Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ДАР МИНТАҚАИ БОХТАР 9 МАРКАЗҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ НАВ КУШОДА ШУД


ДАР МИНТАҚАИ БОХТАР 9 МАРКАЗҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ НАВ КУШОДА ШУД




Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар минтақа тибқи қонунҳои амаликунанда фаъолияти худро ҷиҳати таъмини иҷроиши мақсаду вазифаҳои сиёсати пулию қарзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави минтақаи Бохтар равон сохта, фаъолияти низомро дар шуъбаи минтақавии БМТ дар шаҳри Бохтар, 42 адад филиали бонкҳо, 6 адад ташкилотҳои маблағгузории хурд, 27 адад филиалҳои ТМХ ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои Ф. Самадзода, мудири шуъбаи минтақавии Бонки милии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дар таркиби низоми бонкии минтақа тағйиротҳои назаррас ба миён омада, дар ин давра 3 адад марказҳои хизматрасонии маблағгузории хурд ба филиал табдил дода шуда, дар ин муддат аз ҳисоби дигар ташкилотҳои молиявӣ як адад филиали нав дар ҳудуди минтақа таъсис дода шуд. Дар давоми соли 2024 аз ҳисоби ташкилотҳои қарзии молиявӣ 9 адад марказҳои хизматрасонии нав кушода, ба истифода дода шуд.

Дар идомаи суханронӣ иттилоъ дода шуд, ки дар қаламрави минтақа теъдоди бонкоматҳо 449 адад ва пос-терминал 734 ададро ташкил медиҳанд.

Комрони БАХТИЁР,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода