Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Фархор. Сохтмону азнавсозии 470 адад бинову иншоот дар се сол


Фархор. Сохтмону азнавсозии 470 адад бинову иншоот дар се сол


 

Бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.2018, №АП-1059 «Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ноҳия сохтмону азнавсозии 470 адад бинову иншоотҳо, аз он ҷумла, дар соли 2018 сохтмону азнавсозии 50 адад, дар соли 2019 сохтмони 178 адад, дар соли 2020 сохтмони 204 адад ва дар соли 2021 бошад, сохтмони 38 адад бинову иншоотҳо дар назар дошта шудааст.

 Дар соли 2020 дар ноҳия аз 204 адад бинову иншоотҳои ба нақша гирифташуда сохтмони 185 иншоот, аз ҷумла 9 адад сохтмони бинои Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, 49,90 км сангфаршкунии роҳҳои дохили деҳаҳо, ва 6,01км мумфаршкунии роҳҳои мошингарди деҳаҳои Аловуддин ва Хуррамзамини Ҷамоати деҳоти «Фархор», кӯчаҳои Н. Исҳоқӣ ва Рӯдакии Ҷамоати шаҳраки «Фархор», 62,97 км чароғонкунии кӯчаву деҳаҳо, кашидани хати оби нӯшокӣ ба масофаи 9,13 км, насби 15 адад трансфоматорҳои иловагӣ, 1 адад фермаи мурғпарварӣ бо фарогирии 15 ҳазор сар мурғ барои истеҳсоли тухм, 1 адад ошхона, қаҳвахона ва яхмос, 26 адад мағозаҳои фурӯши молҳои ниёзи мардум, 5 адад сехҳои дӯзандагӣ, 1 адад коргоҳи чӯбу тахта, сехи истеҳсоли хишти сементӣ ва дигар бинову иншоотҳои таъиноташон гуногун мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд.
 
Комрони БАХТИЁР,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода