МУЛОҚОТИ ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДДБ БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 0
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мулоқоти намояндагони гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Ҳадафи вохӯрӣ шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва таъкид ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ буд.
Зимни суханронӣ муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода муҳимияти Паёмро дар рушди устувори кишвар, таҳкими истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат, амнияти озуқаворӣ ва пешбурди сиёсати иҷтимоӣ шарҳ дод. Таъкид гардид, ки Паём ҳамчун роҳнамои стратегӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, иҷрои он барои пешрафти кишвар нақши муҳим мебозад.
Сармуҳаррири рӯзномаи "Хатлон" Носирҷон Маъмурзода қайд намуд, ки дар Паёми навбатӣ ба масъалаҳои идеологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Сарвари давлат зарурати таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати ҷомеаро таъкид намуда, нақши муҳимми мафкураи солимро дар пешгирии таҳдидҳои идеологӣ, хусусан таъсири ғояҳои экстремистӣ ва тахрибкорона, зикр карданд. Ҳамчунин, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти фарҳангӣ ҳамчун омили муҳими рушди устувори давлатдорӣ ишора гардид.
Муовини раиси шаҳри Бохтар Наргис Қурбонзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Шоиста Абдуназарзода, шоири шинохта Офоқ Қодириён, дотсенти ДДБ ба номи Носири Хусрав Бекмурод Наимзода, инчунин, устодон ва донишҷӯён дар рафти мулоқот андешаҳои худро оид ба Паём баён намуда, таъкид карданд, ки ҷавонон ҳамчун неруи созандаи миллат бояд барои татбиқи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти давлат талош варзанд.
Дар охири вохӯрӣ намояндагони гурӯҳи таблиғотӣ ба саволҳои донишҷӯён посух гуфта, онҳоро ба омӯзиши амиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар рушди давлатдорӣ даъват намуданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00