АМАЛИЁТИ МУРАККАБИ ҶАРРОҲӢ ДАР БЕМОРИҲОИ АСАБ ВА МАҒЗИ САР
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 376
Боиси хушнудист, ки давоми солҳои охир бо дастрас гардидани навтарин таҷҳизоту лавозимоти муосири тиббӣ бахши ҷарроҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду пешрафт намуда, ба дастовард ва муваффақиятҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Агар солҳои қабл шаҳрвандони мамлакат барои анҷом додани мураккабтарин амалиётҳои ҷарроҳӣ ба кишварҳои гуногуни олам сафар мекарданд, имрӯзҳо дар ватани азизамон тамоми имкониятҳо барои гузаронидани чунин ҷарроҳиҳо муҳайё мебошад.
Дар шуъбаи ҷарроҳии асаби калонсолони Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” аз ҷониби ҷарроҳони ватанӣ ва дар якҷоягӣ бо ҷарроҳи варзида аз Ҷумҳурии Исломии Эрон Масуди Шервонӣ дар бахши ҷарроҳии асаб боз ду ҷарроҳии мураккаб гузаронида шуд.
Ҷарроҳии аввал гирифтани чураи гардан ва гузоштани кейч дар байни муҳраҳои Сб С7 буда, ҷарроҳии дуюм дар омоси қисми болоии ҳамроммағз ва майнаи сар гузаронида шуд.
Хушбахтона, пас аз гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ҳолати беморон хуб мебошад.
Ҳамзамон, табибони шуъбаи ҷарроҳии асаби калонсолони Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” низ якҷо бо ҳамтоёни хеш аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мағзи сар ду ҷарроҳии мураккабро анҷом доданд.
Ҳарчанд чунин амалиётҳои ҷарроҳӣ дар шуъбаи мазкур қаблан низ анҷом дода мешуданд, вале якҷо бо ҷарроҳони шинохтаи хориҷӣ гузаронидани ингуна амалиётҳои нодир ба боз ҳам баланд бардоштани донишу таҷриба ва малакаи ҷарроҳони ватанӣ мусоидат хоҳад кард.
Тавре масъулини шуъбаи мазкур иттилоъ доданд, дар ин ҷо баҳри гузаронидани нодиртарин амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ дар самти табобати бемориҳои мағзи сар дастгоҳу таҷҳизоти муосир фароҳам оварда шудааст.
Хушбахтона, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани чунин амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ ба шӯъбаҳои мазкур таҷзиҳоту лавозимоти муосири тиббӣ низ таъмин карда шудааст ва акнун ҷарроҳони ватанӣ метавонанд бо истифода аз шароиту имконоти мусоиди фароҳамгардида ингуна амалиётҳои нодири ҷарроҳиро низ дар мамлакат бомуваффақият гузаронанд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00