Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ИДОМАИ РОҲИ ПАДАР АЗ ХАЙМАҲОИ ВАХШ ТО БУНЁДИ ПУЛИ ҲИММАТ


ИДОМАИ РОҲИ ПАДАР АЗ ХАЙМАҲОИ ВАХШ ТО БУНЁДИ ПУЛИ ҲИММАТ



Таърих  гувоҳ  аст,  ки  ободии  имрӯзаи  водии  Вахш  маҳсули заҳмати ҳазорон фидоиёнест, ки солҳои 30-юми асри гузашта ба ин дашту туғайзорҳо қадам ниҳоданд. Дар миёни онҳо ҷавонмарди ҳимматбаланде аз деҳаи Лайлакхонаи водии Ҳисор Эмомалӣ Турдиалиев низ буд. Ӯ ва ҳамсабақонаш на аз гармии сӯзон ҳаросиданд ва на аз зиндагӣ дар хаймаҳои қамишӣ. Онҳо бо арақи ҷабин заминҳои бекорхобидаро корам ва водиро ба гулистон табдил доданд.

Вақте  оташи  Ҷанги  Бузурги Ватанӣ аланга зад, Эмомалӣ Турди-алиев аз ҷумлаи аввалинҳо шуда, ба  дифои  Ватан  бархост.  Ӯ  роҳи пуршарафи ҷангиро то худи Берлин тай карда, соли 1946 бо зафар ба назди аҳлу байт баргашт. Оиладор шуд ва соҳиби9 фарзанди солеҳу боифтихор гардид, ки ҳар кадоме дар ҷомеа мавқеи худро ёфтанд...

ДАРАХТЕ, КИ МЕВААШ ҲИММАТ АСТ

Инсон  вақте,  ки  ба  дунё  омада,  роҳравону  сухангӯ  мешавад, аввал  роҳи  илму  донишро  пеша мекунад,  сипас  рӯ  ба  накукорӣ меорад,  мекӯшад  то  аз  худ  кори неку номи нек боқӣ гузорад.

Инак,  қиссае  аз  ҳаёти  марди шариф ва ободгаре, ки нангу номуси  ватандориро  қарзи  имонии худ медонад, ба қалам медиҳем. 

Имрӯз  фарзанди  ин  хонадон Исматулло  Эмомализода,  ки  дар мактаби мардонагии падар обутоб ёфтааст,  давомдиҳандаи  ҳақиқии кору пайкори қиблагоҳи хеш мебошад. Мавсуф дар вазифаҳои пурмасъулияти  давлатӣ,  софдилона хизмат кард. Исматулло Эмомализода дар куҷое кор кард, он ҷоро бо  меҳнати  ҳалол  обод  намуд, пешқадам гардонд, ном баровард, обрӯ ёфт. Ҳарчанд синнаш ба 71  расида бошад ҳам, қалбаш ғайрат ҷавонӣ дорад, неруманд аст.

Пешвои  муаззами  миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар суҳбату  мулоқотҳояшон  бо  мардум  пайваста  таъкид  менамоянд: «Ҳар  шахсе,  ки  нангу  номус  дорад...», бо  сохтани  иморате,  бунёди  корхонае,  кушодани  роҳе,  обод  кардани  маконе,  ҳатто шинонидани  дарахте  аз худ нишоне боқӣ гузорад”. 

Исматулло  Эмомализода  маҳз  бо ҳамин  шиор  зиндагӣ  мекунад.  Ин  марди ҳимматбаланд  чанд  сол  пеш  бо  маблағи шахсии худ1 километр роҳи деҳаи ба номи Н. Асадуллоро, ки ба сӯйи оромгоҳ мебурд,  сангфарш намуд.

ПУЛИ УМЕД ВА ДАСТИ САХО

Дар  доираи300  рӯзи  созандагию бунёдкорӣ  дар деҳаи"Уялӣ"-и ноҳияи Хуро-сон боз як иқдоми хайрхоҳонаи ӯ дар арафаи анҷомёбист. Исматулло Эмомализода дар мавзеи селгузар, ки солҳо барои сокинон мушкилӣ эҷод мекард, пуле бо дарозии 10 ва паҳноии5 метр ба  истифода  дода мешавад. Барои ин иншооти ҳаётан муҳим қариб100 ҳазор сомонӣ маблағи  шахсии худро сарф намуд...

Имрӯз сокинони деҳа ва атрофи он аз ин марди наҷиб миннатдоранд. Зеро дар баробари сохтмон, ӯ ҳамеша дастгири оилаҳои камбизоат аст. Дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо хонадони ниёзмандон аз саховати ӯ- орд,  равған ва дигар маводи рӯзгор баҳравар мешаванд.

ХАЗИНАИ МАЪНАВӢ

Тавре  ки  дар  боло  ишора  рафт,  акои Исматулло  баъди  ба  нафақа  баромадан низ  аз  меҳнат  дур  намонд,  ба  замин  рӯ овард...

Ҳоло Исматулло Эмомализода роҳбарии хоҷагии деҳқонии«Хазина»-ро бар дӯш дорад,  ки  он  аз30 гектар  замин  иборат буда,  ба  пахтакорӣ  ва  кишти  юнушқа  нигаронида  шудааст.  Номи  хоҷагӣ  рамзист, зеро  хазинаи  воқеии  ӯ  на  тиллову  нуқра,  балки дуои хайри мардум ва роҳу пулҳои ободкардааш мебошад.

Ӯ  бо  ҳамсари  меҳрубонаш  Фотима 5  фарзанди  комилро  ба  дунё  оварда, ба камол  расониданд, ки имрӯз онҳо идомабах-ши анъанаҳои неки ин хонадони намунавӣ
ҳастанд.

ДАР  СУҲБАТИ МАРДИ  НАКУПЕША

Дар  бораи  иқдомҳои  неку  ҳаёти ибратбахши  сокини  деҳаи  Уялии  Ҷамоати деҳоти ба  номи  Садриддин  Айнии  ноҳияи  Хуросон, марди соҳибдил Исматулло Эмомализода  бисёрҳо  шунида  будам.  Вале бо  у  аз  наздик  ошноӣ  надоштам.  Чанд руз  пештар  ӯ  ҳамроҳи  шиноси  деринаам,  узви  Иттифоқи  журналистони  Тоҷикистон Табаралӣ  Забирӣ  ба  идораи  рӯзномаи “Хатлон”  омад.  Табаралӣ  бандаро  бо меҳмон  шинос  намуд,  ки  ин  бароям  хуш буд.

Дар  суҳбати  ин  чеҳраи  шинохта  ни-шастан  гуворо  мебошад.  Кас  аз  ҳар  як ҳарфи  ӯ  ҷаҳон-ҷаҳон  маънӣ  мебардорад. 

Зуд  пай  бурдам,  ки  ин  мард  бофарҳангу худогоҳ,  маҳфилорою  хушгап,  нуронию меҳрубон ва ба зиндагӣ дилгарму савобҷӯй аст.  Бештар  дар  боби  дӯстию  бародарӣ, ватандӯстию  худшиносӣ,  ваҳдати  миллӣ,  некию  накукорӣ,  донистани  қадри  якдигар,  тарбияи  инсонҳо,  бунёди  зиндагии ширину  солим,  оилаи  комил,  китобхону соҳибдил  ва  соҳибҳунар  намудани  фарзандон  суҳбат  меорояд.  Ва  ҳар  суханаш як  маънӣ,  як  мақсад  дорад.  Ҳар  ҳарфро ӯ  аввал  санҷида,  пухтаю  рехта  ва  бо андеша  мегӯяд,  то  нафаре  аз  он  баҳра бардорад, нафъ бигирад...

Дар  рафти  суҳбат  ӯ  як  воқеаро  нақл кард, ки он ба солҳои роҳбарии ӯ ба яке аз  хоҷагии  калонтарини  ҷумҳурӣ  совхози “Меҳнатобод”-и  собиқ ноҳияи  Ғозималик ба вуқуъ пайваста буд.

-Дар  он  ҷое,  ки  кор  асту мувафақияту  пешравӣ  ҳаст,  албатта,  нафаре  ёфт  мешавад,  ки ин  ҳамаро  нодида  мегирад.  Ба қавле,  ҳасад  мебарад,  аз  болои роҳбар  шикоятнависӣ  мекунад. 

Ин  тоифаҳо  хори  лундамонанди даштҳои  бесамарро  мемонанд, ки  ба  вазидани  боде  ҳар  тараф ҳаракат  карда,  оқибат  ба  нестӣ мераванд,-гӯён  қаҳрамони  мо  як лаҳзаеро  аз“фаъолият”-и  шикоятнависе  бо  номи  Сафар  қисса намуд.

...Исматулло  Эмомализодаро соли 1985 ба як колхоз(совхоз)-и калон роҳбар  интихоб  намуданд. 

Ӯ бо кӯшишҳои зиёд хоҷагиро аз қафомонӣ  бароварда,  ба  сафи пешсафон  расонд  ва  соли 1988  дар  мусобиқаи  сотсиалистии умумииттифоқии  давраи  шуравӣ ғолиб  баромад.  Ин  рашку  бадбинии  шикоятнавис  Сафарро  зиёд намуд.  Ӯ  ба  ташкилотҳои  болоӣ, аз ҷумла мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ,  ВАО мактубҳои шикояти навишта,  Исматулло  Эмомализодаро  сиёҳ менамуд.  Ба  ин  қаноат  накарда,  оқибат  ба  маҷаллаи  ҳаҷвии “Хорпуштак”  шикоят  мебарад. 

Баъди  тафтишҳои  зиёд  даъвоҳои шикоятчӣ беасос мебароянд... 

Зиндагии Исматулло Эмомализода исботи он аст, ки ватандӯстӣ на бо сухан, балки бо амали хайр ва созандагӣ чен карда мешавад. 

То даме ки чунин мардони бонангу номус ҳастанд, деҳоти мо обод ва Ватани мо гулгулшукуфон хоҳадмонд.

С. АТТОР, 
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода