Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Бо диле пур аз меҳри Ватан


Бо диле пур аз меҳри Ватан




Бо ин зани ҳалиму хоксор ва меҳнатқарин борҳо вохӯрдаву суҳбатҳои сарироҳӣ доштам.  Медонистам,  ки  ӯ  ҳамчун  як  чеҳраи  шинохта  дар  ноҳияи  Ёвон  миёни мардум обрӯманду соҳибэҳтиром аст. Чанде пештар барои суҳбат ба ҳузураш рафтему ӯро дар ҳуҷраи кориаш машғули мутолиаи рӯзномаю маҷаллаҳо дарёфтем. Ба кормандон супоришҳо медоду иҷрои онҳоро талаб менамуд. Аз чеҳрааш дарк намудем, ки ҳоло ҳам иродаи шикастнопазир, тасмимҳои ҷиддӣ ва масъулияти баланди корӣ дорад.

Дар  аснои  суҳбат  маълумамон  гардид,  ки Тоҷинисо Шарифова яке аз занони муваффақ, фаъол  ва  роҳбари  ғамхору  меҳрубон  солҳои зиёдест,  ки  саҳми  босазои  худро  дар  рушду пешрафти кишвари азизамон мегузорад.

Ӯ дар оилаи бомаърифат ба дунё омадаву ба воя расидааст. Падараш хизматчии давлатӣ буду тарбияи дурусту мақсадноки фарзандонро рисолати бузург меҳисобид. Ба фарзандон дар арафаи иду ҷашнҳо китоб ҳадя меовард, то ки хонанду доною бомаърифат шаванд.

Ана ҳамин тарбияи хуби волидон ва дониши баланди аз мактаби миёна гирифта буд, ки ӯ баъди супурдани имтиҳонҳо бо баҳои аъло ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шавад.

Баъди хатми бомуваффақияти Донишгоҳ ба зодгоҳаш баргашта, фаъолияти кориашро дар муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  №57  ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик оғоз намуд. Бо дониши баланд, машғулиятҳои пурмазмуну  шавқовар,  меҳнатдӯстию ҳалолкорӣ ва хислатҳои наҷиби инсониаш байни шогирдону ҳамкорон соҳибэҳтиром гардид. То  қадре  тавонист  дар  таълиму  тарбияи насли навраси ояндасози ҷомеа ва боло бурдани  донишу  маърифати  онҳо  саҳми  босазои худро гузошт.

Қобилияти ташкилотчигӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва масъулиятшиносии ӯ аз назари роҳбарияти шуъбаи  маориф  ва  роҳбарони  ноҳия  дур  намонд. Ӯро ба вазифаи мудири шуъбаи кор бо занон  ва  оилаи  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия таъин намуданд.

Дар ин вазифа ӯ бо дасту дилу дидаи пок ва  масъулиятшиносии  хос  ҳамчун  инсони  комилу самимӣ сарбаландона  фаъолият намуд. Воқеан  ҳам  касе,  ки  баҳри  ободию  манфиати халқу  Ватан  фидокоронаю  содиқона  меҳнат мекунад, албатта сазовори ҳурмату эҳтиром ва обрӯи баланд мегардад.

Ана  ҳамин  заҳматҳои  пайваста,  фидокорӣ ва  фаъолияти  пурсамарашро  ба  эътибор  гирифта, соли 2006 ӯро ба вазифаи муовини раиси ноҳия таъин намуданд. Бо  рӯҳбаландӣ,  дарки  масъулияти  баланд ва  нақшаҳои  созандаю  умедбахш  пайи  иҷрои вазифаи нави шуруъ намуд.

Боре бо тақозои вазифа Тоҷинисо Шарифова ба идораи хоҷагии оби ноҳия ташриф овард. Охири  фасли  тирамоҳ,  ҳаво  сарду  хунук  буд. 

Аз назди хонаи посбонони идора гузашта, чашмаш ба як хоначае афтод, ки фаршаш сементӣ буду  болои  он  як  гилеми  куҳнаю  кӯрпачаю болиштҳои  куҳна  мехобиданд.  Аз  роҳбари корхона Азиз Раҷабов пурсид, ки дар ин ҷо кӣ зиндагӣ мекунад? Ӯ гуфт: “Як зани бесарпаноҳ бо ду кӯдакаш”.- Ин хел намешавад. Ман мошин равон мекунам, зуд бору буғчаҳои онҳоро бор карда, ба ҳавлии ман биёред, - гуфт Тоҷинисо.

 Маълум  шуд,  ки  зан  бо  як  кӯдакаш  аз шавҳари якумаш ҷудо шуда, ба шавҳар мебарояд. Баъди чанде шавҳараш вафот мекунад. 

Аз шавҳари дуюмаш низ як кӯдак дар даст дар кӯча  мемонад.  Онҳо  ду  сол  дар  хонаи  муаллима  зиндагӣ  карданд.  Тоҷинисо  Шарифова барои онҳо як хонаашро ҷудо карда, шароити мусоид  фароҳам  овард.  Баъдтар  онҳоро  дар хобгоҳи коллеҷи техникии ноҳия хона доданд. Он зан хонда, соҳибмаълумот гардид ва ҳоло бо писаронаш зиндагонии хушҳолона доранд.

Соли  2010  Тоҷинисо  Шарифоваро  раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов таъин  намуданд.  Ин  вазифа  ҳам  аз  вазифаҳои дигари  пеш  ба  дӯш  доштааш  пурмасъултар маҳсуб  меёфт.  Бисёр  талошу  кор  кардан  лозим меомад. Мардуми деҳаҳои ҷамоат мушки-лоти зиёд доштанд. Хушбахтона, ӯ бо дониши баланд,  қобилияти  ташкилотчигӣ  ва  таҷрибаи бойи корӣ ба арзи мардум ва ҳалли мушкилоти онҳо мерасид.

Аҳолии деҳаи Чароғчӣ аз нарасидани оби тозаи нӯшокӣ  танқисӣ  мекашиданд.  Бо  ташаббуси  раи-си  ҷамоат  ва  дастгирии  соҳибкорони  маҳаллӣ  аз чашмаҳои  кӯҳии  болои  деҳа  аз  масофаи  12  километр тавассути қубурҳо оби тозаи нӯшокӣ оварда шуд.

Корхонаи  азими  истеҳсоли  сементи  “Ху-аксин  семент”  дар  ҳудуди  Ҷамоати  деҳоти ба  номи  Ҳасан  Ҳусейнов  бунёд  гардидааст. 

Вақти сохтмони корхона чиниҳо дар шартнома уҳдадор шуда буданд, ки дар деҳа муассисаи таҳсилоти  миёнаи  умумии  замонавӣ  месозанд ва сокинони деҳаро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин  менамоянд.  Аммо  кашондани  хатти оби  нӯшокиро  ба  таъхир  андохтанд.  Мардум аз  нарасидани  оби  нӯшокӣ  танқисӣ  мекашиданд.  Раиси  ҷамоат  Тоҷинисо  Шарифова  бо ҷасорати мардона устоҳои кафшергарро оварда, аз қубури калону асосии обгузари корхонаи сементи хитоиҳо оби тозаи нӯшокӣ гузаронида, мушкилоти  мардумро  ҳал  намуд.  Роҳбарони корхонаро дар иҷро накардани баъзе бандҳои шартнома  айбдор  намуд.  Бо  пофишориҳо  ва шартҳои  пешниҳодкардаи  раиси  ҷамоат  онҳо болопӯши  боми  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи умумии №44-и деҳаи Охҷарро аз нав сохтанд ва ба муассиса 56 мизу курсии нав туҳфа намуданд.

Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  –Пешвои  миллат,  Президенти  кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 бо сафари корӣ ду маротиба  ба  ноҳияи  Ёвон  ба  Ҷамоати  деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов ташриф овард. Моҳи январ  ба  сохтмони  корхонаи  сементбарорӣ санги асос гузошт ва моҳи декабр онро мавриди истифодабарӣ қарор доданд. Тараддуду  омодагиҳо  барои  қабули  Пешвои  миллат,  аз  ҷумла  корҳои  созандагию бунёдкориҳо  дар  деҳаҳои  ҷамоат,  ки  дуртар дар баландиҳои назди ағбаи Чормағзак воқеъ гардидаанд, тадбирҳои зиёдеро талаб мекард. 

Нақлиёти  хизматӣ,  ки  надошт,  зарурат  пеш меомад, ки бо рафти корҳои омодагӣ, тозагии маҳаллаҳо,  корҳои  кабудизоркунию  бунёди боғҳо ба деҳаҳо пойи пиёда равад.

Борҳо  шудааст,  ки  фасли  баҳор  мӯзаҳои  резинӣ пӯшида, дар боду борон чатр дар даст ба деҳаҳо рафта, аз ҳолу аҳволи сокинони ҷамоат бохабар гардидааст. Ҷамоати  деҳоти  ба  номи  Ҳасан  Ҳусейнов  байни  ҷамоатҳои  деҳоти  ноҳия  сераҳолӣ  ва  пешқадаму фаъол  ба  шумор  меравад.  Азбаски  заминҳои  кишт дар  талу  теппаҳо  воқеъ  гардидаанд,  дар  мавсими кишт  обёрии  онҳо  мушкилоти  зиёдеро  пеш  меовард. 

Бо  талошу  заҳматҳои  шабонарӯзии  раиси  ҷамоат  ва дастгирии  роҳбарони  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  (фермерӣ) ҳар сол 9 адад пойгоҳҳои обкашӣ таъмиру азнавсозӣ карда  мешуданд.  Аммо  то  охир  боз  мушкилиҳои  нарасидани  оби  полезӣ  боқӣ  мемонд.  Барқасд  кардагӣ барин  аз  роҳбарияти  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия супориш доданд, ки имсол хоҷагиҳои деҳқонӣ  (фермерӣ)-и Ҷамоати  деҳоти  ба  номи  Ҳасан Ҳусейнов бояд майдони кишти пахтаро 200 гектар илова ба нақша зиёд намояд. Ин хабар гӯё куҳи вазнине буду ба дӯши Тоҷинисо Шарифова афтид. Зеро иҷрои он ниҳоят кори мушкил буду ғайриимкон.

Яке  аз  рӯзҳои  аввали  баҳори  нозанин  ӯ  бо  аҳли фаъолони  ҷамоат  ва  аҳолии  деҳаҳои  назди  ағбаи Чормағзак  машғули  тоза  кардани  гирду  атрофи роҳҳо, шинонидани ниҳолҳо ва кабудизоркунии кӯчаю маҳаллаҳо буданд. Банохост дар назди онҳо мошине қарор карду аз дохили он раиси вақти вилоят Ғайбулло Авзалов ва раиси ноҳия берун шуданд. Ӯ бисёр роҳбари кордону пуртаҷриба буд. Соҳаи кишоварзиро дар сатҳи баланд  медонист.  Баъди  салому  алейк  аз  Тоҷинисо Шарифова пурсид:

-Чӣ ҳолу аҳвол доред? Ягон мушкилот нест? Тоҷинисо Шарифова боҷасорат гуфт:

-Муҳтарам  Ғайбулло  Саидович,  ҳамаи  корҳоямон хуб  аст.  Лекин  моро  як  мушкилот  пеш  омадааст. 

Нақшаи кишти пахтаро имсол 200 гектар зиёд намудаанд. Аммо аз сабаби нарасидани оби полезӣ ба гумон аст, ки нақшаро иҷро кунем. 

Баъд Авзалов бо оҳанги ҷиддӣ аз раиси ноҳия пурсид:

- Аз раисони ҷамоатҳо чанд нафар занҳо ҳастанд?

- Фақат як нафар, ҳамин Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов, - гуфт раиси ноҳия.

-Нақшаи иловагии кишти пахтаро аз ин ҷамоат гир, -гуфт раиси вилоят ва боз аз Тоҷинисо Шарифова пурсид:

-Мошинаи хизматӣ доред?

Не -гуфт ӯ.

Баъд ба раиси ноҳия супориш дод, ки ӯро бо мошини хизматӣ таъмин кунад. Моҳи майи соли 2012 Тоҷинисо Шарифова ҳамчун раиси ҷамоати фаъол аз вилояти Хатлон ҳамроҳи якчанд нафар занони роҳбари пешқадаму муваффақ барои такмили ихтисос, малакаи дониш ва таҷрибаомӯзӣ ба  штати  Вирҷинияи  Иёлоти  Муттаҳидаи  Амрико  ба сафари корӣ рафтанд.

Тайи як моҳ аз фаъолияти мунисипалитетҳои иёлоти Вирҷиния тариқи семинару тренингҳо таҷрибаи корӣ омӯхтанд. Баъд бо таассуроти бою хотирмон ба Ватан баргаштанд.

Тоҷинисо  Шарифова  солҳои  2010-2015  вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон буд. Алҳол ба сифати директори Маркази алоқаи почтаи ноҳияи  Ёвон  фаъолияти  пурсамар  дорад.   Ин  ҷо  низ фаъолияти кории муваффақ дорад.

Барои  фаъолияти  бурдборона,  хизмати  шоиста  ба  халқу  Ватани  азиз  бо  чандин  Ифтихорномаю Сипосномаҳои раиси вилояти Хатлон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии  фарҳанги  Тоҷикистон,  мукофотҳои  молию пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шудааст. 

Дар  ҳамаи  зинаҳои  вазифаи  пурмасъули  давлатӣ бо виҷдони пок, масъулиятшиносии баланд ва ба хотири рушди Ватани маҳбубаш содиқона заҳмат кашид. 

Ба  қавле,  қасру  кушк  ва  хонаи  бодабдаба  бунёд  накард. Зиндагии хоксоронаро пеша намуд. Хушбахт аст, ки сазовори обрӯю эҳтироми мардум гардидааст. Зиндагию  рӯзгор  ва  фаъолияти  кориаш  ифодакунандаи мисраъҳои зерини шеърианд:
Барои чӣ либоси рӯзгорам нав намегардад?
Ҳама умр аз матои нанг бар худ пираҳан кардам!

Аъзам БОБОЕВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода