Ихтисоси 11 ҳазор гектар замин ба оилаҳои эҳтиёҷманд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 979
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар асоси дастуру супориш ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани вазъи иҷтимоии сокинон ва таъмини онҳо бо қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ дар вилоят зиёда аз 11,0 ҳазор гектар қитъаҳои замин барои оилаҳои эҳтиёҷманд ҷудо гардид.
Дар натиҷа наздик ба 90 ҳазор нафар соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ шуданд, ки зиёда 10 ҳазор нафари онҳоро мутахассисон ва оилаҳои ҷавон ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин, дар ин давра бо мақсади зиёд намудани масоҳати заминҳои кишт дар ноҳияи Данғара 6000 гектар заминҳои нав аз худ карда шуда, дар ноҳияи Ҷайҳун аз ҷониби Иттиҳодияи аграрии “Водии Заррин” 5314 гектар заминҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд. Дар ин давра 7773 гектар заминҳои партов, 9294 гектар заминҳои холимонда, дар маҷмӯъ, 28381 гектар заминҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, дар онҳо зироатҳои гуногуни кишоварзӣ кишт карда мешавад.
khatlon-ruznoma.tj