Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Масъулияти шаҳрванд дар назди ҷомеа ва давлат


Масъулияти шаҳрванд дар назди ҷомеа ва давлат



Дар  таърихи  навини  давлатдории  тоҷикон  баъди  ба  даст  овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 30 сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994, лоиҳаи Конститутсия дар раъйпурсии умумихалқӣ матраҳ гардида, қабул шуд.

Натиҷаҳои  раъйпурсии умумихалқӣ  бисёр  қонеъкунанда буд,  зеро  бештар  аз  87  фоизи  иш-тирокчиён лоиҳаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ  намуданд.  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо эътирофу  сабти  соҳибихтиёрии мардуми  Тоҷикистон  шуруъ  шудааст.  Муқаддимаи  Конститутсия  бо суханони  «Мо,  халқи  Тоҷикистон, …  ҳамин  Конститутсияро  қабул  ва эълон  менамоем»  оғоз  меёбад. 

Мувофиқи ин ҳидояти Конститутсия халқи  Тоҷикистон  бо  назардошти воқеияти  таърихӣ  сарнавишти  худро муайян кард ва давлатдории худро тақвият бахшид. Ин матлаб дар моддаи  6  Конститутсия  хусусияти меъёрӣ касб намуда, халқ ба сифати «баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сар-чашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ» эътироф шудааст. 

Инсон,  ҳуқуқ  ва  озодиҳои  ӯ унсури  муҳими  давлати  демократию  ҳуқуқбунёд  ва  падидаи аввалиндараҷаи ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Бо қабул гардидани Конститутсияи  амалкунандаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  бунёди  ҷомеаи демократӣ  ва  давлати  иҷтимоӣ пойдевори  устувор  бунёд  гардида, инсон  ва  ҳуқуқу  озодиҳояш  ҳамчун бузургтарин  арзишҳо  шинохта  шуданд.

Барои инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳои  конститутсионӣ  воситаи худифодакунӣ  ва  ошкор  намудани лаёқати дар ҷомеа ташаккул ва инкишофёбӣ,  таъмини  шаъну  шараф,  ки  барои  шахсияти  озод  хос аст,  воситаи  амалӣ  гардонидани ҳуқуқҳои  инкорнашавандаи  ӯ  ба иштирок дар идораи ҷомеа, ки узви он  аст,  таъмини  шароити  зарурии иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои  қонеъ  гардонидани  эҳтиёҷоти ҳаётан  муҳими  моддию  маънавӣ мебошанд.

Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  низ  ин  меъёрҳоро  ба  инобат  гирифта,  ба  он  асос  меёбад, ки шаъну шарафи инсонро дахлно-пазир мешуморад, ҳуқуқу озодиҳои асосии  инсон  ба  ӯ  аз  лаҳзаи  та-валлуд  тааллуқ  доранд  ва  ба  воситаи  қонун  ва  суд  аз  поймолкунӣ ва  дахолати  беасос  ҳифз  карда мешаванд, ҳаёти инсон ва саломатии ӯ, дахлнопазирии шахсӣ ва бе-хатарии  ӯ  арзиши  олии  давлат  эътироф  мешаванд.  Таъмини  ҳуқуқу озодиҳои  инсон  ва  шаҳрванд  вазифаи  асосии  ҳокимияти  давлатӣ буда,  онҳо  мақсад  ва  мазмуни қонунҳо  ва  фаъолияти  мақомоти давлатиро  муайян  мекунанд.  Барои  давлати  мустақилу  ҷавони мо,  ки  роҳи  инкишофи  демокративу  ҳуқуқбунёдро  пеша  кардааст, ба  вуҷуд  овардани  чунин  замина аҳамияти  хеле  муҳим  дорад.  Яъне таъмини  волоияти  қонуну  адолати иҷтимоӣ,  инчунин  эҳтирому  риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд меҳвари асосии фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлатӣ қарор гирифтанд. 

Ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд замоне воқеан амалӣ мегарданд, ки онҳо дар қонуни асосии давлат - Конститутсия кафолат дода шуда бошанд ва таъмини он ба зиммаи давлат ва ё  мақоми  ваколатдори  он  вогузор гардида бошад. Кафолатҳои ҳуқуқи инсон  ва  шаҳрванд  -  ин  восита  ва шароитҳое  ҳастанд,  ки  дар  Конститутсия,  санадҳои  байналхалқӣ-ҳуқуқӣ  ва  санадҳои  дигари  меъёрӣ муқаррар  гардида,  имконияти  истифодаи  ҳуқуқҳоро  таъмин  менамоянд.  Асоси  кафолати  ҳуқуқи  ин-сон  ва  шаҳрванд  ҳуқуқу  озодӣ  ва вазифаҳои ба тарзи конститутсионӣ муқарраргардидаро  дар  бар  мегиранд.  Ҳуқуқ  ва  озодиҳои  инсон  ва шаҳрванд  зинаи  муайянкунандаи рушди давлат ва ҷомеаи мустақили Тоҷикистон ба шумор меравад. 

Конститутсия  механизми  ҳифз  намудани  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар фаъолияти мақомоти давлатии  марбут  ба  ниҳодҳои  гуногуни  ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ муқаррар намуда, таъиноти онҳоро баҳри таъмин, риоя ва ҳифз на-мудани  ҳуқуқҳои  инсон  ва  шаҳрванд  равона  кардааст. 

Яъне  ҷоиз  будани  ҳифзи  ҳуқуқи  инсонро  Конститутсия дар  ҳама  шаклҳои  фаъолияти  мақомоти  давлатӣ,  аз ҷумла  мақомоти  ҳокимияти  иҷроияи  давлатӣ  муқаррар намудааст. 

Дар  баробари  кафолатҳои  муқаррарнамуда  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  зиммаи  инсон  ва шаҳрванд  вазифаҳои  муайянро  низ  вогузор  намудааст. 

Маълум аст, ки ҳар Конститутсия бояд ҳуқуқу озодиҳои фардиро  дар  баробари  қудрати  давлатӣ  ва  баръакс, марзбандии фаъолияти давлатро бо ҳуқуқи шаҳрвандон танзим  намояд.  Яъне  Конститутсия,  пеш  аз  ҳама,  бояд ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро муҳофизат кунад ва ҳамзамон бо он масъулияти шаҳрвандро дар назди ҷомеа ва давлат муайян созад. 

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои асосии зерин муқаррар гардидаанд:
-вазифаи  риояи  Конститутсия  ва  қонунҳо,  эҳтироми ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигарон (моддаи 42);
-вазифаи  ҳифзи  Ватан,  ҳимояи  манфиати  давлат, таҳкими  истиқлолият,  амният  ва  иқтидори  мудофиавии он (моддаи 43);
-вазифаи  ҳифзи  табиат,  ёдгориҳои  таърихиву фарҳангӣ (моддаи 44);
-вазифаи супоридани андоз ва пардохтҳо (моддаи 45). 

Хулоса, имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо  фарогирии  арзишҳои демократӣ  ва  умумибашарӣ  дар  қатори  беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон қарор дорад.

Муҳаммадҷон ШЕРЗОД, омӯзгори ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода