯшӣ ва покизакорӣ тавассути об оғоз бахшидаанд. Олуда кардани оби тозаро хирадмандону куҳансолонамон гуноҳи азим медонанд. Ҳоло беш аз 80 давлати дунё аз норасоии оби тоза азият мекашад. Қимати об дар саросари олам пайваста меафзояд ва ҳикмати суханони Сарвари давлат ва панду насиҳати гузаштагонамонро дар бобати дуруст истифода намудани об бештар ҷилва медиҳанд.

Дар ҳақиқат, Тоҷикистон яке аз давлатҳои аз лиҳози захираи об бой маҳсуб ёфта, сарчашмаи обе мебошад, ки он ба давлатҳои ҳамсоя мерезад ва бо пиряхҳои азими худ метавонад боз садсолаҳо Точикистон ва дигар давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла, Ӯзбекистон, Қирғизистон, қисмате аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳои ҳаммарзи худро бо об таъмин намояд.

Мутаассифона, солҳои охир ивазшавии иқлим ба миён омада, захираҳои обии Тоҷикистонро то андозае коста гардонидааст. Бинобар ҳолати мазкур ва вазъии камобии дигар минтақаҳои кураи замин Пешвои миллати тоҷиконро бетараф нагузошта, бобати ин масъала аз минбари баланди СММ баромад карда, солҳои 2018-2028-ро соли Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон кард, ки ин пешниҳод аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва кулли аъзоёни ин созмони бонуфуз ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.

Ба ҳама маълум гардид, ки дар ҳақиқат, Тоҷикистон аз лиҳози манбаъҳои обӣ дар Осиёи Миёна ҷойгир буда, аз ҷиҳати захираи об дар ҷаҳон ҷойи 8-умро ишғол мекунад.

Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри об расида, аз як гиребон сар бароварда сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар ин ҷода дастгирӣ намоем.

С.САИДОВ,

Ф. ШОҲЗОДА,

мутахассисони Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва кори ҳуқуқии Вазорати адлияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Семинар: «дастрасӣ ба иттилооти судӣ»

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ