«Ҷилваи рангҳо» ҷамъбаст шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 июл, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт, Боздид 942
Шоми 3 июли соли равон дар Амфитеатри шаҳри Душанбе даври сеюми Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷамъбаст гардид.
Дар даври сеюми Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» намояндагони вилояти Хатлон фаъолона ширкат варзиданд. Дар фестивал намоиши либосҳои миллӣ, аз қабили чакан, атласу адрас ва либоси бадахшонӣ бо дӯхти пешинаву ҳозиразамон пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Мавриди зикр аст, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо: либосҳои миллӣ ва муосир барои кӯдакону наврасон, ҷавондухтарону ҷавонписарон ва занону мардон» дар асоси банди 7-и ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 роҳандозӣ гардида, дар он тарроҳону дӯзандагон, эҷодкорону рассомон ва аҳли илму фарҳанг маҳсули эҷоди худро ба намоиш гузошта, ҳунари зебоиофарии онҳо тарғибу ташвиқ гардид. Фестивал аз рӯйи 6 номинатсия — намоиши либосҳои кӯдакон ва наврасон; намоиши либосҳо барои персонажҳои афсонавӣ ва хоси корвони шодбошӣ (карнавалӣ); намоиши либосҳои рӯзмарраи духтарон, бонувон, ҷавонписарону мардон; намоиши либосҳои маросимӣ ва идона; намоиши либосҳои расмӣ (протоколӣ); намоиши либосҳои арӯсии миллӣ ва муосир баргузор гардид. Иштирокчиёни фестивал дар пешниҳоди либосҳои муосир гуногунрангии нақшу нигори маҳалҳоро эҳё намуданд. Беҳтарин иштирокчиёни фестивал аз вилояти Хатлон аз тарафи Кумитаи тадорукот бо диплому сипосномаҳо ва ташаббускороне, ки дар баргузории фестивал саҳмгузорӣ намуданд, бо «Сипоснома»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳангомаи Исмат, «Хатлон»
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04