Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » КИТОБИ ГИННЕС


КИТОБИ ГИННЕС



(ҲАҶВИЯ)

Дар урфият мегӯянд,  ки  ҳар  касеро  баҳри коре сохтаанд. Як дӯсти ҳаҷвнигорам,  ки  дар намоишҳояш  одамонро  бо  ҳазлу  шӯхиҳои ширину  намакинаш  бо пӯстҳои дил механдонд,  гӯё  маҳз  барои  ҳамин касб офарида шуда бошад.  Хушгӯиҳояш  аз ҳаҷвнигорони  машҳури рус  Аркадий  Райкину Петросяну Хазанов сари мӯе камӣ надошт. Яъне онҳо дар пеши ин дӯсти ҳаҷвнигорам  дандонкобак  намешуданд.  Боре ҳамин рафиқам аз ман пурсид,  ки  қароргоҳи кормандони китоби Гиннесро  намедонӣ  дар куҷост?

-  Қароргоҳи  онҳоро ёфта, чӣ кор мекунед? -  пурсидам аз вай.

-  Мехоҳам  номамро дар  китоби  рекордҳои Гиннес  навишта,  машҳури ҷаҳон шавам.

-  Аҷаб  аноӣ  будаед, -  фаҳмондам  ба ӯ. -  Дар  ин  китоб  ҳар каси  почакандаи  роҳакиро  номнавис намекунанд. Ба он танҳо одамонеро  ворид  месозанд,  ки  дар ҳақиқат ғайриодиянд. Масалан, як сокини Арабистони Саудӣ бо вазни  гарони  зиёда  аз  шашсадкилограммаи  тарозузеркуни  худ  дохили ин китоб гардидааст, ки воқеан ҳайратовар  аст.  Беҳтараш,  ту  ба ҳамин ҳаҷвнигорият паступун шав,  ки машҳури ҷаҳон мешавам, - гӯён боз аз ин ҷо мондаю аз он ҷо ронда нагардӣ? Туро чию даъвои ба китоби Гиннес дохил гардиданат чӣ? 

Баъд, бо ҳамин харобию вазни мо-росуникият боварӣ дорӣ, ки туро ба китоби Гиннес дохил созанд? Пашша пар занад, шамоли он туро бардошта, то ба Ҳиндустон мебарад.

Ба одами якрав гап гузаронидан мисли ҷонканӣ душвор будааст. Вай пойро дар як мӯза монда, гуфт, ки ӯ лоиқи ҳамин китоби машҳури Гиннес асту пеши роҳашро чапардарӣ набандам.

-  Охир,  ту  ба  ғайри  ҳамин ҳаҷвнигорият  боз  ягон  ҳунари тааҷҷубовари дигари сарборӣ ҳам дорӣ, ки ба ин китоб ворид гардӣ? -  пурсидам аз вай. 

-  Чаро  ягон  ҳунари  дигар  надоштаам? - нимғурма  ҷавоб  дод дӯстам. - Ман номи тамоми одамони дар толор нишастагиро медонам.

- Мабодо боз одамони дар толор будагӣ  аксарият  хешу  табору  ёру дӯстони худатон набошанд, ки номи онҳоро панҷ– панҷаатон барин бехато донеду моро ба бузакбозӣ андозед? Рафту аз Амрикою Англия,  Фаронсаву  Португалия  сайёҳон дар консертатон иштирок намоянд,  номи онҳоро аз куҷо меёбед? - пурсидам рафиқамро мулзам карданӣ шуда, шотаме гиребонамро аз чанголи  вай  раҳонам.  Ё  боз  фолбин - молбин нашуда бошеду мо бехабар?

- Фолбинӣ ин ҷо чӣ номаъқулӣ мекунад? - гуфт рафиқи ҳаҷвнигорам. 

- Бигузор, онҳо аз ягон гӯшаи дури дигари  дунё  омада  бошанд  ҳам,  барои  ман  фарқ  надорад.  Номи ҳамаашонро мисли ду карат ду медонам.

Гумон кардам, ки дӯсти ҳаҷвнигори бечораам дар сари пирӣ ба бемории рӯҳӣ гирифтор шудааст. Барои ҳамин, дар дил афсӯс хӯрдам. Охир, одами соқ чунин даъво намекунад-ку? Ба вай ғамхорона маслиҳат додам, ки ба ягон табиби асабшиноси зӯр муроҷиат намояд. Азоиму чилёсин кунад ҳам, шояд фоида бинад?

- Чӣ- маро девона бароварданиед? - ранҷида ҷавоб дод рафиқам.

- Девона нею нонро калон газу гапро калон назан гуфтаанд. Ту чӣ тавр метавонӣ номи тамоми одамони дар толор нишастагиро донӣ? 

- Номи ҳамаи одамони дар толор нишастагӣ барои ман тамошобин аст, - машаи ханда намуда гуфт дӯсти ҳаҷвнигорам... 

С. БАЁЗӢ

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода