Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » РУШДИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ КИШОВАРЗӢ


РУШДИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ КИШОВАРЗӢ




Дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо мақсади натиҷагирӣ аз созишномаҳои дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон Инвест-2024» суҳбат - вохӯрии роҳбари ширкати "Ekmen tarin"-и Ҷумҳурии Туркия бо роҳбарони ҶСП "Аввалин"-и ноҳияи Қубодиён, Кооперативи тиҷоратии "Дубеда"-и ноҳияи А.Ҷомӣ, ҶДММ "Элит Котон" ва хоҷагии "Ёрирасон -2"-и ноҳияи Ҷ.Балхӣ доир шуд. 

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ҳадафи асосии ин сӯҳбат – вохӯрӣ рушд додани ҳамкориҳо дар самти кишоварзӣ бо ширкати мазкур мебошад. 

Дар ин ҷамъомад аз ҷониби роҳбари ширкати туркӣ муаррифномаи кор ва фаъолият дар самти кишоварзии муосир, пешниҳодҳо пешкаш карда шуда, иштирокчиён ва соҳибкоронро ҷиҳати ҳамкорӣ дар самти кишоварзӣ даъват намуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода