Хуруҷи малах дар минтақаи Бохтар
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ, Боздид 1 327
Бар асари тағйирёбии иқлим ва нисбатан гарм омадани ҳарорати ҳаво дар охирҳои фасли зимистон, имсол дар ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон - Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Шаҳритус ва охиран ноҳияи Қубодиён, хуруҷи малахи марокашӣ нисбат ба солҳои гузашта 20 рӯз барвақт мушоҳида шудааст. Дар ин бора Холмуъмин Зиёвуддинов, сармутахассиси Филиали Муассисаи давлатии экспедитсияи мубориза бар зидди малах дар вилояти Хатлон, иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ малахи марокашӣ аслан дар минтақаҳои барои гузаронидани коркарди кимиёӣ дастнорас тухм гузошта, давра ба давра аз доманакӯҳҳо ба водиҳо ва марзҳои кишоварзии вилояти Хатлон мефароянд. Аммо имсол хуруҷи малах ҳанӯз аз санаи 20-22 феврал дар ҳудуди ноҳияи Вахш мушоҳида шудааст. - Ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии хуруҷи малахи марокашӣ дар вилояти Хатлон Ситоди мубориза бар зидди малах таъсис дода шуда, то имрӯз аз ҷониби Муассисаи давлатии экспедитсияи мубориза бар зидди малахи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии малах ба ноҳияҳои вилоят 9967 литр заҳрхимикат, 11 ҳазору 992 литр сӯзишворӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ дастрас гардидааст. Ҳамчунин, то имрӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо 2025 литр заҳрхимикатҳо кумак расонида шудааст, - иброз дошт Холмуъмин Зиёвуддинов. Тибқи маълумоти бадастомада, ҷиҳати сари вақт несту нобуд кардани ин ҳашароти ба соҳаи кишоварзӣ зиёновар имрӯзҳо 150 нафар коргарону мутахассисони муассисаи давлатии Филиали экспедитсияи мубориза бо малах дар вилояти Хатлон ва зиёда аз 300 нафар ёрдамчиён аз шаҳру ноҳияҳо муҷаҳҳаз бо 35 техникаи ёрирасон ва 300 дастгоҳи дорупошӣ ба мавзеъҳои хуруҷи малах сафарбар гардидаанд. То имрӯз дар масоҳати 57 ҳазору 259 гектар чарогоҳҳо ва заминҳои кишоварзӣ корҳои безараргардонӣ гузаронида шудааст. Бинобар гуфтаи мутахассисон, малахи марокашӣ на сарҳад дораду на макон, аммо ин ҳашароти зараррасон бо мурури солҳо ба иқлими ҳар минтақа мутобиқ мешавад. Аз рӯи нишонаҳо малахи марокашӣ дар тахтапушт аломати салибмонанди Х дошта, аз ду тарафи китфонаш доғи сиёҳ ва нуқтаҳои вергулмонанди сафед дорад. Агар дар солҳои пеш давраи инкишофу паҳншавии малахи марокашӣ 60-65 рӯз давом мекард, пас дар солҳои охир давраи хуруҷи ин ҳашароти зараррасон дар минтақаҳои гуногуни вилояти Хатлон то 100-110 рӯз идома ёфта истодааст.
Ҷ. САЙФИДДИН, “Хатлон”
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04