Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ифтитоҳи Маркази адлия дар маркази ноҳияи Балҷувон


Ифтитоҳи Маркази адлия дар маркази ноҳияи Балҷувон




Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои Маркази адлия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.


Бинои маъмурии Маркази адлия дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Балҷувон аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, арзиши умумии иншоот 2,2 миллион сомониро ташкил медиҳад. Майдони замини ҷудошуда барои бинои Маркази адлия дар ноҳияи Балҷувон 0,05 гектарро ташкил дода, масоҳати зери бино бошад, 140 метри квадратиро дар бар мегирад. Бинои мазкур бо шаклу усули хоси меъморӣ бунёд гардида, ба ҳусни маркази ноҳия ҳусни нав зам менамояд.


Иншоот аз 2 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум утоқҳои кории мудир ва кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар масоҳати 81 метри квадратӣ, дар ошёнаи дуюм бошад, утоқҳои кории нотариуси давлатии ноҳия, бойгонии нотариус, иҷрочии Хадамоти иҷро ва бойгонии иҷрочӣ ҷойгир карда шудааст.


Дар утоқҳои корӣ тамоми шароити муосири фаъолият барои кормандони 3 сохтори хизматрасон, аз ҷумла бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариус ва иҷрочӣ муҳайё карда шуда, ҷадидтарин дастгоҳу лавозимоти корӣ дастрас ва насб карда шудааст. Ин ҳама шароит имкон медиҳад, ки сатҳи фаъолият ва хизматрасонӣ ба шаҳрвандон беҳтар гардида, дар кӯтоҳтарин фурсат амалиётҳо анҷом дода шаванд. Иншооти мазкур бо назардошти унсурҳои кории хизматрасонӣ ва сатҳу сифати баланд бунёд карда шудааст.


Ба таъкиди масъулин, давоми ҷараёни корҳои сохтмонӣ зиёда аз 70 нафар кормандону сохтмончиёни маҳаллӣ дар ин иншоот бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.


Дар раванди кушодашавии бинои Маркази адлия дар ноҳияи Балҷувон ҳамчунин ба ду оилаи ҷавон шаҳодатномаи ақди никоҳ аз ҷониби раиси вилояти Хатлон ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуда, дар ҳамин ҷо бо собиқдори соҳаи адлия суҳбати самимӣ вобаста ба дастгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар гаштани сатҳи корӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ доир гардид.


Дар ҳудуди заминҳои назди бинои Маркази адлия дар ноҳияи Балҷувон зиёда аз 10 адад дарахтони гуногуни ороишию сояафкан шинонида шуда, масоҳати 66 метри квадратӣ гулкорӣ ва 68 метри квадратӣ кабудизоркунӣ карда шудааст, ки ин ба боз ҳам зебову назаррабо намоён гардидани иншооти навбунёд заминаи воқеӣ мегузорад.


То ба истифода додани бинои мазкур бинобар мавҷуд набудани бинои алоҳида бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бинои Ҷамоати деҳоти Балҷувон, нотариуси давлатӣ ва иҷрочии Хадамоти иҷро бошад, дар утоқҳои бинои маъмурии давлатӣ тариқи иҷора фаъолияташонро ба роҳ монда буданд.


Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти наву замонавӣ мушкилоти ин 3 ниҳоди давлатиро осон намуда, ҳавасмандии кормандонро бо истифода аз шароитҳои фароҳамовардашуда дар самти хизматрасонии сатҳи баланд афзун мегардонад.


Бинои мазкур туҳфаи арзишманди давлату ҳукумат барои мардуми диёри зебоманзари Балҷувон маҳсуб ёфта, идомаи мантиқии сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.


“Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода