Ифтитоҳи Комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” дар ноҳияи Данғара
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 965
28 август дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ”-ро ифтитоҳ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Себистон нахуст бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти инкубатори корхона оғоз бахшиданд.
Барои сохтмони инкубатор дар деҳоти Себистони ноҳияи Данғара 1 гектар замин ҷудо гардид. Масоҳати сохтмони зери бинои инкубатор беш аз 2000 метри мураббаъро ташкил дода, калонтарин инкубатор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ин ҷо биноҳои истеҳсолии ҳозиразамон ва иншооти ёрирасон бо насби таҷҳизот ва технологияи навтарин, инчунин гузаронидани системаи инфрасохтори муҳандисӣ бо дарназардошти талаботҳои санитарӣ - эпидемиологӣ сохта ба истифода дода шуд.
Иншоот аз минтақаи коркарди санитарии техника, ҷойи қабули тухми инкубатсионӣ, сардхонаи нигоҳдории тухми инкубатсионӣ, ҳуҷраи гузоштани тухми инкубатсионӣ бо аробаҳои махсуси қуттидор, толори ҷевонҳои инкубатсионӣ, толори ҷевонҳои чӯҷабарорӣ, ҳуҷраи эмгузаронӣ ва ҳуҷраи таҳвили чӯҷаҳо иборат мебошад.
Иқтидори солонаи барориши чӯҷа дар инкубатор зиёда аз 5 миллион сарро ташкил медиҳад, ки аз ин 3 миллион сарро ба мурғхонаи комплекси парандапарварии “Мармарӣ” барои парвариш таҳвил медиҳанд. Чуҷаҳои боқимондаи корхона барои таъмини дигар мурғхонаҳои кишвар бо чӯҷаҳои хушзоти гӯштӣ пешниҳод мегардад.
Барои таҳвили чӯҷаҳо аз инкубатор ба мурғхона техникаи махсусгардонидашуда бо мақсади риояи талабот ва меъёрҳои муайяннамудаи соҳа дастрас карда шудааст.
Дар ин ҷо низ коргарон бо шароити хуби корӣ, бахусус маоши баланд, ошхона, либосҳои корӣ, маҳлулҳои безараргардонии гигиенӣ ва ҷойи истироҳат таъмин мебошанд.
Таҷҳизоти инкубатор ба ҳама талабот ҷавобгӯ буда, истеҳсоли ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин “ИАЙ Фарминг” (EI Farming) мебошад, ки дар бозорҳои давлатҳои Аврупо ва Осиё мавқеи назаррасро ишғол менамояд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баъди ифтитоҳи бинои инкубатор дар деҳоти Себистон фабрикаи парандапарварии мурғи гуштии комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ”-ро ифтитоҳ карданд.
Корхонаи замонавӣ бо мақсади идомаи амалигардонии иқдому нақшаҳои созанда, расидан ба ҳадафҳои стратегии саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бунёд гардидааст.
Комплекси агросаноатӣ бо дарназардошти таъмини бозори истеъмолии пойтахти мамлакат, ки таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дорад, ҷиҳати сари вақт ва бо сифати аъло пешниҳод намудани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ фаъолияти худро пеш мебарад.
Ҳудуди мурғхона 22,75 гектар заминро дар бар гирифта, дар он бинои маъмурӣ, 12 фермаи парвариши паранда, 4 анбор, бинои санитарӣ, 2 минтақаи коркарди санитарии техника ва обанбор сохта шудааст.
Дар ҳар як ферма то 30 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад ва давраи парвариш 45 рӯзро дар бар мегирад.
Бо истифода аз иқтидори ҳамаи мурғхонаҳо имкон аст, дар як сол зиёда аз 3 миллион сар мурғ парвариш карда шавад.
Маблағи умумии сармояи ба бунёди корхона ҷалбгардида 104 миллион сомониро ташкил дода, дар он якҷоя бо инкубатори корхона зиёда аз 160 ҷойи кории нав таъсис дода шудааст. Аз ин шумора мутахассисони касбии сатҳи олӣ ва кормандони қаториро шаҳрвандони кишвар дар бар мегирад.
Дар фермаҳо таҷҳизоти муосири ширкатҳои аврупоӣ ва хитоӣ насб гардидааст, ки аз хатҳои хӯрокдиҳӣ, обдиҳӣ, равшанидиҳӣ, гармидиҳӣ ва ҳавотозакунӣ иборат мебошанд.
Инфрасохтори ҳудуди мурғхона бо хатти барқ ва хатти об таъмин гардида, роҳҳои он мутобиқ ба стандартҳо мумфарш карда шудааст.
Дар иншооти мазкур барои мунтазам фаъолият намудани мурғхона шароит фароҳам оварда шуда, дар баробари ин зиёда аз 20 техника ва механизмҳои махсус истифода мешаванд.
Баробари ба кор ҷалб кардани сокинони маҳаллӣ барои онҳо шароити беҳтари корӣ низ ташкил гардидааст, аз ҷумла онҳо бо хӯроки гарм, либоси корӣ, маоши хуб ва лавозимоти корӣ таъминанд.
Дар баробари ин, ҷиҳати пешбурди корҳои ободонӣ, гирду атроф ва дохили мурғхона кабудизор карда шуда, беш аз 2500 бех дарахт шинонида шудааст.
Фаъолияти мурғхонаи нав мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, бахусус таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар ба роҳ монда шудааст.
http://president.tj/