Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Имрӯз корвони журналистони Тоҷикистон ба шаҳри Хуҷанд расид


Имрӯз корвони журналистони Тоҷикистон ба шаҳри Хуҷанд расид




Пас аз истиқболи гарм, рӯзноманигорон аз ҶДММ "Текстилимпекс" дидан намуданд. Ин корхона 30 июли соли ҷорӣ аз ҷониби  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шудааст. Муассисони корхона соҳибкорони ватанӣ Замира Раҷабова ва Юсуфбек Раҷабов мебошанд.

Масоҳати умумии коргоҳи истеҳсолии мазкур наздики 1 гектар буда, дар он биноҳои сехи истеҳсолӣ ва маъмурӣ бунёд шудааст. Ҳангоми азнавсозии корхона тамоми биноҳои он бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифати ватанӣ ва ҷалби сохтмончиёни ботаҷрибаи маҳаллӣ бо тарҳи муосиру замонавӣ таъмиру таҷдид карда шуд.

Таҷҳизоти истеҳсолии корхонаи саноатӣ истеҳсоли Федератсияи Русия ва фаъолияти асоси коргоҳ - истеҳсоли матои бахмал мебошад.
Коргоҳ дар як шабонарӯз 120 метри мураббаъ матои бахмал истеҳсол мекунад. Дар ин ҷо ҳудуди 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин мебошанд. Тавре ки муовини раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода иттилоъ дод, маҳсулоти корхона дар баробари бозори ватанӣ, инчунин ба Қазоқистон, Чин ва Туркия содирот карда мешавад.

Соҳибкорони ватанӣ иқдом гирифтаанд, ки бо фаъолияти пурсамари истеҳсолӣ дар самти таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми арзанда гузоранд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода