Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ЧАРХОФАЛАКИ БАХТ


ЧАРХОФАЛАКИ БАХТ





Сари  минбар  барои  сухан  кардан  баромадаму  ба  толор  нигаристам.  Ҳама  мардуми одии  меҳнаткаш,  деҳқонон.  Аз чеҳраҳояшон маълум буд, ки онҳо дар ташвиши корҳои саҳроианд. Рӯйҳои  офтобхӯрдаву  нигоҳи хастаашон  аз  серкориашон  дарак медод. Дар ҳамин вақти долу зарби  кор   гузаронидани  маҷлис дуруст  набошад  ҳам,  бо  мардум суҳбат кардан зарур буд. Мардони  солхӯрдаву  обрӯманди  деҳа дар  қатори  пеш   менишастанд. Дар  қатори  қафо  ҷавонон  ва  занон  ҷой  гирифта  буданд.  Мо бояд  дар  бораи  танзими  анъана ва ҷашну маросим, риояи онҳо ва ба  манфиати  оила  будани  онро мефаҳмондем.

 Дар  байни  мардум  зарурат  надоштани  як  қатор  урфу  одатҳое,  ки  ба  ху-рофот  вобастаанд,  вокуниши  гуногун меангехт.  Ба  муллонамоҳо  намефорид, одамони  миёнаҳол  ҷонибдориашонро бо  сарҷунбонӣ  баён   мекарданд.  Суҳбат мушкил  буд.  Охир,  ин  маросимҳо   дер боз  риоя  мешаванду  ба  онҳо  одат  кардаанд.  Аз  қабули  қонун  солҳои  зиёд  гузашта  бошад  ҳам,  одамон  наметавонанд аз баҳри харҷҳои беҳуда гузаранд. Шояд таънаи мардум, обрӯ доштан дар байни ҳаммаҳаллаҳо, қафо намондан аз дигарон онҳоро ба ин кор водор намояд. Шабу рӯз дар  сари  замин  меҳнат  кардаву  маҳсули онро  барои  як-ду  маъракаи  ба  қавле зӯр  сарф  намоӣ.  Ё  ба  муҳоҷират  рафта, солҳо кор куниву онро барои тӯйи дабдабаноки  фарзанд  ё  маросими  мотами  на-здикон харҷ кунӣ. Ба худи аъзои оила аз ин  чӣ  фоида?  Дар  муҳоҷират  пул  ёфтан осон нест-ку. Дар ғарибӣ, дур аз оила, падару  модар,  фиреби  қаллобон,  шароити тоқатфарсои  иҷоранишинӣ,  ҳавои  сарду муносибати таҳқиромези корфармоён чӣ қадар дарди равонӣ дорад. Азоби ҷудоӣ аз падару модар, зану фарзанд, аз Ватан барои ҳамин нияти маъракаороӣ таҳаммул мешавад. Чаро мо ба худ мушкилӣ эҷод мекунем? Баҳри чӣ? Якрӯза маърака бар ивази ҷонканиҳои солҳои зиёд ва таънаи мардум. Метарсем. Намехоҳем, ки радди маърака шавем. 

 Дар  толор  назарам  ба  як  зане  афтод, ки бо гӯшаи рӯймолаш бари рӯяшро пӯшида,  ба  ман  синчакунон  менигарист. Нигоҳҳояш  шинос.  Аммо  кӣ  буданашро нашинохтам. Шояд ба касе монанд карда бошам, - аз дил гузаронидам ман. - Одамони монанд бисёр.

Суҳбат  тӯл  кашид.  Медонистем,  ки мавзуи  суҳбати  имрӯза  ва  муҳокимаҳои он  дар  деҳа   ду-се  рӯз  давом  мекунад. 

Раиси танзим чӣ гуфт, намояндаи ҳукумат чунин гуфт, мулло чӣ пурсид, киро ҷарима бастаанд  ва  ғайра.  Мардуми  деҳот  одамони  ростгӯву  софдиланд.  Ҳамеша  бо маслиҳати  якдигар  кор  мебаранд,  якдигарро  гӯш  мекунанд.  Ин  анъанаи   хуби тоҷикии  мост.  Одатан,  меҳмонро  гусел карда,  худашон  аз  паси  вай  мебароянд. Эҳтироми  меҳмон  дар  хонадони  ҳар  як тоҷик чунин аст. Дар долон ду зан интизори касе буданд. 

- Муаллима, Шуморо мумкин? - гуфта-ни зане маро аз роҳ боздошт. 

-  Маро  нашинохтӣ,  ҳамсинф?-пурсид ӯ. - Ман Савлатпочо. 

Ҳамон зани дар толорбуда ҳамсинфам будааст. Лекин аз он духтари шӯху чаққон, гапдону  зебо  нишоне  намонда  буд.  Ба хатм кардани мактаб ҳам чилу панҷ сол шуд.  Дар  давоми  ин  солҳо  чӣ  рузҳое  гузаштанд аз сари мо.

Ёд  дорам,  падари  Савлатпочо  дар наздикии  мактабамон  мағоза  дошт.  Дар танаффус  аз  онҷо  қанду  печени,  коржику лимонад мехаридем. Савлатпочо мо-дугонаҳоро  аз  давлати  падар  гоҳ-гоҳе зиёфат  медод.  Савлати  ростина  дошт ӯ.  Баъди  хатми  мактаб  мо   дар  аввалин тӯйи  арӯсии  ҳамсинфамон  Савлатпочо иштирок  кардем.  Падараш  ӯро   ба  писари ошнои бояш ба шавҳар доду бо ҳамин риштаҳои  дӯстиву  муошират  канда  шуд. Ба  вохӯриҳои  ҳамсинфон  ҳам  боре  наомад. Шавҳараш иҷозат намедод. 

-  Туро  аз  ному  насабат  шинохтам. Ҳоло ҳам ҷавон мондаӣ. Дар мактаб ҳам аълохон будӣ, баромад мекардӣ. - ба хотир меовард ӯ. - Зиндагиат чӣ хел? Чанд кӯдак дорӣ? - пайиҳам саволборон мекард Савлатпочо. 

Ба  саволҳои  ин  зани  одии  деҳотӣ,  ки ҳаётро  бе  оилаву  фарзанд  тасаввур  ҳам карда наметавонад, чӣ ҷавоб гуфтанамро намедонистам. 

-Ман  шавҳар  накардаам.  -  гуфтанам авзои  ҳар  ду  занро  тағйир  дод.  Ҳайрат буд, тамасхур буд ё дилсӯзӣ, намедонам. Савлатпочо «Чаро? Ту зани хондагӣ, дар ҳукумат кор мекардаӣ. Наход ягон номзаде  ёфт  нашуд?  Ё  дар  интихоби  шавҳар дер карда, солҳои хуби ҷавониатро танҳо гузарондӣ?»  -  гӯён  дилбардорӣ  мекард вай. Ҳис кардам, ки сидқан афсӯс мехӯрад, ки дӯсти солҳои наврасию ҷавониаш дар ҳаёт  бахти  худро  наёфтааст.  Ба  андешаи ӯ бахти зан танҳо дар шавҳардорию кӯдакдорӣ буд. 

Ба  ин  зани  соҳиби  ҳашт  фарзанд,  ки боре  ҳам  аз  деҳааш  дур  нарафтааст,  чӣ ҳам  мегуфтам.  Оламу  тасаввури  ӯ  хурду одӣ менамуд. Танҳо дар хизмати шавҳару фарзандон, хусуру хушдоман будан, кору бори  хона,  саҳрову  деҳқонӣ  мароми  зиндагии вай аст.

Чини пешонӣ, сафед шудани гесуҳо аз он нишона буданд, ки ғами рӯзгор барвақт ӯро  пир  кардааст.  Ҳуснашро  зарра-зарра ба кӯдаконаш додаву бо меҳри модариаш худашро  барои  онҳо  фидо  кардааст.  Модар дар бораи зебоиву солимии худ фикр намекунад.  Муҳим  он  аст,  ки  фарзандонаш сиҳату зебову хушбахт бошанд. Инро садоқати  модарӣ  мегӯянд.  Савлатпочо чун аксари модарони тоҷик ба оилаи худ содиқ мондааст. 

Тақдири ман маҷрои дигар дошт. Панҷ соли таҳсил дар донишгоҳ, кор дар кумитаи  комсомол,  ҳукумат.  Ҳамеша  дар  фи-кри иҷрои супоришу нақшаву чорабиниҳо, маҷлису  вохӯриҳо  будан,  ба   муроҷиати мардум  дар  ҳалли  мушкилоти  зиндагиашон мусоидат намудан вазифаи ман буд. 

То поси шаб дар идора бо ҳуҷҷатҳо кор карда,  ба  хона  дер  бармегаштам.  Шояд барои  ташкили  оила,  доштани  фарзанд фикре  ҳам  накардам.  Гумон  мекардам, ки  вақташ  расад,  ҳамааш  мешавад.  Ҳар боре, ки модару хоҳаронам «Эй духтар, ба умеди кори давлат аз зиндагиат мемонӣ. 

Ягон  номзади  муносиб  дошта  бошӣ,  гӯй, ки  хостгор  фиристад»  мегуфтанд,  механдидам.  Муаллимаамон  дар  донишгоҳ шӯхиомез духтарони донишҷӯро насиҳат мекард:  «Агар  шумо  нағз  хонед,  мутахассис  шавед,  баобрӯ  донишгоҳро  хатм кунед,  шавҳар  намегурезад.  Беҳтарин номзадҳо  шуморо  ба  занӣ  мегиранд.  Аввал  хондан.  Дар  масъалаи  оиладорӣ  саросема нашавед». Шояд барои ҳамин ҳам мо-духтарони фаъолу аълохон пешниҳоди ҳамкурсонамонро барои издивоҷ рад кардему ин масъаларо дуюмдараҷа  ҳисобидем.  Дар  ҷавонӣ   эҳсоси  дӯстию  ишқи ҷавонӣ   дошта  бошем  ҳам,  онро  пинҳон  медоштем.  Гумон мекардем, ки аз ин ҳам номзадҳои хубтар моро интизоранд. Ғурур, орзуву хаёлоти рангини зиндагии оянда ва нақшаҳои дигар моро раҳнамо буд.

Ман бо ҳамкурсонамон чун хоҳару дӯст муносибат доштам. Аз тарафи дигар, ба волидонам ваъда дода будам, ки ба Душанбе танҳо барои таҳсил меравам.

-  Ту  чӣ  хел?  Фарзандонат  хубанд?  Чаро  боре  ҳам  ба шаҳр намеравӣ? - пурсидам ман аз Савлатпочо. 

-  Ман  ба  бозору  шаҳр   намеравам.  Бачаҳо  калон  шуданд,  худашон  каму  кости  оиларо  мебинанд.  Дар  солҳои ҷанг падару модарам гуреза буданд. Дар мазори ғарибони Афғонистон хок шуданд. Хонаамонро тороҷ карданд. Ростӣ, барои рафтан тарсидам.Барои кӣ ва чӣ ҳам мерафтам, - бо алам нақл мекард Савлатпочо. 

-Туро дидаму ҳамон солҳои беғамиамон, бозиву мактабхониамон ба ёдам омад, - гуфту дар чашмонаш ашк ҳалқа зад.

Ҳар ду ҳам аламзада будем. Сӯзиши гум кардани наздиконамон,  насиб  накардани  дидори  охирини  онҳо  дар дилҳоямон захми куҳнаро нав мекард.

Ӯ  намедонист,  ки  фоҷиаи  оилаи  мо  низ  сангин  буд  ва рӯзҳои  сиёҳу  бебарорӣ  ба  ҳар  хонадони  тоҷик   таъсир  гузошт. Нахостам, ки дили бе ин ҳам афгори Савлатпочоро бо қиссаи талх ранҷ диҳам.

Гурӯҳи корӣ маро интизор буд. Аммо аз суҳбати ӯ дил канда  наметавонистам.  Гӯё  кӯдакиамро  бо  хотироти беғаш вохӯрда будаму аз даст додан намехостам. Боисрор хост, ки дар хонааш меҳмон шавам. Имкон надоштам. Хурсанд будам, ки баъди ин қадар солҳо ҳамсинфамро дидам. Дидори як шахси наздик бароям хушоянд буд. 


Раҳораҳ ҳар як сухани ӯро ба хотир меовардам. Зиндагӣ моро ба ҳар сӯй бурд. Яке дар деҳае модари фарзандони бисёру оилаи калон, ман дар шаҳр муҷарраду овораи кор. Чархофалаки тақдир моро тарафҳои дигар бурд. Медонистам, ки ҳоло ба ҳамсоязанҳову кӯдаконаш дар бораи вохӯрии имрӯза нақл мекунад. Ман ҳам дар хона ба янгаву ҷиянҳоям таассуротамро хоҳам гуфт.

Ҳаёти  осоиштаи  имрӯз,  ободии  хонаву  дар,  маҳаллаву ноҳия аз гузашти он ҷанг осоре надорад. Мардум аз сулҳ ба зиндагӣ дилгарм шудаву аз пайи рӯзгору кор шуданд. Баъди ҳалок шудани бародаронам тарбияи кӯдакон асосан ба зиммаи  ман  монд.  Янгаҳоям  барои  хӯрондану  пӯшондани онҳо меҳнат мекарданд. Мушкилии зиндагиро бо ҳам дидем. Нахостам  онҳоро  дар  ин  вазъияти  душвор  танҳо  гузорам. 

Кумак  кардам  то  фарзандони  ҷигарбандони  шаҳидшудаам аз мактаб намонанд, хонанд, соҳиби касб шаванд. Аз ҳама муҳимаш, бепадарии худро ҳис накунанд. Медонам, ки касе меҳри  падариро  ба   онҳо  дода   наметавонад.   Масъулият доштам то ҷиянҳоям чун одамони хубу боадаб ва ворисони арзандаи авлод тарбия ёбанд. Ҳар боре, ки “аммаҷон” - гӯён ба оғӯшам медавиданд, худро хушбахт меҳисобидам. Модари пирам ҳам дуо мекарданд, ки ман дар бари онҳо ҳастам ва Худованд раҳми ин ятимҳоро хӯрдааст. 

Борҳо  хостгорҳо  омаданд.  Рад  кардам.  Шавҳару оиладорӣ ба дилам нағунҷид. Доғи марги наздикон дилшикастаам  карда  буд.  Ягона  мақсадам  барои  аҳли  оилаамон мутакко будан, ғамшарик шудан буду халос. Синнам аз сӣ гузашт. Ба гуфти мардум “духтари катта” шудам. Пешниҳоди зани дуюм шуданро борҳо андешидам. Маслиҳатам медоданд, ки дигар интихобе надорам, ақаллан барои ояндаи худ фарзанддор шавам, то дар пирӣ танҳо намонам. Ин корро карда наметавонистам. Виҷдонам наме-бардошт. Ҳеҷ гоҳ бахти занеро азони худ кардан нахостам. Ин беадолатӣ мебуд. Фарзанде, ки дидори падарро моҳҳо интизор  мешавад,  чӣ  гуна  тарбия  хоҳад  ёфт?  Зани  дуюм будан, доимо пинҳонӣ, дар ҳарос аз огаҳии палонҷ зиндагӣ кардан чӣ маънӣ дорад? Ба ҷойи кор ё хона омада шармсор карданаш чӣ? Бахусус, барои ман барин корманди давлатӣ ҳолати ногувору нозебон аст. Барои духтарону занони дигар ин ибрати манфӣ мебуд. 

Имрӯз  ҷиянҳоям   парончак  шудаанд.  Соҳибмаълумот, оиладор ва хонаҳои адоҳида доранд. Шукр мекунам, ки ба боварии мардум сазоворанд, номбардори оила ҳастанд. Рӯзона бо кори идора машғул ҳастаму бегоҳӣ ҳама сари дастурхон ҷамъ мешавем. Вақти хоб ҳама ба ҳуҷраҳои худ мераванд.  Ман  танҳо  то  нимашаб  рӯзномаву  китоб  мехонам, телевизор тамошо мекунам ё бо дӯстони маҷозиам муошират  мекунам.  Гоҳо   танҳоӣ  эҳсоси  пушаймонӣ  меорад.

Шояд шавҳар мекардам, хубтар мебуд. Ҳамрозе медоштам, занҳои дигар барин кӯдак ва ҳатто соҳиби набера мешудам. Ҳам  чизро  дорам.  Хона,  мошин,  мансаб.  Аммо   лаҳзаҳое мешаванд,  ки  худамро  барои  бахтам  гунаҳкор  меҳисобам. Охир,  кадом  духтари  тоҷик  орзуи   тӯри  арусӣ  намекунад? Ёд дорам, духтарони қадрас будем, модаронамон барои мо ҷиҳоз ҷамъ мекарданд. Бо нияти нек куртаи чакан ва чодар медӯхтанд.  Кампирони  солхӯрда  мегуфтанд,  ки  Худованд танҳост,  инсон  ҷуфти  худро  ҳатман  меёбад.  Тақдир  рост наояд-чӣ? Шояд ман аз ин бахт бенасиб будаам. Ё барои хушбахтиам мубориза набурдам? Дер шуд барои ин. Гузашту имрӯзи ҳаётамро фикр кунам, ин такопӯйи азоби равонию тахминҳоям мисли буғ нопадид мешаванд. 

Ман тавонистам барои дигарон манфиат орам, дигарон-ро хушбахт кунам, - тасалло медиҳам худро. Азхуд гузаштан барои фарзандони падар, кӯдакони онҳо подоши хурсанди-ву комгории ман аст. Агар Савлатпочо худашро барои ба по мондану обод кардани ҳашт фарзандаш бахшида бошад, ман ҳам ба шаш кӯдаки пайвандонам баробари модаронашон  ғамхориву  меҳрубонӣ  кардам.  Талошам  барабас  на-рафт. Не, не, аз чархофалаки тақдир наменолам. Ҳис меку-нам, ки барои одамон лозим ҳастам. Ҳар боре бо муроҷиате ба наздам меоянд, саъй мекунам ба ҳалли мушкили онҳо кумак кунам. Яке маро самимона “хоҳар”, дигаре “духтарам” мегӯяд. Дар беҳтарин лаҳзаҳои миннатдории онҳо хушбахтиро эҳсос мекунам. Ман зани озодам. Бахти худро дар хидмат  ба  мардум  ёфтаам.   Ин  маром  маро  некбин  мекунад, неру мебахшад... 

САОДАТ 

Таснифи Дилором МАҲКАМЗОДА

P.S.  Тақдири  инсонӣ  қонунҳои  нонавишта дорад.  Он  якеро  ширину  дигареро  талх  мео-яд.  Тақдири  ду  ҳамсинф  низ  ҳаминро  мемонад. Ба  қавли  зани  деҳотӣ  гӯё  хушбахт  асту  дугонаи мансабдори шаҳрияш баръакс. Яъне, зани деҳотӣ  хушбахтии  худро  дар  шавҳар  кардану  фарзанддор  шудан  мебинад.  Ба  ақидаи  зани соҳибмансаб  ӯ  низ  хушбахт  аст,  зеро  дар  вазифае кор мекунад, ки ба мардум хизмат карда, онҳоро хушбахт мегардонад. Шояд чунин ҳам бошад. Мо тақдирро ҳукм ва онҳоро маҳкум карда наметавонем.

Шумо чӣ мегӯед, хонандагони азиз!

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода