Ҳамадонӣ. Сохтмони 8 бунгоҳи тиббӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 1 023
Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 8 бунгоҳи тиббӣ ва марказҳои саломатӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо шароити муосири тиббӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бино ба иттилои роҳбари муассисаҳои КАТС-и ноҳия Қувваталӣ Муминов, то кунун дар ҳудуди ноҳия 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 20 маркази саломатии деҳот, 23 бунгоҳи тиббӣ фаъолияти густурда дошта, дар онҳо 83 духтури маълумоти олидор, 75 ҳамшираи тиббӣ ва 420 духтури дорои маълумоти миёна ба сокинон хизмати тиббӣ мерасонанд.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки бо мақсади пешгрии бемории сироятии коронавирус дар давраи зикршуда, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба беморхонаи ноҳия 1 адад рентгени рақамӣ ба маблағи 1 миллиону 58 ҳазор сомонӣ, дастгоҳи ултрасадо, оксигенератор 2 адад, ниқоб, дастпӯш, хлор, доруворӣ ва либосҳои яккарата кумак расонида шуд.
Инчунин, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои харидории доруворӣ ба маблағи беш аз 40 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд.
Бо мақсади омодагӣ ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби ҳукумати маҳаллӣ дар деҳаи Кодараи Ҷамоати «Панҷрӯд» як адад бунгоҳи тиббӣ бо тамоми шароитҳои муосир сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва як Маркази саломатии деҳотӣ дар Ҷамоати «Панҷоб» таъмири капиталӣ карда шуд. Ҳоло бошад, сохтмони боз даҳҳо адад бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатии деҳотӣ дар деҳаҳои дурдасти ноҳия аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бо мароми баланд идома доранд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,Рӯзноманигор