Боздиди рӯзноманигорон аз корхонаи мебелбарории "Арча" дар шаҳри Хуҷанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 1 075
Технологияи корхона аз Италия ва ашёи хомаш аз Россия ворид гардида, маҳсулоти истеҳсолӣ аз ҷиҳати сифат ва дизайн назир надоштааст.
Хуршед Ғафуров, роҳбари истеҳсолии корхона, гуфт, ки болоравии маводи сӯхт ва мушкилоти молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба қимати маҳсулот таъсир намерасонад ва имрӯз нархи мебели сохтаи ин корхона ҳамон гуна боқӣ мондааст, ки фаразан, 1 январ буд.
Дар ин корхона 90 нафар фаъолият мекунанд, ки қариб нисфи онҳо занонанд. Маошми миёнаи кормандон 1200-1500 сомонӣ будааст.