ТАҶРИБАИ НАВ ДАР ХАТЛОН: "МАКТАБИ МОДАРОН"
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 98
![]()
Бо мақсади омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки ниёгон, бардошт аз мактаби рӯзгордории модарони шарафманд, аз насл ба насл густариш додани либосҳои миллӣ ва фарҳанги пурғановати мардумӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва дигар омилҳои номатлуб миёни ҷавондухтарон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон чорабинии тарғиботии "Мактаби модарон" баргузор гардида истодааст.
Дар ҳамоиши тарғиботӣ дар ноҳияи Ёвон муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода ширкат варзида, дар суҳбат бо иштирокдорон изҳор кард, ки мактаби модарон мактаби омӯзиши таҷрибаи пурғановати рӯзгордорӣ, сабақи худшиносии миллӣ, мактаби ҳаёт, илму ҳунар ва фарҳанги оиладорӣ аст.
Ҷавондухтарон бо бардошт аз таҷрибаи ин мактаби бузург андешаву ҳунари худро такмил дода, ба зиндагӣ бо диду назари нек муносибат менамоянд.
- Ин мактаб фарзандонро ба роҳи росту ояндасозӣ раҳнамоӣ намуда, аз рӯзи ба дунё омдани инсоният бо садои аллаи руҳнавози модар то дами вопасин аз ёдҳо зудуда нахоҳад шуд, - афзуд А. Абдусаломзода.
Дар чорабинии тарғиботӣ ҷавондухтарон аз мактаби ҳунарии модарон омода кардани таомҳои миллӣ, аз мактаби фарҳангии худогоҳии модарон ба бар кардани либосҳои тоҷикӣ, аз мактаби илму дониши модарон дарси одобу ахлоқи ҳамида ва илму дониш ва аз мактаби тарбияи модарон хулқу атвори ҳамидаи инсониро омӯхта, ин рисолати ибратомӯзро дар миёни ҳамсолони худ идома мебахшанд.
Чорабинии омӯзишии "Мактаби модарон" дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ баргузор мегардад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...