Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Агентӣ – зодаи даврони истиқлол


Агентӣ – зодаи даврони истиқлол



Баъд аз соҳибистиқлол гаштан бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳоти ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ рӯйи кор омад ва барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Дар арафаи таҷлили Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баъди бомуваффақият имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, 8 сентябри соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти иқтисодии миллиро ҳамчун моҳият ва ҳадафи мубориза бар зидди коррупсия дарк намуда, ақидаи муҳими сиёсати зиддикоррупсионии давлат-ро иброз намуд: «Барои мо муҳим аст, ки барои хотима бахшидан ба порахурӣ, талаву тороҷ кардани амволи давлатӣ, амвол ва саҳмияҳои халқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба ягон кас, ба ягон мансабдор, сарфи назар аз обурӯй ва заҳматҳои қаблӣ сустқавлӣ нанамоем. Вақте омад, ки аз бахшишҳои нодаркор ва саривақтӣ набуда, ки баъзе мансабдорон аз ҳадди вазифаҳои худ берун мебароянд, рад намоем ва пурқувватӣ ва абарқудратии давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро шон диҳем”.

Дар партави ин иқдом, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахурӣ)», қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 ба марҳилаи сифатан нави мубориза ба ин падидаи номатлуб ибтидо гузошт.

Дар таҳкурсии чунин иродаи устувори сиёсати зиддикоррупсионии Роҳбарияти олии кишвар як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он қабул гардидаанд. Бо ин тадбирҳо таъмини шаффофият ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ андешида шуда, уҳдадории ҳар як хизматчии давлатӣ барои пешниҳоди эъломия дар бораи даромад ва амвол муқаррар гардид.

Ҳамчунин, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Сипас, соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ қабул карда шуд. Чун идомаи раванди устувор намудани кафолатҳои ислоҳоти ҳуқуқию институтсионалӣ охири соли 2006 баҳри бартараф намудани такрори вазифаҳои сохторҳо ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар низоми идоракунии давлатӣ миқдори вазорату идораҳо дар ҷумҳурӣ кам карда шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ироанамудаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2021 муқовимат ба коррупсияро самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, дар ин замина таъкид намуданд, ки коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. 

Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад.

Бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия дар мамлакат ва муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зидикоррупсионии давлат, ба мубориза ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилоти байналмилалӣ, муқовимати мақсаднок ба коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашудаи зиддикоррупсионӣ - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошад.

Парвиз Одинамаҳмадзода,
сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода