Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » 13,6 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ


13,6 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ



Дар доираи амалигардонии сиёсати пулию қарзӣ ва тақвияти хизматрасониҳои бонкӣ, танҳо дар 21 соли охир бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодӣ 13,6 млрд. сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд.

Тавре ки аз Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят иттилоъ доданд, аз ҷумла дар соли 2020-ум зиёда аз 1,6 млрд. сомонӣ маблағҳои қарзӣ ҷудо шудааст, ки нисбати соли 1999-ум 209 баробар зиёд мебошад. Ҳаҷми қарзҳои аз тарафи бонкҳо додашуда дар соли 2020 нисбати соли 1999-ум дар соҳаҳои кишоварзӣ 108 маротиба, саноат, сохтмон ва нақлиёт 315 маротиба, савдо 369 маротиба ва дигар соҳаҳо 372 маротиба афзоиш ёфтааст.

Дар самти савдо ва хизматрасониҳо низ нишондиҳандаҳо назаррас буда, соли гузашта ҳаҷми гардиши мол дар вилоят зиёда аз 6,9 млрд. сомонӣ ва хизматрасониҳои пулакӣ 2,1 млрд сомониро ташкил дода, дар давраи Истиқлоли давлатӣ мутаносибан гардиши мол 4,9 маротиба ва хизматрасонии пулакӣ 15,7 маротиба зиёд гардидааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода