Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 1 027
Дар нимсолаи аввали соли 2021 ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар вилояти Хатлон ба 7,9 миллиард сомонӣ расида, афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 646,6 миллион сомонӣ ё ки 8,9 фоизро ташкил дод.
Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи соҳаи растанипарварӣ 83,2 фоиз ва чорводорӣ 16,7 фоиз, хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 58,6 фоиз ва бахши аҳолӣ 41,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳамаи пешравиҳои соҳаи кишоварзӣ саҳми кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҷайҳун, Ёвон ва Дӯстӣ назаррас арзёбӣ мешавад. Дар вилоят дар майдони 347 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки ин ба 105,1 фоизи дурнамои пешбинигардида баробар мебошад. Дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Қубодиён, Ҷайҳун, Шаҳритус, Левакант ва Темурмалик аз дурнамои пешбинигардида ғалладонаро зиёд кишт намудаанд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар бахшҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 342,4 ҳазор тонна ҳосили ғалладонагиҳо ҷамъоварӣ гардида, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 36,9-сентнериро ташкил дода, иҷрои дурнамо 102,2 фоиз таъмин карда шудааст.