«Тоҷикистон – сарзамини орзуҳо»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Хабарҳо, Боздид 1 191
Иттифоқи журналистони Тоҷикиcтон ҷиҳати тарғибу ташвиқи дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламон тавассути матбуот, радио, телевизион ва агентиҳои иттилоотӣ сафари корвони иттилоотии журналистонро ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ таҳти унвони «Тоҷикистон – сарзамини орзуҳо» ташкил намудааст.
Корвони мазкур дар арафаи Ҷашни муқаддаси миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, ки намояндагони васоити ахбори умуми ҷумҳурӣ бо зиндагии мардум, рафти сохтмони иншооти бунёдшаванда, дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ва рӯзгори воқеии мардум бевосита шинос гарданд ва дар ВАО-е, ки намояндагӣ мекунанд, маводи фаровони иттилоотӣ барои аудиторияи худ пешниҳод созанд.
Сафари аввалини корвон 27-30 августи соли 2021 ба вилояти Суғд сурат гирифт, ки дар он даҳ нафар журналистон аз вилояти Хатлон шомил буданд.
Дар маҷмӯъ, сӣ нафар журналист аз сӣ расонаи ватанӣ дар баробари ошноӣ бо дастовардҳои вилоят дар мизи мудавваре, ки бо иштироки коршиносони соҳа баргузор гардид, иштирок намуданд. Мавзӯи мизи гирд “Баррасии вазъи ВАО-и кишвар дар солҳои Истиқлоли давлатӣ: имкониятҳо ва дурнамо” буд.
Корвонҳои журналистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва водии Рашт низ дар моҳҳои сентябр-ноябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.