Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат интихоб гардид


Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат интихоб гардид


      Дар шаҳри Кӯлоб Пленуми ғайринавбатии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб баргузор гардида, дар он раиси нави Шӯро муаррифӣ шуд.
      Дар натиҷаи овоздиҳӣ Исмоилзода Саймурод Бурҳон раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб интихоб гардид. Гуфта шуд, ки номзадии раиси тозаинтихоб бо розигии роҳбарияти Шӯрои собиқадорони ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода пешниҳод гардидааст. Қобили зикр аст, ки Исмоилзода Саймурод то имрӯз дар чандин вазифаҳои пурмасъули давлатӣ фаъолият намудааст. Аз ҷумла, ба ҳайси муовини раиси шаҳри Кӯлоб кор карда, баъдан, раисии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлобро ба уҳда дошт.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода