Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Поягузорони Артиши миллии тоҷикон


Поягузорони Артиши миллии тоҷикон



Империяи  Ҳахоманишиҳо (559-330  пеш  аз  милод)  аввалин империяи  Эрон  буд,  ки  тавонист  дар  Осиё,  Африқо  ва  Аврупо  ҳукмронӣ  кунад.  Дар  давраи  ҳукумати  Ҳахоманишиён ориёиҳо як артиши миллӣ доштанд,  ки  теъдоди  сарбозонаш ҳудуди 220000 то 250 000 нафар буд ва бар иловаи он кишварҳои ҳампаймон  ва  мустамликаи Эрон  даҳҳо  ҳазор  сарбоз  доштанд.

Ҳамчунин,  ташкили  лашкар  аз  рӯйи  стратегияи  ҳарбӣ,  тақсим  намудани  қӯшун  ба  3 қисм  ҳангоми  амалиётҳои  ҳарбӣ  бори  нахуст аз  ҷониби   Дориюши  бузург  роҳандозӣ  гардида  буд.  Танҳо  барои  муҳофизати  амнияти шоҳ  дастаи  махсус  бо  номи   “Горди  ҷовидон” буд, ки шумораи сарбозонаш ба даҳ ҳазор нафар  мерасид  ва  муваззаф  ба  ҳифозати  шоҳ буданд.  Ин  хонадон  радабандии  ҳарбие,  ки имрӯз дар қӯшунҳои пиёда мавҷуд аст, ҷорӣ намудаанд.   Ҷиҳати  идораи  империяи  паҳновар институтҳои идорӣ (девонҳо), монанди Девони молия,  Девони  маъмурӣ,  Девони  ҳарбӣ  нахустин маротиба дар таърихи башарият аз ҷониби Ҳахоманишиён  бунёд  гардида,  аз  аввалинҳо шуда  дарк  карданд,  ки  тамомияти  арзии  ҳар давлат аз қӯшунҳои ҳарбии он вобастагӣ дорад. Фойтунҳои ҳарбӣ, найзаҳои 2-метра, фалангҳо, рутбаҳо,  қӯшуни  савораву  пиёда  низ  меросии давлати Ҳахоманишиён ба шумор меравад.

Ҳайсияти миллии тоҷикон-форсҳо боис мегардид,  ки  ҳамеша  алайҳи  ғосибони  мустаъ-марин  мубориза  баранд.  Гарчанде  Искандари Мақдунӣ   империяи  Ҳахоманишиёнро  шикаст дода бошад ҳам, аммо ду бародари таҳамтани ҳарбӣ Аршак ва Тридот намояндагони юнониро сарнагун карданд ва империяи миллиеро поягузор шуданд, ки беш аз 400 сол ба унвони Ашко-ниён ё Порт арзи ҳастӣ намудаанд. 

Мавҷудияти  донишҳои  ҳарбӣ-сиёсӣ  боис гардид, ки империяи паҳновари дигаре, ки беш аз 400 сол ҳукумронӣ кардаанд, яъне Сосониён  ба  қудрат  расанд.  Поягузор  ва  номварони асосии  ин  давлат  Ардашеру  Шопури  1  ва  Шопури 2 дидгоҳи бунёди давлати миллӣ доштанд ва  аз  саркардагони  ҳарбии  хубе  буданду  дар набардҳо  аз  усулҳои  ҳарбӣ  истифода  мекарданд.

Забти  Мовароуннаҳру  Хуросон  аз  ҷониби араб  сабабгори  заъфи  миллати  тоҷик  шуда натавонист.  Тоҷикон  аз  аввалинҳо  шуда ҳаракати фарҳангии Шуубия ба роҳ монданд ва  баъдан  қудрати  сиёсиро  пурра  аз  дасти арабҳо  гирифтанд.  Дар  ибтидо  Абумуслим Хуросонии  тоҷик  сарлашкари  тавонманд  Хилофати Уммавиёнро сарнагун кард ва Хилофати  Аббосиёнро  рӯйи  қудрат  овард.  Умури сиёсӣ ва ҳарбии хилофати араб низ ба дасти тоҷикон буда, Тоҳир ибни Ҳусайн низ аз қишри ҳарбиён  ба  қудрати  сиёсӣ  расида  давлати Тоҳириёнро (821-873) бунёд намуда, дар ибтидо сарлашкари қӯшуни хилофат буд ва бо таъин гардидан ба унвонии волии Хуросон эълони соҳибистиқлолӣ намуд. 

Фарзанди баруманди дигари тоҷик Яъқуб лайс  низ  то  давраи  балоғат  пешаи  мисгарӣ дошт ва танҳо ҳадафи истиқлоли миллӣ ӯро ба  ҳарбиён  пайваст  кард  ва  аз  зумраи  сарлашкарон  ва  ҳокимоне  гардид,  ки  нахустин шуда  комилан  аз  тобеияти  хилофати  араб баромада, қудрати мустақилеро таҳти унвони Саффориён (873-903) бунёд намуд. 

Қудратёбии  Исмоили  Сомонӣ  (874-907) низ  ба  ҳайси  волии  Бухоро  ба  донишҳои ҳарбии  ӯ  вобастагӣ  дошт.  Ҳадаф  аз  таъини ӯ  ба  ҳокимияти  Бухоро  таъмини  амният  ва раҳоии  ин  шаҳр  аз  дасти  роҳзанон  будааст. 

Сухани таърихии Исмоили Сомонӣ “То вақте ман  зиндаам,  девори  Бухоро  манам”  далолат аз қудратмандии ҳарбии ӯст. Зеро нахуст қудрати кӯчманчиёнро дар Тироз дарҳам ши-каст ва Бухороро ба амнтарин шаҳр мубаддал кард.

Ғасби  муғул  қатли  омми  миллати  тоҷик низ  натавонист,  ҳувияти  миллии  тоҷиконро дарҳам  занад.  Дар  остонаи  ҳамин  ҳуҷум ҳаракати  “Сарбадорон”  рӯйи  кор  омад,  ки баъдан ба давлати мустақиле мубаддал гардид.  Шиори  родмардони  ин  ҳаракату  давлат “Сар  ба  дор  медиҳему  ватан  ба  душман  не” будааст. 

Самариддин  Ҷамолӣ,
омӯзгори ДДБ ба номи Носири  Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода