"Марҳабо ба Хатлон"
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Хабарҳо, Боздид 826
Зери ин унвон дар Маркази Амрикоии шаҳри Бохтар бо ибтикори шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии туризм конференсия доир гардид.
Дар конференсия сардори Раёсати рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухрӯз Иззатуллозода, мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Дилшод Шоҳзода, директорони ташкилоти марбута, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал, иштирокчиёни ҳамоиши мазкур аз намоиши рушди сайёҳӣ, китобҳо, маконҳои ҷойгиршавии сайёҳӣ дар харита дидан карданд.
Ҳадафи баргузории конференсияи мазкур муаррифии дурнамо ва рушди туризм дар вилояти Хатлон мебошад.
Шоҳзода Дилшод дар рафти конференсия иброз дошт, ки соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои рушдкунанда ва сердаромади вилоят ба ҳисоб рафта, барои муаррифии бештари маконҳои сайёҳӣ чораҳои зарурӣ андешида шудааст.
- Барои боз ҳам тақвият додан ва шиносоии маконҳои зебоманзари кишвар дар давоми сол иқдомҳои хубе ба роҳ монда шудааст,-дар идомаи суханронӣ гуфт Шоҳзода Дилшод.
Ҳамчунин, дар ин рӯз аз ҷониби мақомоти дахлдор дар шаҳри Бохтар тақсими аксияи иттилоотии сайёҳӣ сурат гирифт.
Фирдавс УМАРОВ, "Хатлон"