Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕАРО РЕШАКАН МЕНАМОЕМ


ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕАРО РЕШАКАН МЕНАМОЕМ


Коррупсия таърихи қадима дошта, яке аз душвортарин масъалаҳо ва мушкилоти ҳар як ҷомеа ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, то имрӯз ба ҳеҷ як давлати дунё муяссар нашудааст, ки коррупсияро пурра аз байн барад, вале аксари давлатҳои дунё тавонистаанд сатҳи ин падидаи номатлубро то ба ҳадде коҳиш диҳанд. Воқеан ҳам тавлидкунанда ва бавуҷудоварандаи тамоми ҷиноятҳо ин коррупсия ба ҳисоб меравад. (Ба истилоҳ модари ҳамаи ҷиноятҳо коррупсия мебошад).

Коррупсия (ришвахӯрӣ) рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, итминони шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ҷавононро ба оянда коҳиш медиҳад, табақаҳои ниёзманди аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад. Он зангорест, ки пояи ҳокимиятро, агарчи пӯлодвор мустаҳкам бошад, ҳам батадриҷ, хароб мекунад.

Дар қарни XXI низ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номустаҳкам гаштани пояи давлат эътироф шудааст. Барои пешгирӣ аз содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шуда, 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлати иштирокчӣ кушода эълон гардид. Бо назардошти аҳамиятнокии масъалаи мазкур аз соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи кули Созмони Милали Муттаҳид 9-уми декабр ҳамчун Рӯзи мубориза бо коррупсия дар тамоми ҷаҳон эълон гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳуҷҷати мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузоштааст ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид. 

Дар сарсухани конвенсияи СММ дар ин бора чунин омадааст: “Коррупсия як вабои мудҳиш аст, ки бо роҳҳои гуногун ҷомеаро фалаҷ месозад, ба ҷои рушд ёфтани манфиатҳои умумимиллӣ, ба таъмини инкишофи ҳукмронии гурӯҳҳои алоҳида оварда мерасонад, боварии мардум ба ҳокимият коҳиш меёбад ва болоравии эҳтимолияти дур мондани онро аз ҷомеа замина гузошта, дар натиҷа асосҳои иқтисодӣ ва сиёсии ҳокимиятро зери хатар мегузорад, обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ дар самтҳои таъмини бехатарии миллӣ ва байналхалқӣ ба пастравӣ оварда, таҳдиди хатари бе шарикони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ мондан ва коҳишёбии институтҳои демократӣ ба миён меояд, дар натиҷа ба манфиатҳои ҷомеа ва кишвар зарари калони таллофинашаванда расонида мешавад, самаранокии иқтисоди бозорӣ якбора паст рафта, ахлоқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии шаҳрвандон коста гашта, сатҳи камбизоатӣ афзун гардида, шиддати иҷтимоӣ баланд мегардад”. 

Аз ин рӯ, коррупсия ба проблемаи ба амнияти миллӣ таҳдидкунанда мубаддал мегардад. 

Маврид ба зикр аст, ки баъд аз соҳибистиқлол гаштан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию иқтисодӣ ба проблемаҳои коррупсия рӯ ба рӯ гардид. Аз ин рӯ, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳоти ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ рӯйи кор омад ва барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Дар арафаи рӯзи ҷашнгирии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, баъди бомуваффақият имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, 8 сентябри соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти иқтисодии миллиро ҳамчун моҳият ва ҳадафи мубориза бар зидди коррупсия дарк намуда, ақидаи муҳими сиёсати зиддикоррупсионии давлатро иброз намуд: «Барои мо муҳим аст, ки барои хотима ёфтан ба порахӯрӣ, талаву тороҷ кардани амволи давлатӣ, амвол ва саҳмияҳои халқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба ягон кас, ба ягон мансабдор, сарфи назар аз обрӯй ва заҳматҳои қаблӣ сустқавлӣ нанамоем. Вақте омад, ки аз бахшишҳои нодаркор ва саривақтӣ набуда, ки баъзе мансабдорон аз ҳадди вазифаҳои худ берун мебароянд, рад намоем ва пурқувватӣ ва абарқудратии давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро нишон диҳем”. Ин ақидаро бо масъулияти бузург изҳор намуда, кушода иброз доштанд: “Давлат барои хиёнати иқтисодӣ, амалҳои зиддиконститутсионӣ, поймолкунии манфиатҳои халқ ва миллат ягон касро намебахшад».

Дар партави ин иқдом, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахурӣ)», қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 заминаи марҳилаи сифатан нави мубориза ба ин падидаи номатлуб ибтидо гузошт. 

Дар таҳкурсии чунин иродаи устувори сиёсати зиддикоррупсионии Роҳбарияти олии кишвар як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он қабул гардидаанд. Бо ин тадбирҳои таъмини шаффофият ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ андешида шуда, уҳдадории ҳар як хизматчии давлатӣ барои пешниҳоди эъломия дар бораи даромад ва амвол муқаррар гардид. 

Ҳамчунин, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Сипас, соли 2005 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ қабул карда шуд. Чун идомаи раванди устувор намудани кафолатҳои ислоҳоти ҳуқуқию институтсионалӣ охири соли 2006 баҳри бартараф намудани такрори вазифаҳои сохторҳо ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар низоми идоракунии давлатӣ миқдори вазорату идораҳо дар ҷумҳурӣ кам карда шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ироанамудаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2021 муқовимат ба коррупсияро самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, дар ин замина таъкид намуданд, ки коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.

Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад.

Бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия дар мамлакат ва муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зиддикоррупсионии давлат, ба мубориза ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, муқовимати мақсаднок ба коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашудаи зиддикоррупсионӣ - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошад. 

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронӣ ба муносибати 10 – солагии таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия барҳақ қайд намудаанд: «Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад».

Агентӣ дар ҷараёни фаъолияти худ бо бисёр ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, ба монанди  Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷинояткорӣ ва маводи мухадира, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо,  Созмони Ҳамкории Иктисодӣ ва Рушд, Гурӯҳи Авро-Осиё оид ба муқовимат бо қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷинояткорона бадастоварда ва маблағгузории терроризм, Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти тафтишоти андози давлатҳои аъзои ИДМ (КСОНР),  Шӯрои Мақомоти Олии назорати молиявии давлатҳои аъзои ИДМ ва дигар мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои пешрафта ҳамкории зич барқарор намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани тавсияҳо, инчунин, ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонидани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ   кӯшиш ба харҷ дода истодааст. 

Дар ҷаласа масъалаҳои интихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун раисикунандаи Шуро, рафти иҷрои масъалаҳои қаблан дар Шуро қабулгардида, доир ба фаъолияти анҷомдодаи мақомотҳои тафтиши молиявии давлатҳои ИДМ, муқовимат ба маблағгузории терроризм, нақшаҳои минбаъдаи фаъолияти Шуро барои солҳои 2019-2023 ва дигар масъалаҳо баррасӣ шудаанд.

Ҳамзамон, қобили қайд аст, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми қонунгузории кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» 7 августи соли 2020, №1714 дар таҳрири нав қабул гардида, он мавриди амал қарор дорад.  

Ҳамаи ин чорабиниҳо ба мисли таъсиси мақомоти нав, қабул ва татбиқи қонунҳо, муборизаи беамон бар зидди коррупсия фақат бо мақсади пешгирӣ ва решакан намудани сатҳи коррупсия дар ҷомеа, пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва волоияти қонун равона карда шудааст.

Дар ҷавоби боварӣ ва умеду мароми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарафманди Тоҷикистон  дар оянда низ вазифаҳои дар наздамон истода бахусус пешгирии коррупсия ва омилҳои бартараф намудани онро бо сарбаландӣ иҷро намуда, обрӯ ва эътибори  халқу миллатро дар ҷомеа баланд мебардорем, мутахассисони соҳибкасб ва баландмартаба омода менамоем.

Иброҳим Исмоилзода, 

сардори шуъбаи муқовимат 

ба коррупсияи Раёсати 

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, полковники адлия

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода