ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ 385 НАФАР ТАБИБОНИ СОҲИБТАХАССУС НАМЕРАСАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
Шарофиддин Рустамов, мудири Шуъбаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар гурӯҳи шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб 29 январи соли 2025 зимни нишасти маълумоти дар мавриди як соли бурду бохти соҳаи тандурустӣ иттилоъ дод.
Тавре Ш. Рустамов ба рӯзноманигорон иттилоъ дод: "Соли 2024 бо таваҷҷуҳ аз ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати кишвар барои рушду нумӯи соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 303 миллиону 14 ҳазору 796 сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Аз ин миқдор 302 миллиону 914 ҳазору 120 сомонӣ ҷудо гардид, ки 99,9% нақшаро ташкил медиҳад. 77 муассисаҳои тандурустӣ дар соли гузашта ба маблағи 11 млн. 807 ҳазору 776 сомонӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ расондаанд, ки 104% нақшаро дарбар мегирад".
Яке аз мушкилотҳое, ки айни замон дар тамоми марказҳои саломатии минтақаи Кӯлоб ба назар мерасад, ин мушкилоти нарасидани мутахассисони маълумоти олидор мебошад. Тибқи иттилои бадастомада то ин дам дар соҳаи тандурустии минтақаи Кӯлоб 385 нафар табибони соҳибтахассус намерасад, махсусан табибони тибби оилавӣ, силшиносӣ, амрози даруна, табибони атфол, табибони бемориҳои руҳӣ ва нашъамандӣ, чашм ва ғайраҳо.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...