98,3%-и шумораи қувваҳои кории вилоят дар иқтисодиёт машғуланд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 1 166
Шумораи қувваҳои корӣ дар вилояти Хатлон 938 ҳазору 100 нафар ҳисоб шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо 922 ҳазору 500 нафар (98,3%) дар соҳаи иқтисодиёт машғул ва 15600 нафар мақоми бекорӣ доранд.
Шумораи дар рӯйихатбудаи кироякорон дар корхонаҳои ҳамаи шаклҳои моликият ба 477 ҳазору 400 нафар мерасад, ки 51,8 дарсади шумораи умумии аҳолии машғулро фаро мегирад. Теъдоди кормандони кироя дар шаклҳои моликияти бахши хизматрасонӣ имсол 4,9% афзуда, 148 ҳазору 900 нафарро ташкил медиҳад. Ёдрас мекунем, ки музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии кор дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ба 1115,43 сомонӣ баробар шудааст, ки назар ба моҳҳои январ-феврали соли 2020-ум 10,7 фоиз зиёд мебошад.
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04