Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Дар майдони беш аз 130 ҳазор га кишти такрорӣ гузаронида мешавад


Дар майдони беш аз 130 ҳазор га кишти такрорӣ гузаронида мешавад



Дар мавсими имсола дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Дӯстӣ дар майдони 8 ҳазору 858 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки аз ин 5 ҳазору 325 гектарро ғалладонагӣ, 1516 гектарро сабзавот, 350 гектарро полезӣ ва 190 гектарро кишти картошка ташкил медиҳад.
 
Имсол нисбат ба солҳои қаблӣ майдони кишти ғалладонагиҳо дар ноҳия бештар гардида, ба таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал нигаронида шудааст. Майдони кишти ғалладонагиҳоро намудҳои донагии ҷуворимакка, шолӣ, мошу дигар маҳсулоти лӯбиёгӣ ташкил медиҳанд. Кишоварзон нақша доранд, ки имсол боз дар майдони 520 гектар кишти такрорӣ гузаронанд, то аз болоравии бесобиқаи нархи  маҳсулот дар бозорҳои кишвар пешгирӣ карда шавад.

Тавре аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  дар майдони 130 ҳазору 222 гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад. Хоҷагидорон баъди гирифтани ҳосили дилхоҳ аз кишти баҳорӣ, дар баробари иҷрои нақшаи кишти донагиҳо, инчунин ба парвариши сабзавоту полезиҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода