Рустам Ҳайдаров, коршинос: «Изҳороти толибон тасдиқи нотавонӣ ва ноуҳдабароии сиёсии онҳост»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Сиёсат / Хабарҳо, Боздид 1 969
Изҳороти роҳбари созмони террористии «Толибон»* дар он хусус, ки гӯё Тоҷикистон ба корҳои дохилии онҳо мудохила мекунад, ҳеҷ асос надорад ва тасдиқи нотавонӣ ва ноуҳдабароии сиёсии онҳост.
Дар ин бора имрӯз коршиноси мо, муовини директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), доктори илми фалсафа Рустам Ҳайдаров изҳори назар намуд. Ёдовар мешавем, ки и.в. муовини раиси ҳукумати аз ҷониби «Толибон»* таъсисёфтаи Афғонистон Абдул Ғанӣ Бародар дирӯз изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба корҳои ин кишвар мудохила мекунад. Дар ин бора шабакаи телевизионии Al-Jazeera хабар дод. «Ҳаракати «Толибон»*, ки ҳукумати Афғонистонро аз Ғарб ҳамчун туҳфа ба даст овардааст, дар идоракунии равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеаи Афғонистон ба буҳрон дучор шудааст,- гуфт Рустам Ҳайдаров. -Онҳо нақшаи баромадан аз буҳрони амиқи низомӣ-сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодиро, ки Афғонистон пас аз сари қудрат омадани толибон ба он дучор шуд, надоранд. Ҷангиёни ин ташкилот* ба ҳаёти осоишта ва фаъолияти эҷодкоронаву созандагӣ созгор нестанд.
Онҳо инчунин наметавонанд мушкилоти рӯзмарраи иҷтимоӣ ва иқтисодии аҳолии ин кишварро ҳал кунанд. Имрӯз дар Афғонистон дар натиҷаи амалҳои харобиовари ҳукумати эътирофнашудаи «Толибон»*, тамоми низоми зиндагии ҷомеа хароб шудааст ва аз ин рӯ дар ин давлат ҳар рӯз эътирозҳо дар байни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ афзоиш меёбанд». Ба ақидаи Рустам Ҳайдаров, толибон ба ҷуз тарсонидани мардум, иҷрои қатли оммавии афроди норозӣ, қоидаҳои зиндагии асримиёнагӣ ба афғонҳо чизи дигаре пешниҳод карда наметавонистанд ва наметавонанд. Илова бар ин, беэътиноӣ ва поймол кардани ҳуқуқу манфиатҳои дигар қавмҳо дар Афғонистон метавонад боиси он гардад, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон тавсеа ёбад ва тамоми ҷомеаи Афғонистон ба мубориза бар зидди ҳаракати «Толибон»* ҷалб карда шавад.
Тундгароҳо аз ин дар ҳаросанд. Коршинос бар ин бовар аст, ки сиёсати нокоми хориҷии ҳукумати эътирофнашуда ва лӯхтаки толибон* дар Афғонистон натиҷаи дилхоҳ ба бор наовард. Толибон* дар ҳама ҷо, чи дар сиёсати дохилӣ ва чи хориҷӣ ноком мешаванд. Аз ин рӯ, ҳоло барояшон хеле муфид аст, ки нокомиҳои худро ба дахолати беруна рабт диҳанд. «Тоҷикистон ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накардааст ва нахоҳад кард, аммо Тоҷикистон мавқеи сиёсати хориҷии худро дар робита ба вазъи кунунии Афғонистон қатъиян пеш мебарад», — гуфт Рустам Ҳайдаров. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мавқеи принсипиалии кишвари моро дар робита ба буҳрони низомию сиёсии Афғонистон бори дигар тасдиқ карда, иброз доштанд: «Мо ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунем.
Вале бар ин боварем, ки барои ҳалли муносиби мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя, бояд тавассути интихобот ва иродаи мардуми ин кишвар ҳукумати ҳамашумуле бо иштироки намояндагони ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ ва ақаллияти милливу қавмӣ ташкил карда шавад. Яъне мо, зарур медонем, ки сохти давлатдорӣ дар он кишвар аз роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад. Зеро таъсиси ҳама гуна ҳукумат бидуни ба эътибор гирифтани манфиатҳои кулли мардуми Афғонистон метавонад боиси оқибатҳои фалокатбор дар ин кишвар гардад». Рустам Ҳайдаров мутмаин аст, ки мавқеи роҳбарияти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кунунии Афғонистон андешаи ҳамаи тоҷикон, неруҳои созандаи ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳар шахси солимфикрро дар сайёраи мо инъикос мекунанд.
Ба гуфтаи сиёсатшинос, имрӯз кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пеш аз ҳама, АвруОсиё бояд ба мавқеи Тоҷикистон гӯш диҳанд ва нисбат ба созмони террористии «Толибон»* сиёсати ягона таҳия кунанд. «Хушомадгӯӣ, дӯстӣ бо ин созмони террористӣ ва бахусус, кумак кардан ба он аз нигоҳи ман як амали зиддиинсонӣ ва берун аз ахлоқ аст. Наход роҳбарони баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин ИДМ, ИМА ва ИА намебинанд, ки толибон дар Афғонистон чӣ кор карда истодаанд?! Сиёсатмадорони баъзе кишварҳои Осиё ва Аврупо хуб мебуд ба шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар он ҷо далелҳои видеоӣ дар бораи ҷиноятҳои имрӯзаи толибон гирд омадаанд, ворид шуда, онҳоро медиданд. Оё мумкин аст, ки баъзе сиёсатмадорон аз минтақаи мо ва дар маҷмӯъ Авруосиё ба дараҷае бераҳм ва беқувват шуда бошанд, ки шоҳиди қонуншиканӣ ва амалҳои зиддиинсонии толибон гашта, бо вуҷуди ин, онҳо ин ҷинояткоронро мадҳ мекунанд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба созмони террористии «Толибон»* ҳушдори возеҳ ирсол кунад, ки онҳо бо сиёсати кунунии хориҷӣ ва дохилии худ дар Афғонистон дар инзивои байналмилалӣ қарор мегиранд. Терроризм дар ҳама гуна шакл барои Авруосиё таҳдид аст вабар зидди он бояд якҷоя мубориза бурд. Танҳо бо ин роҳ мо сулҳ ва шукуфоии минтақаи худро ҳифз хоҳем кард», — хулоса кард муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рустам Ҳайдаров.
АМИТ «Ховар»