Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Шаб ба охир мерасаду домани худро мекашад ва ҷойи худро ба субҳи содиқ медиҳад. Моҳи мунир, ки шабро чун рӯз мунаввар мекард, оҳиста-оҳиста нопадид мегардид. Охирин ситораҳои пурҷило «чашмакзанон» осмонро тарк намуда, «хайрухушкунон» ноаён мешуданд.
Ана дар ҳамин оғози субҳи босафо Раъно Раҳимзода аз ҳуҷраи хоб ба саҳни ҳавлиаш баромад. Ҳама гирду атроф орому сокит. Гирди дарахтону гулҳои рангорангу хушбӯй ва муаттари назди ҳавлиаш каме чарх зада, аз накҳати онҳо ҳаловат бурд. Хурсандона бо хотири болида ба хона даромад. Зуд ба хотираш расид, ки дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии идона баргузор мегардаду дар он бояд иштирок ва суханронӣ намояд. Шитобон аз пайи хӯроки субҳона ва пӯшидани либос шуд...
Оре, инак, 42 сол мешавад, ки оғози кори ходими давлатӣ, бонуи соҳибдилу меҳнатқарин Раъно Раҳимзода ана ҳамин тавр сурат мегирад.
Ӯ фаъолияти кории хешро баъди хатми бомуваффақияти факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Муассисаи таҳсилоти ми-ёнаи умумии №10-и ноҳияи Фархор ба ҳайси омӯзгор оғоз намуд.
Дарсҳояш барои шогирдон шавқовару пурмазмун ва хотирмон мегузашт. Зеро ӯ медонад, ки дарси хуб маз-муни як асарро дорад. Ӯ тавонист меҳри илму дониш ва маърифатро дар дили шогирдон ҷой диҳад. Муҳаббати хонандагон ҳам ба ӯ неруи тоза мебахшид. Донишу таҷрибаи бой, масъулиятшиносӣ ва ташаббускориаш буд, ки ӯро директо-ри мактаб таъин намуданд.
Баъди чанд соли фаъолияти пурсамар дар соҳаи маориф ӯро ба вазифаи мудири шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия таъин намуданд. Донишу малакаи баланди роҳбарӣ, ҷиддият, ташкилотчигию ташаббускорӣ ва фаъолияти хубу пурсамар ӯро зина ба зина боло бурдааст.
Солҳои 2003-2013 ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Фархор сарбаландона фаъолият намуда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои ба зиммааш буда заҳмату талошҳои зиёдеро ба сомон мерасонид. Дар ин давраи фаъолияти кориаш соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, ки самти роҳбарии бевоситаи ӯ маҳсуб меёфтанд, рушд ёфта, комёбиҳои баландро соҳиб гардиданд. Барои саҳми босазо гузоштан дар рушду равнақи соҳа ӯ сазовори нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гардид.
Ба зиёиёну рӯзноманигорон эҳтироми баланд дорад. Як хотирае қобили зикр аст, ки он роҳбарии оқилона ва маърифати баланди ӯро бозгӯӣ менамояд. Давраи муовини раиси ноҳия буданаш мо-як гурӯҳ рӯзноманигорони минтақаи Кулоб барои иштирок дар нишасти матбуотӣ бо раиси ноҳия ба Фархор мерафтем. Каме дуртар аз даромадгоҳи маркази ноҳия як садамаи вазнини нақлиётие рух дода будаасту кормандони БДА ҳаракати нақлиётро ба самти маркази ноҳия муваққатан бастаанд. Яке аз ҳамроҳони мо вазъиятро ба шуъбаи иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар дод.
Бо дастури муовини раиси ноҳия Раъно Раҳимзода як нақлиёти мусофиркаш фиристода шуд ва мо сари вақт барои иштирок дар нишасти матбуотӣ расидем.
Дар сатҳи баланд баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо ва чорабиниҳои маданию маърифатӣ ва фарҳангӣ, инчунин, тариқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил намудани ҷавондухтарон ҷавҳари асосии фаъолияти кории ӯ маҳсуб меёфт. Ба ин қаноат накарда, боз 10-12 ҷойи иловагӣ квота дастрас намуда, духтаронро барои таҳсил ба донишгоҳу донишкадаҳо мефиристод.
Фархор ноҳияи сарҳадӣ буда, дар чанд мавзеи наздикии дарёи Панҷ қисмҳои низомии Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Раъно Раҳимзода ҳамчун муовини раиси ноҳия барои татбиқи да-стуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз ҳаёту фаъолияти афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ шинос шудан ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ҳифзи марзу буми Ватан чанд маротиба ба ин қисмҳои низомӣ сафари корӣ анҷом доданд. “Ҳар як хизмату заҳматро подошест”, мегӯянд. Соли 2011 ӯ бо нишони сарисинагии «Аълочии қӯшунҳои сарҳадӣ (дараҷаи 1)» қадрдонӣ шуд.
Бо вуҷуди серкорӣ, ташвишу тараддудҳо ва фаъолияти пурсамар дар самти хизмати давлатӣ доим дар пайи донишомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинӣ қарор дорад. Зеро иҷрои вазифаҳои баланду пурмасъул аз шахс донишу таҷрибаи бойро талаб мекунад. Ана ҳамин ҷаҳду талошҳо ва меҳру шавқи беандоза ба донишафзоӣ буд, ки ӯ ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2011 онро бомуваффақият ва сарбаландона хатм намуд.
Дасту дили пок ба кор, поквиҷдонӣ, фаъолияти самарабахшу рӯзафзун ва хислатҳои наҷиби инсонӣ ӯро ба вазифаҳои боз ҳам баландтар раҳнамоӣ мекард.
Соли 2013 бо фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раъно Раҳимзода ба вазифаи раиси ноҳияи Фархор таъин карда шуд. Акнун ин вазифаи ниҳоят масъулиятнокро бо донишу кордонии баланд, виҷдони пок ва азхудгузаштанҳо иҷро кардан лозим меояд.
Гузашти солҳо нишон дод, ки Раъно Раҳимзода бо фаъолияти хубу донишу таҷрибаи бой, ҷасорату шуҷоат, масъулиятшиносии ба худ хос ва хислатҳои неки инсониаш ҳамаи мушкилиҳои пешомадаро ҳал намуда, аз иҷрои ин вазифаи муҳиму пурмасъул сарбаландона баромад.
Ӯ барои рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла ба соҳаи фарҳанг низ таваҷҷуҳи хоса дошт. Чун дар ноҳияи Фархор ёдгориҳои таърихиву қадимӣ зиёд аст, барои таҳқиқоти олимони бостоншинос ва дигар муҳаққиқон мусоидат намуда, шароити хуби корӣ муҳайё менамуд. Дар натиҷаи ковишҳои археологӣ намунаи аввалини таърихи чаканро аз ҳудуди деҳаи Иттифоқи ноҳия ёфтанд. Дар ин бозёфти нодири бостонӣ расми «Дарахти ҳаёт» хеле зебо ва муъҷизанок гулдӯзӣ шудааст.
Раъно Раҳимзода ҳамчун узви фаъоли ҲХДТ аз рӯзҳои аввалини таъсисёбии он ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ дар самти иштироки фаъолонаи бонувон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа тадбирҳои зиёди судмандро амалӣ намудааст.
Дар ҳамаи вазифаҳои масъуле, ки фаъолият намуд, поквиҷдонона ва содиқона ба нафъи халқу Ватан хизмат кардан шиораш буд. Ҳамчун хизматчии давлатии асилу фидоӣ бо сари баланд фаъолияти арзанда намуд.
Соли 2016 ӯро ба вазифаи дигарсардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъин намуданд. Дар ин вазифаи баланд низ бо неруи тозаи ташкилотчигӣ ва фаъолияти пурсамар то соли 2022 кор кард.
Боиси ифтихор аст, ки дар ин давраи фаъолияти меҳнатии ӯ низ занону бонувони вилоят бо меҳнати шоиста ҷиҳати амалисозии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди босуботи мамлакат нақши муҳим бозиданд. Албатта дар ин комёбиҳову пешравиҳо Раъно Раҳимзода саҳми арзандаи хешро гузоштааст.
Корномаи меҳнатии шоистаю ибратомӯзи қаҳрамони матлаби мо Раъно Раҳимзода ба охир нарасида, имрӯз ҳам идома дорад.
Айни замон ӯ дар вазифаи муовини аввали раиси Шурои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор кор карда истодааст.
Барои хизматҳои арзандаю шоиста дар назди халқу Ватан бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 бо медали «Хизмати шоиста» ва соли 2021 бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст. Инчунин ӯро бо даҳҳо Ифтихорномаю сипосномаҳо ва мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намудаанд.
Ин бонуи фаъолу меҳнатқарин, фидоии хизмати давлатӣ ва халқу Ватан имрӯз ҳам ба хотири рушди бемайлони кишвар, таҳкими Истиқлолу ваҳдати миллӣ ва амалӣ намудани орзуҳои неку ширин бо дасту қалби пок ва бо руҳбаландӣ фаъолият дорад. Вақте ки рӯзгор ва кору пайкори ин бонуи фаъолу қавиирода ва сарвари муваффақро рӯнамоӣ менамудем, ин суханони пурмаънои бузургворе ба хотирам расид, ки ба чунин шахсиятҳои фозилу хоксор, масъулиятшинос ва сарсупурда чун Раъно Раҳимзода рабт доранд:«Ба хотири ҳамаи онҳое, ки ғами онҳо ғами мост, кор идома хоҳад кард, вазифа иҷро хоҳад шуд, умед зинда хоҳад монд ва орзу ҳаргиз нахоҳад мурд».
Соли 2023 аз ҳисоби квотаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёрати хонаи Каъба насибаш гардид, ки аз ин иқдоми Сарвари давлат шукргузорӣ менамояд.
Аъзам БОБОЕВ,
рӯзноманигор
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.