Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Анъанаи ҳамсоядорӣ яке аз рукнҳои асосии одаму одамгарӣ, афзун гаштани меҳру муҳаббати байни одамон маҳсуб меёбад. Дар ин хусус ҳикмату мақолҳои зиёди мардумӣ низ ҳастанд, ки мегӯянд: “Хона нахару ҳамсоя бихар”, “Ҳамсояи наздик аз хеши дур беҳтар аст”, “Ҳамсоя-сояи ҳамсоя”, “Ҳамсояи хуб-роҳати ҷон”, “Хубу бади ҳамсояро ҳамсоя медонад” ва ғайра.
Дар боби ҳамсоя ва ҳамсоядорӣ баҳсу андешаҳо зиёду гуногунанд. Дар ҳамин мавзуъ якчанд андешаи насли калонсоли давраи шуравӣ ва насли миёнасоли имрӯзаро пешкаши хонандагони гиромии рӯзномаи “Хатлон” мекунем.
Ба қадри якдигар бирасем
Оилаи Раҳим-ака дар аҳди Шуравӣ аз ноҳияи Панҷ ба шаҳри Бохтар кӯчида омад. Бо ӯ дӯстӣ доштам. Мушоҳида мекардам, ки ба самимияту маҳбубияти ҳамсоядорӣ эътибор намедод. Танҳо пагоҳӣ ба кор рафтану бегоҳӣ ба хона омадан ва дар ҳалқаи аҳли оила буданро афзалтар медонист. Бо ҳамсояҳо доду гирифт ва рафтуомад надошт. Вале як мусибати ба сараш омада ба ӯ панд шуду ба қадри ҳамсоя мерасидагӣ шуд.
...Ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфта, акнун вазъ ба низом медаромад. Дар ҳамон шабу рӯз хоҳараш бо бемории вазнин дар беморхонаи шаҳри Душанбе мехобид. Рӯзе, як поси шаб, аз беморхона хабари марги ӯро расониданд. Аз ин мусибати ногаҳонӣ ӯ сару калобаашро гум кард. Ягона марди хона буд ва намедонист аз чӣ оғоз кунад, ҷасади хоҳарро чи тавр ба хона расонад, чи тавр хешу табори роҳдурашро ба ҷаноза хабар кунад.
Зеро, ҳанӯз нақлиёт аҳён-аҳён ба роҳ мебаромад ва телефони хонагӣ низ хуб кор намекард.
Дар ҳамин лаҳзаҳои вазнин якояки ҳамсояҳо дар бараш рост истода, дастгириаш намуданд, тасаллояш медоданд. Дар гӯру чӯби хоҳараш кумак расонда, ғамшарикаш шуданд. Эҳсос намуд, ки дарду ғами ӯ дарду ғами онҳост ва онро бо вай мебинанд.
Бале, то хеши дур хабар шудан ҳамсояи наздик қуввати дил мешавад. Аз ин рӯ, ба қадри ҳамсоя бирасед.
Оё байни якдигар девор бардоштан шарт аст?
Толибшо Шарифов, сокини ноҳияи Кӯшониён: - Синнам ба 73 расидааст. Ҳамсоядории имрӯзаро ба солҳои пешин қиёс мекунаму фарқиятро аз замин то осмон мебинам. Сад афсӯс, ки имрӯзҳо ҳамсоядорӣ бо дороӣ қадр карда, меҳри ҳамсоягӣ коҳиш ёфтааст.
Байни ҳамсояҳо деворҳои баланд бардошта мешаванд, аз якдигар паси девор паноҳ меҷӯянд. Бо ҳамин дар байни ҳамсояҳо меҳру муҳаббат намемонад, девор монеа шуда, онҳо ба ҳам бегона мегарданд.
Солҳои ҷавонӣ ин тавр набуд. Дари хонаҳо қуфлу ҳавлиҳо дарвоза надошт. Байни ҳотаҳо низ танҳо бо ҷӯборчае ҷудо буд, де-вор намегирифтем. Шояд пурсед, ки чаро девор намебардоштем?
Байни ҳотаҳо ва ё ҳамсоягӣ девор бардоштан аз ҳар ҷиҳат зиён дошт. Девор ба он хотир бардошта намешуд, ки замини ҳота шамолрас шаваду ҳосили зироат фаровон гардад. Вақте девор бошад, шамолро мегардонад, ба дарахт соягӣ медиҳаду ҳосил низ кам мешавад. Хосияти дигар ва хуби кушода будани ҳотаҳо дар он аст, ки вақти дар замини наздиҳавлигӣ кор кардан меҳнати ҳамсояро дида, мондашавӣ ҳис намешавад, ба якдигар маслиҳат медиҳӣ, аз ҳамсоя панд мегирӣ. Вақти истироҳат бо ҳам нишаста, сари як пиёла чой суҳбати гарм меороӣ, зиндагии якдигарро чун оина дида, ҳисси бахилию ҳасадхӯрӣ ва кинаву адоват аз байн меравад. Ҷанҷоли зану шавҳар ва латукӯбу дашномдиҳӣ аз шарми ҳамсоя рух намедиҳад.
Рафтуомад бештар мегардад, фарзандон бо ҳам унс гирифта, дар оянда рисолати ҳамсоядориро идо-ма медиҳанду пос медоранд.
Боз як анъанаи ҳамсоядориро мехоҳам ёдовар шавам. Солҳои пешин, вақте ки ҳамсоя хӯрок ё нон мепухт, ба хонаи ҳамсоя, албатта, як коса хӯроку як нон мефиристод.
Бо ин шиками кӯдакони ҳамсоя сер намешуд, албатта. Вале меҳру муҳаббати онҳо зиёд мегашт. Ё бигирем, вақти ба хонаи ягон ҳамсоя омадани меҳмонро. Дар ин ҳолат низ ҳамсояҳо бе даъват бо косаи ҷурғот ва як нон аз дари ҳамсоя медаромаданду бо меҳмон дар суҳбат мешуданд. Меҳмон аз ин як ҷаҳон таассурот мебардошт ва ба оилаи худ сифати ҳамсоядории он маҳалро мекард.
Ҳангоми сохтмони хона, андоваи он бошад, бо кумаки ҳамсояҳо тариқи ҳашар анҷом меёфт. Байни ҳавлиҳо, ки девор надошт, аз ҳолу аҳволи якдигарӣ зуд огоҳӣ меёфтанд.
Ҳоло бошад, ин тавр нест. Ҳамсояҳоро деворҳои баланд аз ҳам ҷудо месозад, баъзан мурда монӣ ҳам ҳамсоя хабар намеёбад.
Ҳатто ба маъракаи ҳамсоя намераванд, ҳамсоягӣ бо дороӣ ё вазифадорӣ қадр мегардад. Дар шаҳр, дар хонаҳои баландошёна ҳамсоя ҳамсояи паҳлуяшро намешиносад, якдигарро бо чашмаки дар (глазок) мебинанд.
Ман бисёр мехоҳам, ки фарзандони мо он анъанаҳои неки ҳамсоядории падару бобоёнро пос дошта, идома диҳанд. Зеро зиндагӣ яксон набуда, он пастию баландиҳо дорад. Тани гарм бедард нест. Мушкилоти зиндагӣ бошад, рӯз ба рӯз ба дӯши мо бор мешавад.
Ин ҳамаро танҳо тавассути якдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббати байни ҳамсояҳо рафъ кардан имконпазир аст. Маҳз аз ҳоли ҳамсоя огоҳ шуда, хубу бади якдигарро медонанд. Аз ин хотир, анъанаҳои неки ҳамсоядориро нигоҳ доред.
Андешаҳои дигар...
-БАЛЕ, ҳамсоя сояи ҳамсоя аст. Ҳар як мушкилоти зиндагиро низ бо кумаку маслиҳати ҳамсоя баровардан мумкин аст. Вақте ки ба сари кас мусибате меояд, аз ҳама пеш ба ҳамсоя муроҷиат мекунад. Ҳамсоя ҳамеша ҳоҷатбарор аст.
-ХОНАИ норӯфта меҳмон меояд, мегӯянд. Бисёрҳо шудааст, ки як поси шаб ба хона меҳмон омада мемонад. Рӯзгор бе камбудӣ нест, ҳамон вақт дар хона равғану намак, ё гӯгирду нону чой нест. Шабона ба бозор рафта наметавонӣ. Дар чунин лаҳзаҳо дари хонаи ҳамсояро мекӯбӣ ва ҳамсоя ҳоҷататро мебарорад. Аз ин ҷост, ки “Хонаи ҳамсоя-бозори ҳамсоя”, гуфтаанд.
-Қонуну қоидаи ҳамсоядорӣ танҳо дар паҳлуи якдигар зистан нест, албатта. Ба шодию ғами якдигар шарик будан шарти ҳамсоядорист. Аммо зиндагии имрӯза ин шартҳоро аз байн бурда истодааст. Акнун одамон нисбати ҳамсоядорӣ бепар-вою бетараф шудаанд, ки ин ба мардуми соҳибтамаддун зебанда нест.
-ҲАМСОЯҲОЕ ҳам ҳастанд, ки дар рӯят хандида, дар ғайбат бадгӯӣ мекунанд. Ҳар як “хубӣ”-и кардаашонро миннат намуда, ками туро таънаю ба бешат ҳасад ме-баранд. Аз чунин ҳамсояҳои забонию нонӣ
сояи девор беҳтар аст...
P.S. Хонандаи гиромӣ! Набояд фаромӯш кард, ки хубии ҳамсоя дар ҳама ҳолатҳо мерасад. ҳамсояи хуб роҳати ҷон, оромии зиндагӣ ва ширинии ҳаёт аст. аз ин рӯ, аз ҳамсояи худ дурӣ наҷӯед, бо онҳо апаю хоҳару бародар ва хешу табор шавед. аз ин зиён намебинед...
С. АТТОР, «Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.