Дар як сатр
» » Шоҳҷоизаи «маликаи наврӯз»-ро зебосанами кӯлоб соҳиб шуд

Шоҳҷоизаи «маликаи наврӯз»-ро зебосанами кӯлоб соҳиб шуд

21-03-2018, 12:34

Дар толори Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ва эълон гардидани соли 2018 чун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон озмуни вилоятии «Маликаи наврӯзӣ» ҷамъбаст гардид.

 

Мақсад аз баргузории чунин озмун бо дарназардошти нақш ва мақоми зан дар ҷомеа тарбияи ҷавондухтарон дар рӯҳияи зебоипарастӣ, ахлоқи ҳамида, ҳидояти насли наврас ба ҷодаи эҷодкориву созандагӣ буд. Бояд гуфт, ки озмуни мазкур дар ду давр гузаронида шуд. Моҳи феврали соли равон даври аввали озмун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардида, баъдан даври ниҳоӣ дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар ҷамъбаст гардид. Шартҳои озмун аз пӯшидани либоси миллӣ, аз он ҷумла либоси маликаи Наврӯз, саволу ҷавоб оид ба суннатҳо ва анъанаҳои наврӯзӣ, қироати шеър ё сароидани суруд дар васфи баҳор ва Наврӯз, табрикоти наврӯзӣ ва омода намудани як навъи ғизои наврӯзӣ иборат буданд. Бояд қайд намуд, ки аксари иштирокчиён хонандаҳои муасссаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, қисман донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии ноҳияҳо ва ду нафар омӯзгори ҷавону фаъоли ноҳияҳо буданд.

Дар шарти аввали озмун, ки намоиши либоси «Маликаи наврӯзӣ» буд, кулли иштирокчиён  бо либоси зебои чакан, бо тарҳи дӯхти миллӣ ва аврупоӣ, бо нақшҳои гуногуни хоси чакан вориди саҳна гардиданд ва ноҳияи хешро муаррифӣ намуданд. Дар шартҳои дигари озмун низ ҷавондухтарон фаъол буданд, вале бояд гуфт, дар шартҳои баъдӣ, ки аз нишон додани маҳорати шеърхонию шеърдонӣ, огаҳӣ доштан аз таърихи ҷашни Наврӯз ва маҳорати суханварии онҳо иборат буд, духтарони ноҳияҳои Кӯшониён, Фархор, Кӯлоб, Балҷувон, Дӯстӣ, Норак, Данғара, Ёвон, Левакант, Шаҳритус, Ховалинг нисбат ба дигар иштирокчиён фаъолтар буданд.

Аммо  аз оғози чорабинӣ то анҷом ҳусну латофати табиӣ, либоси чакани асилу сирф тоҷикӣ, шеърдонию шеърхонӣ, маҳорати суханварӣ, рақси мавзуни тоҷикӣ ва ҳозирҷавобии толибилми синфи 10 аз шаҳри Кӯлоб Шаҳодат Маҷидова ҳамаро мафтун сохт. Дар озмуни мазкур ноҳияҳои фаъоле, ки дар боло зикр шуданд, сазовори ҷойҳои аввал ва дуюм гардиданд.

Шоҳҷоизаро бошад, малика аз шаҳри бостонии Кӯлоб бо ҳунару истеъдоди нотак-рораш соҳиб гардид.

Дар анҷоми озмун сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода суханронӣ намуда, занону бонувонро ба фарорасии иди Наврӯз табрик гуфт. Р. Раҳимзода инчунин ба маликаҳои Наврӯз ва мудирони шуъбаҳои кор бо занони шаҳру ноҳияҳои вилоят барои иштироки фаъолашон изҳори миннатдорӣ кард. Ба иштирокчиён диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Ҳангомаи ИСМАТ,



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шоҳҷоизаи «Алласарои сол»-ро бонуе аз Ҳамадонӣ соҳиб гардид

Шоҳҷоизаи «Алласарои сол»-ро бонуе аз Ҳамадонӣ соҳиб гардид

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Наврӯзии ҷавонони вилоят дар Норак

Наврӯзии ҷавонони вилоят дар Норак

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Миҷгона маликаи Наврӯз шуд

Миҷгона маликаи Наврӯз шуд

Хабарҳо
Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
Кӯлоб. Озмуни «Шукуфаҳои баҳор»

Кӯлоб. Озмуни «Шукуфаҳои баҳор»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА